Главная / Илм / ВАГИНИЗМ

ВАГИНИЗМ

vaginizmВАГИНИЗМ (Vaginismus; аз лот. vagina – маҳбал), кашиши муташанниҷи мушакҳои даромадгоҳи маҳбал ва қаъри кос, ки ҳангоми кӯшиши мубошарат (баъзан дар мавриди ба хотир овардани он) ва муоинаи гинекологӣ ба вуҷуд меояд. Дар мавриди В. ҳамзамон ронҳо ҷафс ва мушакҳои девораи шикам таранг мешаванд. В. асосан дар занҳое, ки рӯзҳои аввали ҳаёти ҷинсӣ осеби рӯҳӣ дидаанд, ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми В.-и ҳақиқӣ дар узвҳои таносул тағийроти патологӣ вуҷуд надорад. Баъзан В. дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобии аъзои ҷинсии берунӣ ва маҳбал рух менамояд (В.-и дурӯғин).
Муолиҷаи В. андешидани тадбирҳои тақвиятбахши умумӣ, психотерапия ва рафъи илтиҳоби узвҳои ҷинсиро дарбар мегирад; муваққатан аз мубошарат худдорӣ кардан лозим аст. Дар аснои В.-и ҳақиқӣ маслиҳати невропатолог, психиатр, шаҳватшинос (сексопатолог) зарур мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …