Главная / Гуногун / ВАҚТ ЧИСТ

ВАҚТ ЧИСТ

Тамоми зиндагии мо аз ҳодисаҳои яке паси дигар рухдиҳанда иборат мебошад.

А Фосилаи фаъолият, ки дар он ҳодиса ба вуқуъ мепайвандад, вақт номида мешавад.

Одамон хеле вақт туда, ки шабонарӯзро ҳамчун яке аз воҳидҳои ченаки вақт интихоб кардаанд. Шабонарӯз ин фосилаи вақтест, ки дар он Замин дар гирди меҳвари хеш як бор пурра давр мезанад.

Давр заданb Замин дар гирди меҳвари хеш сабаби иваз шудани рӯзу шаб ба шумор меравад.

Тавассути соатҳо метавон вақти шабонарӯзро муайян кард. Аз замонҳои қадим то ба имрӯз одамон аз соаnҳои гуногун истифода бурдаанд. Соатҳои регй, оташй, обй ва ғайра мавҷуд буданд. То ба ҳол ибораи «аз сари мо обҳои зиёд гузаштанд» маъмул аст. Ин ибора соаnҳои обиро ба ёд меоваранд. Дар ҳоли ҳозир соаnҳои мехоникй, барқй, кварсӣ ва атомй мавчуд мебошанд. Соаnи асосии мо ин Замин аст. Дар гирди меҳвари хеш давр зада Замин метавонад бо дақиқй вақтро ҳар сония нишон диҳад. Офтоб бошад имконияти дидани ақрабакро дар ин соатҳо фароҳам месозад.

Ин сояи биноҳо, дарахтон ва ё устурлоби офтобӣ аст.

Бовар дорем, ки Шумо ба сояи устурлоб дар вақтҳои гуногуни шабонарӯз, тирамоҳию зимистон, баҳор мушоҳида кардаед. Дарозии сояро дар нисфирӯзӣ чен кардаед. Рӯзномаи худро барои мушоҳидаҳо бигиред ва ба саволҳои зерин посух диҳед:

Сояи устурлоб саҳар, нисфирӯзӣ ва шомгаҳон ба куҷо нигаронида шудааст? Оё дарозии соя дар сентябр, декабр ва март яксон аст?

Аз мушоҳидаҳои худ метавон чунин хулоса кард:

Устурлобҳо ин соатҳои одbи офтобй мебошанд.

Вақте Офтоб дар Шарқ тулуъ мекунад, сояи ашё аз ҳама дароз туда ба ғарб нигаронида шудааст.

Вобаста ба ин, ҳамон лаҳза, ки Офтоб болои уфуқ боло мешавад, дарозии соя кам мешавад.

Вақте Офтоб то ба нуқтаи олии худ, яъне ба қиём мерасад, соя аз ҳама кӯтоҳ шуда, нӯги он дар нимкураҳои Шимолй ба самти шимол нигарононида шудааст. Ин ҳар рӯз дар нисфирӯзӣ ба вуқуъ мепайвандад.

Дар расми 32 фаслҳои сол барои нимкураи Шимолй нишон дода шудааст.

А Самти соя дар нисфирӯзй: аз ҷануб ба шимол ( ҷануб-шимол)-ро хати нисфирӯзй меноманд.

Дар нисфирӯзй Офтоб ҳамеша дар ҷануб намоён аст.

Маълум мегардад, ки шимол дар ақиб буда, аз рост ғарб ва аз чаи шарқ аст. Дар нисфирӯзӣ худи Офтоб вазифаи компас- қутбнаморо иҷро менамояд.

Пеш аз ғуруби Офтоб соя боз дароз мешавад. Пас аз ғуруб нонамоён мешаваад.

А Ин ҳама барои он сурат мегирад, ки Замин аз ғарб ба шарқ давр мезанад.

Дар хаёли худ Хати нисфирӯзиро то ба қутби Шимолу ҷануб кашида, мо дар Замин ва модели он , яъне глобус хатеро ҳосил мекунем, ки онро меридиан (аз вожаи лотинй гирифта шуда, маънояш «нисфирӯзӣ» аст) меноманд.

Аз рӯи меридиан вусъати географиро муайян мекунанд. Аз рӯи ҳисоби вусъати географй метавон дар куҷо қарор доштани деҳа ё шахр, то чй андоза онҳо дур аз Эквадор ва қутбро донист.

Шаҳри Бишкек дар 43° вусъати шимолй қарор дорад. Нуқтаҳоеро, ки дар вусъа­ти ягонаи географй қарор доранд, ба ҳам пайваста, давраеро ҳасил мекунем, ки онро параллелҳо меноманд. Онҳо воқеан ба экватор дар ҳолати параллелй қарор доранд. Аз ҳама гуна нуқтаи кураи Замин метавон рӯшноии меридиан ва параллели худро гузаронд.

Ҳаракати солонаи Замин.

Расми 32. Ҳаракати солонаи Замин.

Фаслҳои сол дар нимкураҳои Шимолй нишон дода шудаанд.

Меридиани нахустин ва ё сифрӣ шартан интихоб шуда буд. Вай аз шаҳри Грин­виҷ, ки дар Англия қарор дорад, убур мекунад. Аз меридиани сифрй шуруъ карда, сарҳисоби минтақаҳои соатҳо сурат мегирад. Шаҳри Бишкек дар минтақаи панҷуми соат қарор дорад.

Барой муайян кардани фосилаи калони замонй, одамон аз замонҳои қадим соли шамсй ё моҳи қамариро истифода мебурданд.

Сол фосилаи вақтест, ки бо марҳилаи даври пурраи Замин гирди Офтоб баро­бар мебошад.

1 сол = 365 шабонарӯзу 5 соату 48 дақиқаю 46 сония аст. Меҳвари Замин ба уамвории эклиптика дар кунуи 23°26 дақиқа ҳам қарор дорад.

Ин ҳамй сабаби иваз шудани фаслҳои сол дар Замин мебошад. Аз расми 32 метавонед оғози астрономии тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистонро муайян кунед.

Пурсишҳо

  1. Ивазшавии фаслҳои сол дар замин бо кадом сабаб рух медиҳад?
  2. Чаро моҳи феврал баьзан 29 рӯз мешавад? Ин баъд аз чанд сол такрор мешавад?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …