Главная / Маданият ва санъат / ВАРЗИШИ ТОҶИК – ИФТИХОРИ ХАЛҚ

ВАРЗИШИ ТОҶИК – ИФТИХОРИ ХАЛҚ

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳаёти халқи мо ворид гардида, қисми таркибии ҳаёти ҳаррўзаи мо шудааст. Ҳукумати мо варзишро чун кори муҳими давлатӣ, чун қисми ҷудонашавандаи тарбияи оммавии иҷтимоӣ – сиёсӣ ва фарҳангӣ баррасӣ менамояд ва барои инкишофи доимии он ғамхорӣ зоҳир менамояд. Варзиш воситаи ҳалкунандаи вазифаҳои муҳим, чун афзоиши фаъолияти корӣ, истеҳсолӣ, ҳифз ва мустаҳкамкунии саломатии одамон гардидааст.

Дилшод
Сурати Дилшод Назаров

Аз маҳфили аввалини варзиш, аз иншооти нахустин то базиҳои варзишии олидараҷа, ки ҳоло дар ҷумҳурии мо мавҷуд аст, шаҳодати барқароршавии варзиш дар замони мо мебошанд.

Ҳоло дар хидмати хонандагон, наврасон, ҷавонон майдонҳои барҳаво, толорҳои варзишӣ, садҳо майдони футбол, баскетбол, волейбол қарор доранд.

Қасри теннис

Маҳорати касбии варзишгарони мо боло меравад, қадамҳои нахустинро дар фаҳми варзиш онҳо аз мизи мактабӣ оғоз менамоянд.

Ҷумҳурии мо сол то сол на танҳо устодони варзиш, балки устодони варзиши шоиста ва устодони дараҷаи байналхалқӣ тайёр менамояд. Устохонаи варзишӣ ботадриҷ суръати олимпиро дар ҳаракати варзишӣ вусъатмебахшад.

Мо қаҳрамонҳои ҷаҳон ва олимпиада дорем.

Дилшод Назаров (Назаров Дилшод Ҷамолиддинович; 6 майи соли 1982, Душанбе) — гурзпартои тоҷик, чемпиони олимпӣ дар бозиҳои Рио-де-Жанейро, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001), Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Саидмўъмин Раҳимов. Муҳорибаи нахустини худро дар зўрозмоии гўштингирӣ бо рақиби аз худ якчанд сол калонтар гузаронида, зери қарсакҳои дўстонаи ҷамъомадагон ғолиб омад. Дар соли 1971 С. Раҳимов ғолиби Спартакиадаи XI-и Тоҷикистон гардид, ки ба унвони олии варзишӣ – Устоди варзиш оид ба гўштини миллӣ сарфароз гашт. Ин муваффақияти аввал писарбачаи 14-соларо рўҳбаланд сохт ва минбаъд ў пурра ба варзиш машғул гашт. Дар соли 1972 ў ба гўштини самбо гузашт.

Машғулиятҳои тўлонӣ, саъйу кўшиш ва ирода ба ғалаба, техникаи баланди устодӣ боис шуд, ки С. Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон гардад (соли 1975, Минск). Барои комёбиҳои калон дар варзиш ў ба мукофотҳои ҳукуматӣ, тўҳфаҳо ва ҷоизаҳо мушарраф гардидааст.

Иброҳим Ҳасанов шунидани қиссаҳои падар роҷеъ ба варзиш, омодасозии варзишгарон, сафороӣ, намоишҳои варзиширо дўст медошт. Падари Иброҳим Ризо Иброҳимов ширкаткунандаи нахустин мусобиқаҳо дар ҷумҳурӣ буд, дар намоиши варзишии шаҳри Маскав баромад намуда буд.

Тааҷҷубовар нест, ки ҳамаи фарзандони Ризо Иброҳимович – Вячеслав, Мая ва Иброҳим ба варзиш машғул шуданд.

Рўз то рўз, моҳ ба моҳ, дар ҳама гуна вазъи боду ҳаво: зимистон, борон, барф ва ғайра Иброҳим машқу тамрин мекард. Муваффақият ўро маътал насохт – баъд аз якуним сол ба Ҳасанов унвони Устоди варзиши СССР дар қаиқронӣ дар байдарка супорида шуд.

Якумин иштироккунандаи бозиҳои XVII –уми олимпӣ дар Рим (соли 1960, Италия) байдарка, иштирокчии бозиҳои XVIII –уми олимпӣ дар Токио (соли 1964, Япония), байдарка, иштирокчии бозиҳои XIX олимпӣ дар Мехико (соли 1968, Мексика).

Медали аввалини чемпиони мамлакатро Иброҳим Ҳасанов дар соли 1959 дар Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шўравӣ гирифт. Баъдан ба он боз 11-тои дигар илова намуд. Дар соли 1962 дар саҳнаи варзиши умумиҷаҳонӣ ба комёбии бузург ноил гардид. Дар чемпионати ҷаҳон соҳиби ҷоизаи нуқрагин шуд. Устоди шоистаи варзиш, тренери шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситораи роҳнамо барои варзишгарони мо гардид.

С а и д м ў ъ м и н Р а ҳ и м о в Иб р о ҳ и м Ҳ а с а н о в

Юрий Лобанов. Дар моҳи июли соли 1971 дар Маскав дар байни истеъдодҳои ҷавон ситораи заврақрон аз Душанбе Юрий Лобанов равшан фурўзон гашт.

Мукофоти нахустини худ – медали биринҷиро Юрий дар 19-солагӣ дар Спартакиадаи қаиқронони ҷавон гирифта буд.

Қаҳрамони ҳашткаратаи ҷаҳон ва Аврупо (солҳои 1973-1979), қаҳрамони дувоздаҳкаратаи Иттиҳоди Шўравӣ, қаҳрамони бозиҳои XX олимпӣ, Мюнхен (Олмони Федерол), 1972, иштирокчии бозиҳои XXII Олимпии Маскав (Иттиҳоди Шўравӣ), 1980, каноэ-дукаса, барандаи ҷоизаи биринҷӣ, Устоди шоистаи варзиш. Барои комёбиҳо дар варзиш бо ордени Шараф сарфароз гаштааст.

Дар канали Фелдмоҳинг суруди миллӣ ба муносибати ғолибон садо дод. Дар ҷойи фахрӣ Юрий Лобанов бо медали олимпии тиллоӣ истода буд, якҷо бо шарики худ дар каноэ-дугона Владос Чесюнас, онҳо дар гашти финалӣ ғолиб омада, беҳтарин устодони курраи заминро гашта буданд.

Устоди хизматнишондодаи варзиш, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, Довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ў ҳамеша дар саф аст ва ба ёрии варзишгарони қавӣ мешитобад.

Зебуннисо Рустамова ифтихори варзиши тоҷик аз рўи тирпаронӣ аз камон, устоди дараҷаи байналхалқи варзиш, довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ

(17 июл – 1 августи соли 1976, Монреал).

Аз бародари худ Ҳомидҷон ва тағояш Абдуқодир Зебуннисо фаҳмид, ки дар майдони «Динамо» шўъбаи нави варзишӣ – тирпаронӣ аз камон

ифтитоҳ ёфтааст. Духтар қарор дод, ки қувваи худро санҷад, зеро тамошои он дар майдони футбол, ки дар он беҳтарин аз беҳтаринҳои ҷумҳурӣ машқ мекарданд, мафтун сохта буд. Нишонаҳои равшан, ки ба он тирҳои

тез мехалиданд, диққати ўро ҷалб намуданд. Мусобиқаҳои аввалин дар шаҳри Тула гузашта, ба рўи Зебунисо дар варзиши калон роҳ кушод. Баҳор дар мусобиқаҳои умумииттифоқии тирпаронони ҷамъияти «Динамо», ки дар Сухуми баргузор гардид, ў меъёри Устоди варзиши ИҶШС-ро иҷро кард.

Дар мусобиқаи мамлакат, ки дар Кишинёв аз рўи тирпаронӣ аз камон мегузашт, дар масофаи 50 метр Зебуннисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тиллоро соҳиб шуд.

Дар Алушта ҳамаи тирҳои ў ба маркази доира расиданд. Дар машқи М-2 ў 2233 хол гирифт, шумораи холҳо аз меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ болотар рафт.

Ширкат дар Бозиҳои XXI олимпӣ дар соли 1976 дар Монреал (Кана-да) ба ў ҷоизаи биринҷиро дод. Ҳоло ў таблиғотчии фаъоли на танҳо варзиш, балки ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Анатолий Старостин. Қаҳрамони ҷаҳон дар байни ҷавонон (солҳои 1978-1980). Ққаҳрамони дукаратаи Бозиҳои Олимпӣ (соли 1980, Маскав).

Қаҳрамони ҷаҳон (солҳои 1982-1983) аз рўи панҷгона. Барои хизматҳои шоиста дар соҳаи варзиш бо ордени ҳукуматӣ «Дўстии халқҳо» ва медали «Меҳнати шоён» қадр гардидааст. Унвони баланди «Корманди шоистаи варзиши Русия» -ро ноил шудааст.

Юрий Лобанов  Зебиниссо Рустамова  Анатолий Старостин

Андрей Абдувалиев – қаҳрамони аввалини Бозиҳои Осиёи Марказӣ. Чемпиони Бозиҳои XXV Олимпӣ, Барселона (соли 1992, Испания), дар қуръапартоӣ. Ду карат қаҳрамони ҷаҳон (соли 1992) Штутгарт, (соли 1992) Гётеборг. Қаҳрамони Аврупо дар байни ҷавонон (солҳои 1994, 1998). Иштирокчии Бозиҳои XXVI Олимпӣ, Атланта (ИМА), (соли 1996) дар қуръапартоӣ. Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

xurish-salat

Хўриши «Ҳафтранг»

Таҷҳизот ва асбобҳо: манқал (плита), дег, кафлез, корд, қошуқ, чангак, тағорача, табақ, тахтачаи сабзавотӣ, асбобҳои …