Главная / Гуногун / ВАЗЪИ АДАБӢ: Дар замони ҳукмронии араб

ВАЗЪИ АДАБӢ: Дар замони ҳукмронии араб

Аҷдоди халқи тоҷик дар давоми тамоми 200 соли ҳукмронии араб ҳеҷ гоҳ аз идомати фаъолияти илмию адабӣ даст накашидаанд. Дар аввал адибони эронинажод на фақат дар марказҳои хилофат, балки  дар саросари Эрону Хуросону Варорўд ба забони арабӣ эҷод мекарданд.50

Мардуми эронинажод аз қадимтарин аҳолии кураи арз буда, дар ибтидо аз Ҳиндукуш то соҳилҳои Дон, аз  баҳри  Хазар   то Даҷлаву Фурот    ва    дар Машриқ то Исфиҷобу Халлух сукунат варзида, бохтариҳо,  хоразмиён,  суғдиҳо,  форсҳо,    сакоиҳо,    скифҳо, сарматҳо,  тахориён ва  қавмҳои    дигари    эронинажод дар  сарзаминҳои  нопайдоканоре зиста, ба забонҳои ба ҳам наздик такаллум мекардаанд. Ин мардумон, ки аз ибтидо бо Бобулу Миср, Ҳинду Чин, Юнону Рум, баъдҳо  бо   Риму  Арабу  Турк   робитаҳои  фарҳангӣ доштанд, адабиёти ғании шифоҳиву хаттие ба вуҷуд оварда   буданд, ки  то  имрўз   машҳури    оламиён  аст. Аммо эҷодкорони асосии ин адабиёти ҷаҳоншумул, ки дар бунёди он халқҳову қавмҳои зиёде саҳм  гузоштаанд, тоҷикон, яъне эрониёни шарқӣ, ва форсҳо, яъне эрониёни ғарбӣ, мебошанд. Аз ин ҷиҳат, адабиёти форсизабони   асрҳои     IX—ХУ-ро   бисёриҳо     (С.   Нафисӣ, С. Айнӣ, П. Н. Хонларӣ, Е. Э. Бертелс, Ян Рипка    ва дигарон) барҳақ адабиёти форсу тоҷик меноманд. Таърих гувоҳ аст, ки адабиёти форсу тоҷик аз қадимтарин ва  ғанитарин  адабиёти дунёст, ки  аз  ривоятҳо, устураҳо, мифҳо, қиссаҳо, достонҳо, сурудҳо, чомаҳо, таронаҳо, чакомаҳо, дубайтиҳо, афсонаҳо, латифаҳо, масалҳо, мақолу зарбулмасалҳо ва  амсоли  инҳо саршор буд. Афсонаи  «Гўрзод»,  ки  баъдҳо чун «Ғайбзод» ва сипас бо номи «Гўрўғлӣ» машҳур гардидааст, устураҳо, сурудҳои меҳнатию маросимӣ ва ғайра пиндори мардумро дар  бораи  бахту саодат ва орзуву омоли эронинажодон ифода намуда, дар онҳо тасаввуроти мардум оид ба ашёи атроф, ҳодисаҳои табиат, обу замин, борону абр, раъду барқ, кайҳону коинот, дарду дармон, ҳаёту марг, зиндагии он дунё ва монанди инҳо инъикос ёфтаанд.

Ин қабил гуфтаҳо аз даҳон ба даҳон гузашта, дар ёди синаҳо маҳфуз мемонданд.

Нақлу ривоятҳои ниёгон роҷеъ ба офаридгори пок Яздон, Аҳурамаздо, Ардависура, Анаҳито, Митра  (Меҳр, Хуршед), Ангнӣ  (Огонь, Оташ), Моҳ ва амсоли инҳо ақоиду эътиқодот ва ҷаҳонфаҳмии эрониҳоро тавҷеҳ медиҳанд. Устураҳо доир ба нахустин инсони рўйи замин    Каюмарс, пайдоиши аввалин ҷуфти одамӣ (Майа ва  Машйонак), қиссаҳо оид ба подшоҳони одилу халқпарвар Ҳушанг, Ҷамшед ва Фаридун, достонҳои қаҳрамонии пешвоёни халқ Рустаму Коваи оҳангар, фоҷиаҳои дилхароши саргузашти Суҳробу Сиёвуш, даъвати пайғамбарон  Гаршосп,    Зардушт, Монӣ ва Маздак, ки  ҳама ба тарзи худ чун намояндаҳои нерўҳои Некӣ ва Рўшноӣ амал карда, ба муқобили қувваҳои Бадӣ ва Зулмат, ки тимсоли хулқи ношояманд, Аҳриман, Дурўғ, Арҷосп, Афросиёби гунаҳгори    марг, Заҳҳоки морон,  ки ҳамеша  ба  мағзи сари    инсон,  ки рамзи хираду дониш аст, таҳдид мекунад, алайҳи  шоҳони  золиму  хунхор,  ғоратгарону  истилогарони аҷнабӣ, саҳронишинони  роҳзан, деву аҷинаи хаёлӣ, ҷодугарону соҳирон ва ғайра мубориза бурда, дар ниҳояти кор пирўз  мегардиданд.  Ривоятҳо дар  бораи Симурғу Самандар хеле дилангезанд.  Намунаҳои  беҳтарини  адабиёти шифоҳӣ   (фолклор)  ба адабиёти хаттӣ гузашта, бунёду бунлодвор адабиёти форсиро    чун  яке аз ғанитарин адабиёти олам ба вуҷуд овардаанд.

Намунаҳои қадимтарини адабиёти бостонии форсу тоҷик дар ҳазорсолаи дувуми қабл аз мелод арзи вуҷуд намуда, «Готҳо»-и «Авасто» ҳанўз дар асрҳои ХП—Х-и қабл аз мелод эҷод гардидаанд, ки фарогири андешаҳои пайғамбари эронинажодон Зардушт мебошанд. «Корномаи Доро» ва «Аёткори Зарирон» (асри V қабл аз мелод), «Зариаф ва Одатида» (асри IV қабл аз мелод), «Корномаки  Артахшери Попакон» (асри VI), ки саргузашти асосгузори хонадони Сосонӣ Ардашери Бобакон (224- 241) аст, «Аржанг»-и Монӣ (215—276), «Пандномаки Анўшакравон»   (асри VI), таҳриру тадвини  чандинкаратаи «Худойномак»,  асари суғдии «Достони  Рустам» (асри VII)  ва ғайраҳо     намунаҳои барҷастаи адабиёти Эрони бостон ва мардуми тоҷик мебошанд, ки  дар онҳо набарди ҳамешагии ду мабдаъи зидди якдигар —

Некӣ ва Бадӣ ва Рўшноиву Торикӣ таҷассум ёфтааст.

Дар асри VI асарҳои зиёде аз ҳиндӣ («Калилаву Димна», «Синдбоднома»),   юнонӣ   (асли   «Вомиқу Узро», «Саломону Абсол»), лотинӣ ва ғайра дар Тайсафун,   Гунди Шопур,   Балх,  Ҳирот,  Марв,  Самарқанл, Суғд ва ғайра ба паҳлавиву суғдӣ баргардонида шуда буданд. «Ҳазор афсона», ки аслан манбаъи форсӣ дошт, ҳанўз пеш аз истилои араб мураттаб гардида, дар асри IX ба  забони  арабӣ тарҷума шуда,  баъдҳо  бо номи «Ҳазору як шаб» дар  саросари ҷаҳон  машҳур гашт.

Эрону Хуросону Мовароуннаҳр дар тўли се асри аввали ислом макони ривоҷи динҳои мухталиф буда, дар ин кишварҳо дини ислом, ойини зардуштӣ, кеши монавӣ, мазҳаби исавӣ, маслаки яҳудӣ ва дар баъзе ҷойҳо, ҳатто, таълимоти буддоӣ ва эътиқодоти ҳиндӣ амал мекард.  Барои нашри  афкору тарғиби  ақоиди худ мубаллиғини ин  адёну мазоҳиб  забонҳои  арабӣ, паҳлавӣ, сурёнӣ, санскрит ва ғайраро ба кор мебурданд. Дабистону дабиристонҳо,  мадрасаву  масҷидҳо,  оташкадаву дайру  китобхона ва  амсоли инҳо чун конунҳои баҳсу ташвиқи андеша ва марказҳои эҷодӣ шинохта  шуда  буданд.  Аксари китобҳои  паҳлавӣ    баъдан, дар асрҳои УШ—IX, ба арабӣ нақлу баргардон шудаанд.

Фотиҳони  араб  бо тамоми ҳастӣ кўшише ба  харҷ додаанд, ки забону фарҳанги эрониро билкул аз рўйи замин бардоранд. Ва бо ин нийят дар сарзамини тоҷикону кулли эрониён расман хатту алифбои арабӣ ва забони тозиро  ҷорӣ  намуданд.  Баробари  густариш    пазируфтани ислом дар  Мовароуннаҳру Хуросон  аксари  ривоятҳои Қуръон дар бораи хилқати Оламу Одам, киштии Нўҳ, қиссаҳои  Юсуфу   Сулаймон,  Асҳоби   каҳф,   масалҳои арабӣ роҷеъ ба ҳашароту паррандаҳо ва ҳайвонот, мурғи Қакнус (Феникс), биҳишту дўзаху миъроҷ ва ғайра ба фолклору адабиёти китобии форсу тоҷик ворид шуда, дар қатори дигар унсурҳои адабиёти Эрони бостон қарор фаро гирифтанд.

Бале, дар давоми 200 соли ҳукумати араб мардумони эронӣ ҳеҷ гоҳ аз идомату тарвиҷи фаъолияти илмии худ бознаистодаанд. Мардуми    маҳаллӣ дар вилоятҳои гуногун ба лаҳҷаҳои суғдӣ, хоразмӣ, тахорӣ, табарӣ, курдӣ, озарӣ, розӣ, кирмонӣ, лурӣ, форсӣ (ноҳияи Форс), форсии   дарӣ ва ғайраҳо асар меофариданд. Таълиф ба    забони паҳлавӣ давом дошта, дар асри IX хеле авҷ гирифт. Лекин аксари нависандаҳо ба забони адабии умумӣ, яъне форсӣ, сухан рондаву асар менавиштанд. Аввалин уламову удабои форсигўй Абўмуҳаммади Балъамӣ,  Абўмансури  Дақиқӣ,  Абулқосими   Фирдавсӣ ва Носири Хусрав забони осори худро «форсӣ», «порсӣ», «форсии   дарӣ», «дарӣ» номидаанд, аммо мардуми кишвари бекарони ориёӣ ба лаҳҷаҳои зиёди маҳаллӣ  таронаву  бадеҳа     суруда,  қиссаву  афсона  мегуфтааст. Роҷеъ ба зуҳури вожаи «дарӣ» фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд доранд, аммо мо бар он ҳастем, ки «дарӣ» бо калимаи «дарбор», ки мушаввиқу мураввиқи забони адабии китобӣ буд, беалоқа нест. Бо ин ҳама, қабл аз сабзишу густариши адабиёти вижаи форсизабон адабиёти ғании арабизабони мардуми эрониюласл арзи вуҷуд кард, ки  шомилу шолудаи пиндори неки  соҳибонаш будааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …