Главная / Ҷамъият / Кай намоз хонда мешавад – вакташ

Кай намоз хонда мешавад – вакташ

Намози Витр – ҳамеша баъди намози шабона хонда мешавад.

Намози Фарз – намозҳое, ки Худои Таъоло гузоридани онҳоро ҳатмӣ ҳукм кардааст.

Намози Воҷиб – намозҳое, ки ҳатмӣ будани гузориданашон ба намозҳои фарз наздик аст.

Намози Суннат – намозҳое, ки гузоридани онҳоро пай-ғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дастур додааст ва ба он даъват кардааст.

Намози Нафл – намозҳое, ки гузоридани онҳо одамонро ба Худои Таъоло наздик мегардонад.

vaqti_namoz-300x225

Вақт ва пайдарҳамии Намозҳо:

  1.  Намози саҳарӣ (Бомдод, Фаҷр). Вақти он то баромадани офтоб идома меёбад. 4 ракъат аст: 2 ракъат суннат ва 2 ракъат фарз.
  2. Намози нисфирўзӣ (Пешин, Зуҳр). Вақти он баъди ба қиём расидани офтоб аст. 10 ракъат аст: 4 ракъат суннат, 4 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.
  3. Намози баъди нисфирўзӣ (Дигар, Аср). Вакти он ҳангоми ду баробар шудани сояи ашёҳо сар мешавад. Он 4 ракъат фарз аст.
  4. Намози бегоҳӣ (Шом, Мағриб). Вақти он баъди ғуруби офтоб сар мешавад. 5 ракъат аст: 3 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.
  5. Намози шабона (Хуфтан, Ишо). Вақти он баъди гузаштани фосилаи муайян аз намози шом (45-60 дақиқа) оғоз мешавад ва то вақти намози саҳарӣ идома меёбад. 9 ракъат аст: 4 ракъат фарз, 2 ракъат суннат ва 3 ракъат намози Витр.

Вақтҳое, ки дар он гузоридани намоз номатлуб аст:

  1. Тулўъ (баромадан)-и офтоб. Агар ҳангоми адои намози бомдод, офтоб тулўъ карда истода бошад, пас ба намоз халал расонида мешавад.
  2. Вақти завол. Ин ҳолат 45 дақиқа пештар аз оғози вақ-ти намози нисфирўзӣ фаро мерасад.
  3. Ғуруб (фурў рафтан)-и офтоб. Ин ҳолат 45 дақиқа пештар аз вақти азони намози бегоҳӣ фаро мерасад. Дар вақти фурў рафтани офтоб фақат намози баъди нисфирўзиро гузоридан мумкин аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …