Главная / Гуногун / Вазъи дохилии Корея (асри XIX)

Вазъи дохилии Корея (асри XIX)

Ба давлатҳои сармоядори хориҷӣ бастани шартномаҳои нобаробар норозигии ватандӯстони Кореяро ба вуҷуд овард. Ин норозигӣ ба ҳаракати миллию озодихоҳии халқ бар зидди истилогарони хориҷӣ табдил ёфт. Яке аз ҳамин шӯришҳо соли 1882 дар Сеул ба амал омад. Дар ин шаҳр аввалин шуда аскарон ба шӯриш оғоз карданд. Ба аскарони шӯришбардошта деҳотиёни гирду атрофи шаҳр ҳам ҳамроҳ шуданд. Шуриши аскарон дар Сеул ба шӯриши зидди ҳукумат ва истилогарони хориҷӣ табдил ёфт. Онҳо ба қатъияти том амал карда, мушовири ҳарбии ҷопониро кушта, бинои намояндагии ин давлатро сӯзониданд. Ҳайати он аз Сеул фирор кард. Шуришгарон хонаҳои амалдорони давлатиро ба хок яксон ва молу мулки онҳоро намоишкорона оташ заданд.

korea

Аз музаффариятҳои шӯриш Тэвонгуни Корея истифода бурда, бо ёрии аскарони шӯришбардошта ба қаср баргашта, ба ҳукумат роҳбарӣ кард. Лекин ин кор дер давом накард. Ҳукумати Чин ба Корея лашкар фиристода, ин шӯришро пахш кард ва Минҳо аз нав ба сари ҳокимият омаданд. Тэвонгун ба Чин бадарға карда шуд. Ҷопон ба ҳукумати нави Корея фишор меовард. Мувофиқи шартномаи нав Корея ӯҳдадор шуд, ки ба Ҷопон товони ҷанг бидиҳад. Дар пойтахт сарбозони Ҷопонро аз маводи зарурӣ таъмин намояд ва ба роҳбарони шӯриш ҷазо медиҳад.

Дахолати Чин ва Ҷопон вазъи бе ин ҳам мураккаби дохилии Кореяро мураккабтар кард. Дар дохили мамлакат гурӯҳбандиҳои тамоюли чинӣ ва ҷопонӣ бар зидди ҳамдигар мубориза мебурданд. Ба гурӯҳи ҷонибдорони Чин муяссар шуд, ки соли 1882 “Қарордод дар бораи тиҷорати байни Чин ва Корея”-ро ба имзо расонад. Ин қарордод ба Чин чунин имтиёзҳоеро медод, ки як қатор давлатҳои империалистӣ дар ин мамлакат онҳоро аллакай ба даст дароварда буданд.

Дар ҳамин давра дар Сеул Ҳизби Истикдолиятхоҳии Корея ташкил меёбад. Он таклиф пешниҳод менамояд, ки дар Корея ислоҳоти сохтори давлатӣ ба амал бароварда шавад. Ин ҳизб ҷонибдори дар мамлакат татбиқ кардани комёбиҳои техникию фарҳангии европавӣ ва аз ҳокимият дур сохтани Минҳои бо роҳи чини мерафтагӣ буд.

Бо ислоҳотхоҳони Корея ҳукумати Ҷопон ёрӣ мерасонд. Барои ба мақсади худ расидан ҳукумати Ҷопон аз ягон восита руй намегардонд. Намояндагони расмии он охири соли 1884 дар Сеул табаддулоти давлатӣ тайёр карданд. Табаддулотчиёни ҷопонӣ дар зери роҳбарии Ким Оккюн ва бо ёрии дастаи аскарони Ҷопон қасри шоҳро ишғол карда, худи шоҳро асир гирифта, аз ҳисоби ҷонибдорони Ким Оккюн ҳукумати нав ташкил карданд. Ин ҳукумат лоиҳаи ислоҳоти давлатиро пешниҳод намуд. Мувофиқи ин ислоҳот корҳои давлатӣ аз корҳои дарбор ҷудо карда шуда, ба зиммаи кабинети вазирон гузошта шуданд. Дар назар дошта шуда буд, ки муассисаҳои давлатӣ, артиш ва политсияро ба тарзи европавӣ аз нав сохта, имтиҳонҳои давлатӣ ва аз рӯи ашрофзода будан таъйин кардани амалдорон бекор карда шавад. Дар барномаи ҳукумат баробарҳуқуқии табақаҳо эълон карда мешуд. Дар ислоҳоти давлатии ҳукумат баъзе чораҳои дигари пешқадам низ пешбинӣ шуда буданд. Лекин ин ҳукумат ҳамагӣ 48 соат умр дид. Аз ин рӯ, ислоҳоти худро ба амал бароварда натавонист. Дар баробари торумор карда шудани дастаҳои аскарони ҷопонӣ, ки ҳукумати ислоҳотхоҳон ба онҳо такя мекард, халқи шӯришбардошта ин ҳукуматро низ торумор ва чанд вазири онро қатл кард. Қисме аз ҳайати ҳукумат бо ҳамроҳии ҷопониҳо ба Инчхон ва аз он ҷо ба Ҷопон фирор кард.

Барбод рафтани сӯиқасд бар зидди ҳукумати Корея Ҷопонро маҷбур сохт, ки усули дигарро пеш гирад. Соли 1885 дар Тянтзин дар байни Ҷопон ва Чин шартнома баста шуд, ки мувофиқи он аз хоки Корея бояд ҳам лашкари Чин ва ҳам сарбозони Ҷопон бароварда мешуданд. Инчунин ҳар ду давлат бояд ба Корея мушовирони ҳарбиро равон накунанд. Вале дар баробари ин дар сурати ба амал омадани “бетартибиҳои ҷиддӣ” Чин ва Ҷопон метавонистанд сарбозони худро аз нав ба Корея бифиристонанд.

Ҷопон Кореяро ҳамоно ба даст дароварданӣ буд. Бо ҳамин мақсад баъди қариб даҳ сол – солҳои 1894 – 1895 бар зидди Чин ҷанг кард. Амалиётҳои ҳарбии байни онҳо асосан дар хоки Корея сурат гирифтанд. Дар ин ҷанг Ҷопон дастболо шуд. 17 апрели соли 1895 дар байни Чин ва Ҷопон Созишномаи сулҳи Симоносэки баста мешавад. Мувофиқи он Чин истиқлолияти Кореяро эътироф кард. Акнун Ҷопон метавонист дар ин мамлакат озодона амал кунад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …