Главная / Варзиш / «Ҷузи – топи» (бозии арманӣ)

«Ҷузи – топи» (бозии арманӣ)

Дар майдонча давраи диаметраш 10-15 метр кашида мешавад. (вобаста ба шумораи хонандагон). Бозингарон ба ду гурӯҳ 10-15 нафарӣ тақсим мешаванд. Як гурӯҳ дар дохили давра ҷойгир мешавад, гурӯҳи дуюм дар атрофи он. Бозингарони дар атрофи давра истода тӯбро гирифта, аз болои сари бозингарони дар дохили даврабуда ба якдигар мепартоянд. Лаҳзаи мувофиқ ёфта, тӯбро чунон мепартоянд, ки он ба яке аз бозингарони дар марказбуда расад.

01
Гуруҳи ғолиби мактаби №5-и касабаи Ғулакандоз дар бозии «Офарин».

Бозингаре, ки ба вай тӯб мерасад, аз бозӣ мебарояд. Агар тӯб ба ягон бозингар нарасад ва ба давра афтад, ҳамаи бозингарони дар атрофи даврабуда давраро тарк мекунанд ва дар майдон парешон мешаванд. Бозингари тӯбро партофта, бояд онро бардорад ва кӯшиш кунад, ки ягон нафар бозингари давидаистодаро бо тӯб занад. Агар вай хато кунад, аз бозӣ мебарояд, бозӣ такрор мешавад, вале гуруҳҳо ҷойхои худро иваз мекунанд. Гуруҳе, ки пас аз 2-3 давр дар он бозингари зиёдтар боқӣ мемонад, голиб дониста мешавад.

 

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …