Главная / Маданият ва санъат / ХАБАРИ ВАФОТ ЁФТАНИ ОН ҲАЗРАТИ САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА ОЛИҲИ ВА АСҲОБИҲИ ВА САЛЛАМ

ХАБАРИ ВАФОТ ЁФТАНИ ОН ҲАЗРАТИ САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА ОЛИҲИ ВА АСҲОБИҲИ ВА САЛЛАМ

Оварданд, ки ба таърихи ҳаштуми зулҳиҷа Муҳаммад паёмбар /с/ бо ҷамъе ёрон дар арафот расида, ду ракъат намоз адо кард. Дар ин асно Ҷабраил /а/ ояти сафари охират овард: имрўз камол кардам барои шумо дини шумо ва тамом кардам бар шумо неъмати ман ва розӣ шудам барои шумо дини исломро.

Пағамбар /с/ донист, ки сафари охират қариб аст. Ва Сиддиқ разияллоҳу анҳу фармуд: «Эй ёрон, аз мазмуни ин оят маълум мешавад, ки ҷаноби Рисолатпаноҳ аз миёни моён ташриффармо шуда, ба ҳузури муқаддас матаваҷҷеҳ шавад». Ҷумла асҳоб ризвонуллоҳ таъолоалайҳим аҷмаин об дар дида карда, навҳаву зорӣ оғоз карданд. Он Ҳазрат алаҳассалом ба тасаллии дилашон пардохта, ба истиғфор машғул шуд. Пас, баъд аз адои ҳаҷ ва муъоянаи маконати ҷадду обои худ ба Мадина тариффармо шда, фармданд, ки шояд ба соли дигар ба Маккаи Муъаззама омаданам нашавад. Ва дарди паҳлў аз он мақом пайдо шуд, чунончи сездаҳ намоз ба иқтидои Абўбакри Сиддиқ разияллоҳу таъоло анҳу гузаронид. Ҳар гаҳ ба Мадинаи Мунаввара расид аҳли Мадина ба истиқболаш омада, андаруни Мадина бурданд.

margi-muhammad

Алқисса, охири моҳи сафар, рўзи чаҳоршанбе, дарди Сару бухор, ба хонаи Маймуна-хотун пайдо шуд. Чун шаддати мараз зоҳир гашт, ҳама азвоҷи мутаҳҳарот (занон) барои бемордорӣ ба хонаи Маймуна-хотуи ташриф оварданд.

Он Ҳазар алайҳиссалом фармуд, ки маслаҳати шумо чист: бигўед, ки ба хонаи кадом хотун бимонам? Ҳама донистанд, ки мурзии муборак ҷиҳати будан ба хонаи Оиша-хотун /раз/ моилтар аст. Билмуттафиқ гуфтанд, ки ба хонаи Оиша разияллоҳу анҳ ташриф бубаред.

Он Ҳазрат /с/ ба души аҳли байт даст ниҳода, ба ҳуҷраи Оиша-хотун /раз/ даррафт ва сари муборак бар зонуи хотун ниҳода, биоромид. Оиша-хотун даст бар синаи муборак ниҳода гуфт: «Ё расуллаллоҳ, андоми муборак бисёр гарм аст». Пайғамбар /с/ фармуд: «Ё оиша, разияллоҳу анҳо, фармони ҳақтаоло чунин аст, ки дар моҳи рабиъулаввал аз дорулфано ва дорулбақореҳлат намоям. Ҳазрати Оиша оҳе сард аз дили пурдард баровард. Пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам фармуд: «Ё Оиша разияллоҳу анҳо, ки шарбати матв ҳамаро чашиданӣ ҳаст».

Боз рўзи дуввум, ки ҷумъа буд, Билол /раз/ ба дари ҳуҷраи Оиша /раз/ даромад ва овози баланд дод: «Ассалоту раҳимакумуллоҳ-с-салот». Чун овози Билол /раз/ дар гўши муборак расид, фармуд: Ё Оиша , Билолро андарун талаб кун! Ҳазрати Оиша /раз/ Билолро талаб кард. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам фармуд: «Эй Билол, дар масҷид боз бирав ва бонги намоз бидеҳ ва асҳобро бигўй, ки ман заъифҳолам ва Абўбакри Сиддиқро бигў, ки имомат кунад».

Билол ба ҳукми хоҷаи олам ба масҷид даромаду гуфт: «Эй Абўбакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу, фармони хоҷаи олам, ки ту имомат кунӣ!» Ҳама ёрон шунида дар гиряву зорӣ шуданд. Боз Расул /а/ Билолро фармуд, ки ҳар чаҳор ёрро талабида биёр! Чун ёрон даруни ҳуҷра омаданд, ҳазрати рисолатпаноҳ саллаллоҳу алайҳ ва олиҳи ва салам дасти рости худ бар китфи амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб /раз/ вадасти чап бар китфи амирулмўъминин Усмон /раз/ ниҳода, дар масҷид омад ва бо ҳазор ташвиш намоз адо карда, баъд аз намоз васият оғоз намуд, ки эй ёрону эйбародарон, миёни шумо ман Пайғамбар будам ва он чӣ ваҳй ҳазрати Ҷабраил алайҳиссалом назди ман меовард, ба шумо мегуфтам ва он чӣ ҳалол буд, амр менамудаму ва он чӣ ҳаром буд, аз ў манъ мекардам.

Ҳама ёрон дар гиряву зорӣ шуда, ҷомаҳои худро пора-пора мекардандва ба сари худҳо хок андохтанду оҳ бароварданд. Абўбакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу даст ба сина пеши пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам истода гуфт: “Ё расуллуллоҳ, ман дишаб хоб дидам”. Расул саллаллоҳу алаҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: ” Хайр бод, бигў чӣ хобе дидаӣ?” Гуфт: “Чунон дидаам, ки чодар аз сари Оиша /раз/ бар ҳаво шуд”.

Пайғамбар алайҳиссалом фармуд, ки “Касе ки чунин хоб бинад, домоди ў бимирад”. Ва амирулмўъминин Умари Хаттоб /раз/ гуфт: “Ё расулуллоҳ, ман низ дишаб хобе дидаам”. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам фармуд: “Эй Умари Хаттоб, бигў чӣ хоб дидаӣ!” Гуфт: “Чунин дидам, ки адли ман шикаста шуд”. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам фармуд: ” Эй Умар /раз/ адли ҷумла ҷахон ман будам, чун аз ин ҷаҳон биравам, адли ту хоҳад шикаст”. Ва амирулмўъминин Усмон /раз/ гуфт: “Ё Расуллаллох /с/, ман ҳм хобе дидаам”. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: “Эй Усмон чӣ хоб дидаӣ, бигў?” Усмон /раз/ гуфт:

“Ё Расуллаллоҳ /с/ чунин хоб дидам, ки як варақ, Қуръон ба ҳаво парида- аст”. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: “Эй Усмон миёни шумо монанди варақи Қуръон ман будам, пас аз ҷаҳон хоҳам рафт.

Ҷабраил бар ман ваҳй овардӣ, баъд аз ман ваҳй нахоҳад омад”. Амирулмўъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу гуфт: “Ё Расуллаллоҳ /с/ манн ҳам хоб дидам”. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд:

“Чӣ хобе дидӣ, бигўй!” Гуфт: “Чунон дидаам, ки сипари ман шикастааст”. Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: “Эй Алӣ /раз/, сипари ту дар ҷаҳон ман будам, чун аз ин ҷаҳон биравам, сипари ту бишиканад”…

Ва баъдаҳу ҳама фон дар гиря шуданду оҳ бароварданд. Пайғамбар /с/ фармуд, ки эй ёрон, заҳмати беморӣ ғолиб шуд, Билол /раз/- ро бигўем, ки дар Мадина нидо диҳад, ки ду рўз мондааст, ки расулуллоҳ аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат (вафот) хоҳад фармуд. Агар касе даъво дошта бошад, биёяду дар дунё аз мо биситонад, то фардои қиёмат ҳаққи касе бар манн набошад. Билол /раз/ аз ҳукми Сайиди олам дар масҷиди Мадина овози баланд дод, ҳеҷ кас ҷавоб надод, магар Аккоша ном марде ба ҷавобаш пардохта, даъвои тозиёна кард. Пас Билол /раз/ бар ҳузури пайғамбар /с/ омада арз кард, ки ё расуллуллоҳ, Аккоша омад, даъвои тозиёна мекунад. Пайғамбар /с/ фармуд, ки ўро андарун талаб карданд. Чун Аккоша омад, Ҳазрат /с/ фармуд: «Эй Аккоша, чӣ даъво дорӣ?» Аккоша гуфт: «Ё расулуллоҳ, рўзе, ки бар ҷанги Уҳут рафта будӣ, як тозиёна бар пушта манн расида».

Баъдаҳу пайғамбар /с/ фармуд: «Эй Билол, дар хонаи Фотима бираву тозиёнаи ҳафтманӣ биёр». Билол /раз/ ба фармони хоҷаи олам рафт ва гуфт:

«Ассалому алайкум ё хотуни ҷаннат!» Ҳазрати Фотима /раз/ фармуд: «Билол /раз/ дар ин вақт тозиёна киро хоҳад зад?» Гуфт: «Аккоша ном марде ҳаст, бар пайғамбар /с/ даъвои як тозиёна мекунад». Хотуни ҷаннат фармуд, ки бигир.

Баъдаҳу Билол /раз/ тозиёнаи ҳафтманӣ гирифта пеши хоҷаи олам омад. Амирулмўъмин Абўбакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу гуфт: «Эй Аккоша, мубодилаи як тозиёна даҳ тозиёна бар пушти манн бизану Пайғамбарро бубахш!». Аккоша гуфт: «Эй Абўбакр /раз/ ту бар ҷои худ бош!»

АмирулмўъмининУмари Хаттоб /раз/ гуфт: «Эй Аккоша, мубодилаи як тозиёна бист тозиёна маро бизану пайғамбаро бубахш!».

Амирулмўъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу гуфт: « Эй Аккоша, барои як тозиёна чиҳил тозиёна бар пушти ман бизану пайғамбарро бубахш!» Аккоша гуфт: «Эй Алӣ /раз/, ту ба ҷои худ бош!» Амирулмўъминин Ҳусайн ва Ҳасан разияллоҳу анҳума фармуданд: «Эй аккоша, мубодилаи як тозиёна моёнро панҷоҳ тозиёна бизану пайғамбарро бубуахш!» Аккоша гуфт: «Шумоён низ бар ҷои худ бошед!»

Пайғамбар /с/ фармуд: «Эй Аккоша, тозиёна биситону чандон, ки бихоҳӣ, бизан!» Аккоша тозиёна гирифту гуфт: «Эй хоҷаи олам, манн бараҳнапушт тозиёна хўрда будаму ту пироҳан пўшидаӣ!» Пайғамбар /с/ пироҳан бикушоду Аккоша ба ҷониби пушти муборак истода шуд ва мўҳри нубувват дида, бо суръати тамом бўмида, тозиёнаро аз даст андохт ва бар қадами мубораки Пайғамбар афтода гуфт: «Эй сарвари анбиё, манн ба пушти ту ҳаргиз наметавонам зад ва маро чӣ қудратест, ки манн саге камина аз асҳоби туам. Рўзе, ки тозиёна бар пушти ман расида буд, ҳамон рўз бахшидаам. Маро матлуб ни буд, ки мўҳри нутувватро бубинам, то аз оташи дўзах раҳоӣ ёбаму оташи дўзах бар манн ҳаром гардад». Ва пайғамбар /с/ фармуд: «Эй Аккоша, акнун аз оташ озод шуди».

Чун дуввум таърихи шаҳри (моҳи) рабиъулаввл шуд, Ҳақ таъоло формаон кард, ки «Эй Малакулмавт, ту пеши муҳаммад /с/ бира ву дасти баста истода шав ва ҳар чӣ Муҳаммад /с/ бигўяд бишунаву ҷавоб бидеҳ. Агар гўяд, ҷон қабз кун!” Баъдаҳу малакулмавт ба сурати аъробӣ пеши ҳуҷраи рисолатпаноҳ /с/ омада, дастак зад.

Ва он рўз Душанбе буд. Алии Муртазо /раз/ зуд ба хонаи худ рафту гуфт: “Эй Фотима, бираву дидори падари худ ҳосил кун!” Ҳазрати Фотима /раз/ чодар бар сар кашиду гиряву зорикунон ба хонаи падари худ омад.

Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фарзи бомдод адо карда буд, ки овози Малакулмавт шунида шуд ва фармуд: “Эй Фотима, надонӣ кас овоз медиҳад, дарёб!” Пас Фотима берун омада ва сурати малакулмавт дида беҳуш шуд. Баъд пеши пайғамбар /с/ омаду гуфт, ки марде ба сурати аъробӣ аст. Зулфиқор дар даст дорад. Хоҷаи олам фармуд:”

Аъробӣ нест, балки шахсе аст, ки занонро бешавҳар кунаду фарзандонро бепадар. Ўро андарун талаб кун!” Чун Малакулмавт даруни ҳуҷра омада дасти баста истода шуд, пайғамбар /с/ фармуд, ки: “Эй бародар Азроил /а/ пеши ман дасти баста чаро истодаӣ?” Малакулмавт гуфт: “Ё расуллаллоҳ /с/ фармони Ҳак, таъоло бар ин навъ аст”. Пайғамбар алайҳиссалом фармуд:

“Эй бародар барои зиёрати май омадаӣ ё барои қабз кардани ҷон?” Малакулмавт гуфг: “Биҳишит барои дидори ту интизор аст ва ҳавзи Кавсар мавҷи гулоб мезанад ва товусону қумриёну андалебон ҷумла дар рақс омадаанд ва ҳурони биҳиштроб барои ту ороста кардаанд. Манам Малакулмавт, барои қабзи ҷони ту омадаам”. Пайғамбар /с/ фармуд: Ё ахи Азроил, соате танақкуф кун, то ахӣ Ҷабраил /а/ биёяд”. Чун Ҷабраил /а/ омад, пайғамбар /с/ фармуд: “Эй Ҷабраил фармон буд, ки умри ман навад сол аст, шасту се сол гузашта”. Ҷабраил /а/ гуфт: “Фармон ин аст, ки туро бисту ҳафт сол дар шаби меъроҷ гузоштааст”.

Баъдаҳу пайғамбар /с/ фармуд, ки эй Ҷабраил /а/ баъд аз ман дар дунё фурў хоҳӣ омад ё на?” Гуфт: “Ё расуллаллоҳ /с/ баъди шумо ҳеҷ гоҳ, фурў нахоҳам омад, магар даҳ бор, ки даҳ гавҳар аз дунё хоҳад бурд. Пайғамбар фармуд: “Кадом даҳ гавҳар хоҳӣ бурд?” Ҷабраил алайҳиссалом гуфт: “Ё расуллаллоҳ, аввал гавҳари сабр аз дунё хоҳад бурд, ки ҳеҷ дарвешро сабр нахоҳад монд. Дуввум бор гавҳари шарм аз дунё хоҳад бурд, ки ҳеҷ касро шарму ҳаё нахоҳад монд. Сеюм бор гавҳари меҳр аз дунё хоҳад бурд, ки ҳеҷ касро меҳр монд. Чаҳорум бор аз дунё гавҳари адлро хоҳад бурд, ки подшоҳонро адлу инсоф нахоҳад монд. Панҷум бор гавҳари баракат аз дунё хоҳад бурд, ки ба чизе баракат дар дунё нахоҳад монд.

Шашум бор гавҳари саховат хоҳад аз дунё хоҳам бурд, ки кас фақиронро дўст нахоҳад дошт. Ҳафтум бор гавҳари ростӣ аз дунё хоҳам бурд, ки ҳеҷ касро ростӣ нахоҳад монд.

Ҳаштум бор гавҳари ҳалол аз дунё хоҳам бурд, ки ҳеҷ кас ҳалолу ҳаромро нахоҳад шинохт. Нўҳум гавҳари амал аз дунё хоҳам бурд, ки олимон ба илм кор нахоҳанд кард. Даҳум, баракати Қуръони маҷид аз дунё хоҳад бурд, ки баъд аз он осори қиёмат падид хоҳад шуд, Исрофил /а/ сур хоҳад дамид”. Пас пайғамбар /с/ фармуд: «Ё ахӣ Ҷабраил, ҳоли умматони ман чӣ хоҳад шуд? » Ҷабраил /а/ гуфт: «Фапмони Ҳақ таъоло овардам, ки Муҳаммадро бигў, ки умматони худ ба ман бисупорад, то ба рўзи қиёмат ба ў бисупорам» Пайғамбар /а/ фармуд: «Алҳамду лиллоҳ». Баъдаҳу фармуд: «Ё ахӣ Ҷабраил /а/, маро ғусл кӣ хоҳад дод ва кафан кӣ пўшонад ва имомат кӣ хоҳад кард ва дафн куҷо хоҳам шуд? » Ҷабраил /а/ ба даргоҳи Раббулиззат рафт ва боз омада гуфт: «Ё Расуллаллоҳ фармон аст, ки Абўбакри Сиддиқ имомат кунаду ғусл диҳад ва Алии Муртазо кафан пўшонад ва дар ҳуҷраи Оиша дафн шавӣ».

Баъд аз он ҳама ёрон бархостанду гуфтанд: «Ё Расуллаллоҳ /с/, ту аз дунёи фонӣ ба дори ҷовидонӣ реҳлат мефармоӣ, моёнро чизе васият кун, то ки қадре аз он итминони хотир бошад». Пайғамбар /с/ фармуд: «Эй ёрон, ҳалолро ҳалол донеду ҳаромро ҳаром ва молро закот диҳеду фақиронро маҳрум нагузоред ва ҳамсоягонро маранҷонед ва ба занону фарзандон ятимон шафқат кунед!»

Пас ҳама ёрон рухсат шуданд, магар ҳазрати Фотима /раз/ ҷудо намешуду мегуфт, ки ман чӣ гуна рухсат шавам. Имрўз хидмати падар кунам, зеро ки аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат менамоянд ва зор-зор мегирист, ҳазрати Алӣ манъ мекард. Пайғамбар /с/ фармуд, ки эй ҷигаргўшаи ман, баъд аз шаш моҳ ба мо хоҳи омад. Ҳазрати Фотима чун ин Сухан бишунид, шод шуду аз гиря бозмонд ва аз пеши падар бархост.

Пайғамбар /с/ фармуд: ки эй Азроил истода шаву ҳар қадар шиддат, ки ба қабзи ҷон аст, бар куну бар умматони ман макун, ки эшон қудрат надоранд ва бисёр заифу камқувватанд. Малакулмавт аҳд карду гуфт, ки ё расуллаллоҳ /с/ дар уммати ту , ки баъд аз намози фариза «оятулкурсӣ» бихонд, ҷони ў чунон қабз куна, ки тифли ширхора ба пистони модар шир бинўшаду дар хо бравад, модараш пистон кашаду тифлро хабар набошад.

Баъдаҳу Малакулмавт даст бар синаи муборак ниҳод ва Пайғамбар /с/ «оҳ» баровард. Азроил гуфт: «Ё расуллаллоҳ чаро «оҳ» баровардӣ?» Фармуд, ки эй Малакулмавт: ман донистам, ки ту кўҳҳои дунё бар синаи манн ниҳодӣ, тарсам, ки бар умматони ман ҳамчунин кунӣ?»

Баъдаҳу ҳама ёрон бархостанду пурсиданд, ки ё расуллаллоҳ /с/ аз ин ҷаҳон меравӣ, моёнро насиҳат кун! Пайғамбар /с/ фармуд, ки аз бадӣ парҳез кунед ва кинаро аз дил бадар кунед. Боз ёрон пурсиданд, ки ё расуллаллоҳ, қиёмат кай хоҳад шуд? Пайғамбар /с/ ҷавоб надод, магар аз ангушти шаҳодат ишорат кард. Баъзе гумон бурданд, ки баъд аз як сол хоҳад шуд ва баъзе қиёс карданд, ки баъд аз як ҳазор сол ва баъзе гуфтанд, ки ба ҷуз Худои таъоло касе надонад ва ҳама ёрон ҳамчунон гумон карданд. Пас ҷони муборак ба ҳақ таслим кард ва Қолу инно лиллоҳи ва инно алайҳи роҷеъун. (Гуфтанд: «Ҳамоно мо барои Худоем ва ҳамоно мо ба ёри ў боз мегардем»)

Баъдаҳу ҳама ёрон ҷамъ шуданду зор-зор бигиристанд. Абўбакри Сиддиқ /раз/ ғусл дод, Алии Муртазо кафан пушонид ва ҳама ёрон омаданду намози ҷаноза адо карданд. Ва Ҷабраил /а/ тамоми фариштагони ҳафт осмон ҳамроҳ оварда, шарики намоз шуданд ва ба ҳуҷраи Оиша разияллоҳу анҳу дафн карданд. Ва ҳасби васияти он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам хилофат ба Абўбакр разияллоҳу анҳу расид.

Илоҳо, ба ҳурмати ҷони поки Муҳаммад Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва асҳобиҳи ва саллам ҷумла мўъминонро тавфиқи хайр марҳамат фармояд, омин, сумма омин.

Супориш _ва саволҳо.

1.Суҳбати ҳазрати пайғамбарро бо Ҷабраил (а) дар хона ба аҳли оилаатон хонед.

  1. 10 хислати неки инсонро азёд кунед.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

duo-003

Хосияти дуои «Укоша»

Хосияти дуои «Укоша» Ба воситаи ин дуо бандаи гунаҳгор аз тақсироти номаълуми хеш тоиб[1] мегардад. …