Главная / Илм / Васма дар Канзи Шифо (Китоб)

Васма дар Канзи Шифо (Китоб)

vasmaВасма — ин барги растаниест, ки дар мамлакатҳои гарм мепарваранд. Дар Тоҷикистони мо низ парвариши он ривоҷ дорад. Баргаш ба барги мӯрд монанд аст. Пояаш миёнхолӣ нест, шохҳояш анбӯҳ, самараш ба андозаи донаи мурч аст, ки баъди расидан сиёҳ мегардад ва дар миёни он самар тухми реза дорад. Навъи саҳроӣ ва кӯҳии он дар канорҳои рӯдҳо, ки резгор бошад, месабзад. Шоҳҳои он анбӯҳтар, баргаш васеътари дарозтар аст. Растаниаш ба зағир мемонад: беҳтарини он васмаи навъи ҳиндӣ аст. Фарқи миёни васмаи ҳиндӣ ва кирмонӣ дар он аст, ки навъи кирмонии онро рангаш камтар, вале мӯйро бо он ранг кунанд, рангаш сиёҳ мегардад ва дер мепояд назар ба навъи ҳиндии он. Васмаро ба русӣ басма мегӯянд ва ба арабӣ катам мехонанд.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумиаш поккунандаи бадан аз моддаҳои бегона, гиранда ва манъкунанда, инчунин таҳлилдиҳанда аст. Ин растаниро бо об ва намак кӯфта ба сар гузошта банданд ё бимоланд, барои дарди сари бодӣ ва балғамӣ, яъне барои дарди сар — аз ҷамъ шудани балғам дар сар, дору мешавад, инчунин байза ном дарсди сареро, ки тамоми сарро фаро мегирад ва муттасил мебошад, ба ибро меоварад.

Васмаро сӯхта, дудашро ба машом бикашанд ё кӯфтаи онро бимоланд, зукомро дафъ мекунад ва мӯйи сарро мустаҳкам мегардонад. Оби баргаш ё оберо, ки дар он васма ҷӯшонида шуда бошад, бинӯшанд, сахт қай меоварад, барои газидани саги девона фоида дорад ва беҳтарини чизҳоест аз барои ранг кардани мӯй.

Васма зарар ҳам дорад, яъне майнаро заиф месозад Дар ин ҳолат каранфули гардан бояд бихӯранд, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.

vasma-2

Аз васма равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Як миқдор оби гиёҳи тари тозаи онро гирифта, дар зарфе аз болояш ҳамон миқдор равғани кунҷид дохил карда, баъд дар оташи мулоим то обаш бухор шуда рафтан меҷӯшонанд. Батамом бухор гаштани обашро аз он медонанд, ки аз ҷӯш мемонад. Ҳамин равғани васма ҳисоб меёбад. Молидани ин равған барои дароз кардани мӯй ва нигоҳ доштан аз рехтани он, сиҳат бахшидани бавосир (геморрой), иллатҳои мақъад ва дардҳои сардмизоҷ даво мебошад.

Тухми васма аз ҷиҳати ранг, андоза ва ғилофноки ба тухми турб шабоҳат дорад, низ моил ба сиёҳӣ. Агар инро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба даруни гавҳарак манъ мекунад ва агар фуромада бошад, таҳлил медиҳад.

Решаашро дар об бисёр ҷӯшонида, он обро соф намуда, дар он камтар шилми бодомҳоро дохил намоянд, барои китобат монанди сиёҳӣ мегардад. Бо ин таркиб, аввал мӯйи баданро бо собун покиза шуста, баъд бо ҳинои соида молиш диҳанду бишуянд ва баъди муддате хушк кунанду сонӣ бо васма ранг кунанд, рангаш некӯ мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …