Главная / Илм / ВАГИНОСКОПИЯ

ВАГИНОСКОПИЯ

vaginoskopiyaВАГИНОСКОПИЯ (аз лот. vagina – маҳбал ва scopia – муоина), тадқиқи маҳбал ба тавассути вагиноскоп. В. барои ташхиси бемориҳои узвҳои ҷинсии занҳо, омосҳо, берун овардани полип, ҷисмҳои бегона ва ғ. муҳим аст. Дар мавриди В. ба пардаи бакорат зарар намерасад. Бинобар ин онро метавон барои муоинаи духтаракон низ истифода кард. В.-ро асосан ҳангоми хуншорӣ аз узвҳои ҷинсӣ, дар маҳбал дармондани ҷисми бегона, тарашшӯҳи фасоднок аз роҳи ҷинсӣ, гумонбар шудан аз омос ё полип ва ғ. кор мефармоянд. В. усули аниқу дақиқи ташхис ва муолиҷаи бемориҳои гарданаи бачадон ва маҳбал мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …