Главная / Гуногун / ВАҚТИ ГУЛИ СЕБ

ВАҚТИ ГУЛИ СЕБ

Зебоӣ бо тамоми шукўҳу шаҳомат зиндагиро ба оғўш кашида. Ва зиндагӣ дар ин оғўши пур аз назокату латофат фароғат дорад. Мардум мисли ин ки кўҳеро аз дўш фароварда бошанд, худро сабук, озод, болидарўҳ ҳис мекарданд. Ба лаб ҳазор шукр ва ба таъкид мегуфтанд:

– Наврўзат фирўзу ҳар рўзат Наврўз бод!

Ва бо хушнудӣ боз мегуфтанд:

– Соли хуб омад, соли вафодор.

Бале, саг ҳайвони вафодортарин ба ҳисоб меравад. Қиссаи “Хоҷаи сагпараст”-ро хуб дар хотир дорем. Образи саг дар адабиёти классикию муосир ва ҷаҳонӣ мусбат тасвир мешавад. Вале соли вафодор ба Муродалии Ҷаббор бевафоӣ кард.

Рўзи панҷуми Нарўз – 25 март ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон омадам. Дар даромадгоҳ Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самадро вохўрдам. Андомаш гирифтаю маҳзун, нигоҳаш изтиробе дошт.  Китфонаш гўё нишаста метофтанд. Аз чӣ ин қадар хастаю маъюсу маҳзун аст? Дилам гувоҳие медод, ки бегап нест. Ҷаҳд кардам ба чашмонаш дида дўзам, аз нигоҳаш рози дилашро бихонам. Суолаш бидиҳам, посухаш бишнавам, ҷуръат накардам. Хиҷолатзада сар ба зер афкандам. Абдулҳамиди Самад зиёд тааммул карда, ниҳоят бо афсўси дардолуд канда-канда хабари марги нависанда Муродалии Ҷабборро расонд. Таконе хўрдам, нидои “Чӣ хел?!” дар дилам гиреҳ хўрд.

– Бандагӣ, – бо садои хеле маҳзун гуфт Абдулҳамиди Самад.

Каме сукут карду сипас думболи суханашро таъқиб кард:

– Бетоб буд, чанд бор гуфтам, ки худатро дурусттар табобат кун…

“Худоё, ин чӣ тақдир аст? Худоё, ў дар наздат чӣ гуноҳ кард? Ин чӣ анҷомест дар оғози арўси сол? Ин анҷомро чӣ бошад саранҷом? Чӣ?!”

Ғаму андўҳ ба ҷону дилам панҷа мезанад. Мисли афсуншуда ба Абдулҳамиди Самад менигаристам.

– Ҳозир Меҳмон Бахтӣ расида меояд, – гуфт ў. – Якҷоя ба ҷаноза меравем.

Баъд ҳарду дар ҳолати хастагию бехудӣ менишастем. Сукут доман густурд. Як, ду, се дақиқа… танҳо садои насими баҳорӣ шунида мешуд.

Андешае, ки чаро марг ин қадар бераҳм аст, даври сарам чарх мезад. Аҷибтар аз ҳама он, ки фикрҳои дигаре мағзамро ба коми оташ меафканд. Чаро Худои бахшояндаю меҳрубон ҷони одамони бадрафтору бадкирдорро намегирад?! Барои чӣ?! Чаро?! Охир, чаро?!

Одамони бадкирдорро Муродалӣ чашми дидан надошт ва симояшонро дар асарҳояш фош мекард. Вай онҳоро “обкаду” номида, ҷаҳд мекард дар тасвироташ симову сирати ин тоифа одамонро ба ҷомиа муаррифӣ кунад. Воқеан мушоҳида ва нақши қаламаш ба ҳадаф ҳам мерасиданд. Ин сатрҳои ҳикояи “Бархўрд” ба ёдам меояд: “…Ин одамакҳо ғайри хори сари роҳ будан дигар чизе буда наметавонанд. Ба сони хорбунанд, ки пойҳоро хуншор намуда ба решаи ҷон гўё қаланфур мегузоранд. Садди роҳ мешаванд. Башарро маҳз ҳамин тоифа ба ҷарӣ мекашанд. Бехабар аз он ки мамот ба гиребони худи онҳо панҷа задааст. Бадбахтӣ афшурдаи фикри онҳост. Чеҳраашон нури азалиро аз даст дода. Акнун чӣ гуна метавонанд аз рўи хеш бифахранд. Охир, сиёҳиҳои дунё сиккаю сумоташонро манфур сохта. Манфу-у-ур!!… Ман онҳор чашми дидан надорам. Зеро онҳо муқаддастарин чиз-суханро хор доштаанд. Онҳо заҳмати эҷодро чӣ медонанд? Ин обкадуҳоро ба маснади худашон нишондан лозим аст! Марду-у-ум, бархезед!!!…”

То деҳаи Учқул ҳар се хомўш будем. Ҳар кадоме дар осмони хаёли сангини худ парвоз мекардем.

Рост ба масҷиди деҳа рафтем. Ин ҷо баҳор мотам дошт. Замину осмон ба нола омада. Оре:

Дасти гулчини фалак гарчӣ ҳама яғмо буд,

Лек ин бор гуле чид, ки беҳамто буд.

– Ҳамагӣ 33 сол дошт, – бо таассуф гуфт касе. – Ҷояш биҳишт аст.

Аз чор фариштаи муқарраб – ҳазрати Ҷабраил, ҳазрати Мекоил, ҳазрати Исрофил ва ҳазрати Азроил яке ҳазрати Исрофил фариштаест, ки сури исрофилӣ менавозад ва қиёмат қоим омада, тамоми рафтагон ба по мехезанд, сазову ҷазо оғоз меёбад, рафтагон қисмат мешаванд – ба биҳиштиёну дўзахиён. Ба биҳишт равандагон ҳама 33-сола мешаванду либоси дўхтаи Ҳазрати Идрис пайғамбар барояшон ҳадя мегардад.

Маросими ҷаноза оғоз меёбад. Менишинам ва сар ба зер меафканам. Ин дам чашмам ба мўре меафтад. Мўр беқарор пасу пеш мехазид. Чун барқ ҳикояи “Ҳавас”-и Муродалӣ ба ёдам меояд.

“Мўреро дидам миёни сафҳа якпаҳлў мехобид. Забуну сокиту бепарво. Гўё ба шарру шўри дунё коре надорад. На шохаҳои раҳбарияш меларзид, на беқарор пасу пеш метохт. Дидаму дилам фишор хўрд. Каҷпаҳлў зада хобиданаш маро ба анбўҳи хиёл афканд. Аз умри фаноёфтааш андеша кардам: Оё рисолати ҳастиашро анҷом дод? Ё ҳанўз…?”.

Салоти ҷаноза поён ёфту тобутро бардоштанд. Оне ки бори адабиёт, маънавиёти одамон, бори ғаму дарди мардум мекашид ҳоло бори тобут шуда ва ин тахти равон бар дўши мардум лапидан дошт. Ногоҳ чашмам ба дарахти себ меафтад. Он ғарқи гул буд. Дар чашми сабзи баҳор сарфарозӣ мекард. Зи ҷабинаш офтоби Ховар бўса мезад. Ва бо ноз-нозӣ ҳаваси нигоҳи оламро меовард.

“Худоё, чӣ зебо шукуфтааст себ!”

Ман Муродалии Ҷабборро ҳангоми гули себ аз ҳикояи “Фарёди нигоҳ” шинохтаву дарёфта будам. Акнун бо фарёди дил ба роҳи ахират гусел мекардам. Андўҳам таб дошт ва хаёлам, ки ин таб дар вуҷуди себи шукуфон низ афтида буд.

Меларзид…

118365_or

Сукут себи ғарқи гулро эҳё месозад. Дар оинаи нигоҳ пардаи ҳарир мекашад. Хотираҳоро ба шўру туғён меояд. Муродалӣ тарбиятгирифтаву таълимдидаи мактаби мактаби миёнаи №71 ноҳияи Рўдакӣ ва Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ш. Ҷўраев буд. Мавсуф як муддат омўзгори мактаби миёна буд ва ҳамзамон чун нависанда ба камол мерасид. Завқи эҷодӣ боис мешавад, ки ў касби омўзгориро тарк намуда, ба олами эҷод пайвандад. Фаъолияти ў дар идораи адабиёт ва ҳунари Радиои Тоҷикистон ба корҳои эҷодиаш мусоидат мекарданд.

Як силсила ҳикоя ва новеллаҳои Муродалии Ҷаббор дар маҷаллаю рўзномаҳои “Садои Шарқ”, “Фарҳанг”, “Адабиёт ва санъат”, “Садои мардум” ба табъ расиданд ва аз тарафи хонандагон хеле гарм пазируфта шуданд. Ман ўро ҳангоми гули себ аз ҳикояи “Фарёди нигоҳ” шинохтаву дарёфтам. Ва пай бурдам, ки ў аз рўи ҳавою ҳавас не, балки хеле ҷиддӣ, бо рангҳову ормонҳо қалам ба даст гирифта, ба ҷодаи адабиёт қадам гузоштааст.

Ҳикояҳои Муродалии Ҷаббор ҷиҳатҳои ҷолиби диққат доранд. Пеш аз ҳама мавзўҳо тоза буда, тақлидкорӣ ба назар намерасад. Аз тарафи дигар онҳо кўтоҳ, пухтаю рехта ва тару тоза мебошанд. Забон ва тарзи баён равон ва ширадоранд.

Хеле муҳим аст, ки Муродалии Ҷаббор на танҳо ба тасвири манзараю образҳои зинда, балки ба нигориши ҷузъҳои характери инсонӣ низ муваффақ гардидааст. Ҳусни маънавии талоши қаҳрамонҳои асарҳояш аз оҳангу равиши якнавохт орӣ буда, дорои лутфу зарофати ҳаётдўстона мебошанд. Ин сифати навҷўёна ҳатто дар ҳикояҳои қариб фоҷиавии ў бараъло эҳсос мешавад. Чунин намуди тасвир хонандаро рўҳбаланд намуда, ба роҳи зебоию имонҷўӣ ҳидоят мекунад. Чуноне ки нависандаи шинохтаи тоҷик Ҷонибек Акобир менависад: “… моро бо ҷаҳон ва инсон аз нигоҳи савобҷўёна ва ормонхезе ошно карданист, ки дар кўчактарин ҷузъиёт ва рафтору гуфтори қаҳрамонони вай эҳсос мешавад”.

Китоби нахустинаш бо номи “Гўшаҳои сабзи биёбон” соли 2004 ба дасти хонанда расид ва Муродалии Ҷабборро чун нависанда ба аҳли фарҳанг муаррифӣ кард. Тавре Ҷонибек Акобир менависад: “Гўшаҳои сабзи биёбон” як чаманаки сабзу рангин, пурнакҳату дардомезу яъсолуди ҷаҳони ормону андешаҳои Муродалист, ки инак ба намоиши назарҳои мухталиф гузошта мешавад”.

Ҷонибеки Акобир боз менависад:

“Агар як умри мадид заҳмату ҷустуҷў, талошу калавиш, азобу маҳрумиятҳои фитриву инфиродӣ ва ғайра дар адабиёт хушбахтӣ бошад, пас чунин роҳро интихоб кардан ва боифтихор паймудан сарнавишт будагист.

Сарнавишти зистан дар адабиёт…”.

Бале, Муродалии Ҷаббор ҳамин роҳи талошу азобро интихоб карда буд. Дар ин роҳ пеш аз ҳама ҷуръат лозим аст, ки онро ў доро буд. Ҷонибеки Акобир менависад: “Ҳамин ҷуръат доштани Муродалӣ барои ман хушоянд аст, зеро маҳз ҳамин ҷуръатмандии шахси адиб метавонад мамониат ва саддҳои рўҳиву эҷодиро барои вай бартараф созад ё ошкору ҳамвор кунад”.

Баъзеҳо мегуфтанд: “Аҷаб ҷавонест. Бемор асту заҳмат мекашад, худашро ранҷ медиҳад”. Бале, ў мариз буд, вале шиква намекард, шукр мегуфт, табассуми ширин менамуд ва шабу рўз аз паи эҷод буд. Ин буд, ки рўз ба рўз ҳунараш сайқал меёфт, такомул мекард, қаламаш буррову андешааш гиро ва афкораш дар хусуси одаму олам амиқтару фарохтар мегашт. Ин кўшишҳои ўро ман ҳамарўза эҳсос мекардам ва дар эҷодиёташ дучор меомадам.

Ин буд, ки баҳори соли 2005, айни гули себ, бе ягон дудилагӣ ман ўро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тавсия додам.

Эҷодиёти ў дар машварати адибони ҷавон, ки аз 14 то 16 июни соли 2005 барпо гашт, дар баробари адибони ҷавон Матлуба Ёрмирзоева, Гулноз, Нуралии Нурзод, Зебои Хатлонӣ, Алишери Муҳаммадӣ, Карим Ҳайдар хеле баҳои баланд гирифт. Ва 2 сентябри ҳамон сол ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Моҳи декабр китоби дуввуми худ “Дурахши сароб”-ро “бо таманнои сиҳатмандию осудаҳолӣ” ба ман тақдим намуд. Китоб қиссаи “Дурахши сароб” ва панҷ ҳикояро дар бар мегирад. Асари “Дурахши сароб” қиссаи бархўрдҳо, таззодҳо ва нафасҳои пургиреҳи зиндагии имрўзи мост. Силсилаи ҳикояҳо бошад, розҳои диданиест, ки бо риштаҳои ҳафтранги хаёли Муродалии Ҷаббор бофта шудааст.

Муродалӣ хеле самимӣ буду заминӣ. Ба одамон некӣ мекард ва нек зистанро меомўхт. Вай зебо зистанро зербинои ҳувияти инсонии худ мешуморид. Ва ба он содиқ буд. Зеро масъулиятро мешинохт ва ҳам ба ҷо меовард. Аз чопи ҳар як китоб бисёр хурсанд мешуд ва барои тарғиби он заҳмат мекашид. Ҳар як барномаи “Рў ба хуршед”-ро бо ҳисси масъулияти баланд омодаву пахш менамуд. Ман инро ҳангоми дар бораи “Осоиш” ном китоби ман мусоҳиба тайёр кардани ў бараъло эҳсос кардам. Аз ин хеле шод гаштам.

Дар осмон шамси зарринтоб саховатмандона шўълапошӣ мекард. Вале нурҳои навозишгари онро эҳсос намекардам. Пеши худ мегуфтам: “Чӣ ғами бузург аст марги фарзанд!” Аммо чӣ илоҷ, мо дар назди ин чарх бечораем. Танҳо нолида мегўем: “Эй чарх, ҷавонмардонро ҷавонмарг макун!”

Боз суолҳо маро домангир шуданд: “Ин чӣ анҷомест дар оғози арўси сол? Ин анҷомро чӣ бошад саранҷом? Чӣ?!”

Ва ман дармеёбам, ки ў дидаи сарро пўшид, вале дидаи дилро эҳё намуд. Ба қавли худи Муродалӣ: “Бале, зиндагие дигар дар паси ин зиндагӣ!”

28 марти соли 2006

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …