Главная / Ҷамъият / АМАЛҲОЕ, КИ НАМОЗРО ФОСИД МЕКУНАНД

АМАЛҲОЕ, КИ НАМОЗРО ФОСИД МЕКУНАНД

  1. Барои кори дунё бо садо гиря кардан; оҳу нола кашидан (аламу ҳасрат кардан) аз дардҳои бадан ва хастагӣ.
  2. Қасдан сулфа кардан.
  3. Чизеро пуф кардан.
  4. Бо мақсади ба касе ҷавоб гардонидан оят хондан.
  5. Анҷом ёфтани мўҳлати тозагии пойафзоре, ки масҳ карда шудааст.
  6. Чизе гуфта саг, гурба ва амсоли инҳоро аз худ дур кардан.
  7. Як қулт оби борон, барфро фурў бурдан.
  8. Оятҳоро бо ғалат хондан, ки мазмуни онро халалдор кунад.
  9. Намоз гузоридани мард дар як саф бо зан ё аз паси занон.
  10. Се бори хоридани ин ё он ҷо дар вақти адои як рукни намоз.
  11. Бараҳнагии аврати бадан ё ифлос намудани либос бо наҷосат.
  12. Пойҳоро аз замин кандан.
  13. Оғози покшавии моҳона барои занон.
  14. Тулўи офтоб дар вақти намози саҳарӣ.
  15. Қасдан ё аз рўи фаромўшӣ сухан гуфтан.
  16. Хўрдан ва ошомидан.
  17. Хандидан. Агар хандаро атрофиён шунаванд, вузў низ шикаста мешавад.
  18. Баргардонидани сина аз сўи қибла.
  19. Ғайр аз намоз кори дигаре анҷом додан.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …