Главная / Варзиш / ВАРЗИШИ САБУК BA КРОСС

ВАРЗИШИ САБУК BA КРОСС

Варзиши сабук яке намудҳои маъмули варзиш мебошад. Варзиши сабук роҳгардӣ, давидан, ҷаҳидан, гулӯлапартоӣ аст. Мусобиқахо аз рӯи ин намудҳои ҳаракатҳо аз давраи қадим гузаронида мешавад. Онҳо, чӣ тавре ки шумо медонед, асоси Бозиҳои қадимаи олимпиро ташкил медиҳанд. Барномаи Бозихои муосири тобистонаи олимпӣ бештар аз 20 хели машқхои ин намуди варзишро барои мардҳо ва хамин микдор- ро барои занхо дар бар мегирад.

Машқҳои атлетикаи сабук мушакҳои пой, тахтапушт, рӯдаҳоро инкишоф медиҳанд. Онхо барои саломатӣ хеле муфиданд. Бо атлетикаи сабук машғул шуда ту на танхо боқувват, чобук, пурто- қат ва обутобёфта мешавӣ, балки нотарс, боирода мешавӣ.

Рохгардӣ ва давидан.

Чӣтаврдурустроҳ гаштан ва давидан мумкинаст?

Ҳангоми рохгардӣ қомат рост ва каме ба пеш хамкарда нигох дошта мешавад. Дастхо аз бозувон каме қат карда шуда, озодона ба пешу қафо мувофиқи харакатҳои пойҳо амал мекунанд. Пойҳо ба пошна гузошта шуда, сипас ҳаракат ба нӯги пой мегузарад (ниг. ба расми 19азчап).

Расми 19
Расми 19

Ҳангоми давидан қомат каме ба пеш хам, дастхо то бозувон қат карда шуда, харакатҳои зуд-зуд, бонавбат ба пеш ва рост мекунанд (ниг. барасми 19азрост). Давидан аз роҳ гаштани босуръат ва инчунин бо он, ки шахси даванда бо пойҳояш худро ба пеш тела меди- ҳад ва гумон мекунад, ки ӯ парвоз дорад, фарқ мекунад.

Ҳангоми роҳгардӣ ва давидан мушакҳои баданро маҷбур наму- данлозим нест.

Ангуштони дастҳо бояд каме ҷафс бошанд. Нафасгирӣ бояд якмаром ва чуқур бошад. Ҳангоми дарсхои аввал суръати давидан бояд чунин бошад, ки бо воситаи бинӣ нафас гирифта тавонед ва ҳаракатҳои худро назорат карда тавонед.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …