Главная / Гуногун / УЗБЕКҲО ТУРКАНД Ё ОРӢ

УЗБЕКҲО ТУРКАНД Ё ОРӢ

Ин диалоги муаллиф бо академик Раҳим Маъруфов ҳанӯз дар солҳои ҷангандозии ӯзбеку тоҷик, дар ибтидои ҷанги бародаркӯшӣ рух дода буд.

Баъзеҳо кӯшиши зиёде кардаанд, ки дар байни ин ду халқ ҷанг андозанд ва намоишкорона 167 мошин фиристода оилаҳои ӯзбекро аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон кӯчонида бурданд. Ҳар як сардори оиларо дар хилватхонаҳо пурсидаанд, ки шуморо тоҷикон азоб медиҳанд ё на? Вале ҳамаи онҳо гуфтаанд, ки баракс мардуми тоҷик на фақат ба ӯзбекҳо, балки ба ҳамаи миллатҳои бегона бо як ҳусни таваҷҷӯҳ менигаранд. Сипас сарварони олимақоми Ӯзбекистон ба сарварони оилаҳои ӯзбек 50-сӯмӣ дода, дар як шаб ҳамаи онҳоро ба вагонҳо савор карда, ба Тоҷикистон баргардониданд.

Дар истгоҳҳо дар ду тарафи қатораҳои поезд милисаҳо зич истода, ҳатто ба духтарчаи 9-сола роҳ надодаанд, ки 4-метр дуртар, аз байни милисаҳо гузашта, об бигирад. Ба ӯзбекҳои тоҷикистонӣ ҳамчун ба маҳбусҳо муносибат карда, ба Тоҷикистон баргардониданд.

Аз ин лиҳоз, мо ин диалогро бо таклифи файласуф Сайфулло Сафаров, собиқ Раиси Маркази байналмиллалии ҳифзи Сулҳи Осиё, дар рӯзномаи Байналмиллалӣ, ба забони русӣ чоп кардем. Бо вуҷуди он, пеш аз чопи ин «Диалог» мо ба академик М.Шакурӣ муроҷиат кардем, ки ин «Диалог»-ро як бор аз назар гузаронанд. Он кас ваъда доданд ва рӯзҳои ба кор омаданашонро ҳам гуфтанд. Вале дар тӯли ду моҳ бо он кас дучор шудан муяссар нагардид. Чун пас аз чопи диалог бо он кас вохӯрдем, ба ҷои он ки аз дасти банда рӯзномаро гиранд, гуфтанд:

– Ин мақола ғайри илмӣ аст!

Баъд аз ин, чун бо ҳар як пайравони он кас во мехӯрдем, онҳо тӯтивор мафҳуми «ғайри илмӣ»-ро истеъмол мекарданд. Ҳатто боре дар дохили троллейбус як академики мӯҳтарам гуфтанд: – Нағз накардед, нағз накардед!

– Шумо устод мақоларо хондед?

– Не! Ба ман гуфтанд.

– Афсӯс! Шумо академик, аз рӯи гуфтаи дигарон набояд хулоса бароред. Худи ҷаноби Шакурӣ ҳам онро нахондаанд. Он кас фақат аз он диалог як ҷумлаи ҳазломези бандаро хондаанд, ки ин ҷумла чунин аст:

«Муаллиф: (Шӯхиомез) Оё Шумо кафолат медиҳед, ки пас аз ибрози ҳақиқат бандаро зери маломат намегиранд?!»

 Чунон ки файласуфи англис Локк мегӯяд: «Афкор оламро идора мекунад». Устод Шакурӣ ин усулро кайҳост, ки истифодаи мебаранд. Илова бар он гап паҳн кардаанд, ки гӯё ӯзбекҳо ҳамаи шумораҳои ин рӯзномаро, ки «Диалоги мо» чоп шудааст, харида бурдаанд. Ин гапи мутлақо дурӯғ аст.

Бо хоҳиши Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дискети ин «Диалог»-ро ба онҳо супоридем. Онҳо ин мақоларо хонда моро ҳамчун душмани халқи ӯзбек пиндоштаанд ва дар байни ӯзбекҳои Тоҷикистон ҳам тарғибот бурдаанд.

Зеро мо дар ин «Диалог» ба сарчашмаҳое истинод кардем, ки ҳақиқати таърихиро дар бораи пайдоиши халқи ӯзбек аз асри ХIV ва 80 дарсади мардуми Узбекистон ориёӣ будани онҳоро исбот мекард. Албатта дар баробари он таърихи пуршарафи Ӯзбекхон ва давлатдории оқилонаи ӯро боз кардем, ки худи ӯзбекҳо аз ин бехабар буданд ё аз ошкор намудани он мулоҳиза мекарданд.

Мувофиқи иттилои сафири собиқи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Президенти Ӯзбекистон ҷаноби Каримов ба муносибати ҷашни «Авасто» дар Хоразм ба ин ҷо омада, дар баромади худ зидди ақидаи мо, дар «Диалог», гуфтаанд, ки дар Ӯзбекистон 80 фоиз ӯзбек зиндагонӣ мекунад, боқимонда 20 фоиз миллатҳои гуногунро номбар кардаанду фақат номи тоҷикро умуман вирди забон намекунанд. Худо накунад, ки дар кӯчаву паскӯча тоҷикӣ ҳарф бизанӣ.

Чун Каримов ба Тоҷикистон омаданд, дар вохӯрӣ баъзеҳо аз шодӣ қариб буд, ки дилкаф шаванд.

Мо миллатчӣ нестем. Вале бояд ба порсанги тарозу ҳам нигарист.

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,

Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

Иддаи нобакорон мағоза ба мағоза гашта фурӯши китобҳои маро манъ мекунанд ва дар байни диндорон, донишҷӯйҳо ҳам тарғибот мебаранд, ки «китобҳои Умарзодаро нахонед, ки ӯ ӯзбекҳоро орӣ кардааст». Агар 80 фоизи мардуми тоҷики Ӯзбекистонро иҷборан ӯзбек карда бошанд ва дар хонадонашон онҳо пинҳонӣ тоҷикӣ ҳарф зананд, пас онҳо орӣ набуда кистанд? Ҳанӯз дар асри ХIХ муҳақиқи забардасти аврупоӣ Вамберӣ гуфта буд: «Ба ӯзбекҳо бештар осори якҷояшавӣ бо ориён эҳсос карда мешавад».

Ҷанобон, оппонентҳои ноӯҳдабарои ман, ё шумо қудрати мустақил фикр карданро надореду аз ин лиҳоз фурӯши китобҳои маро, ки таърихи панҷҳазорсолаи тоҷикро то дини Ислом дарбар мегирад, манъ мекунед ё эҳсосоти туркиатон боло мезанаду худро идора карда наметавонед.

Ҳар касе гумон мекунад, ки мо ба мисли баъзе академикҳо – ошкоро ва пинҳонӣ дар ҳаққи касе ё миллате бо тундӣ ҳарф бизанем, хато мекунад. Шукри Худо бо илм сару кор дорем, аҳли илм касеро мазаммат намекунад, ӯ ҳақиқатро иброз медорад.

Мо нағз медонем, ки ба ҳар як миллат дар тараққиёти таърихии ӯ гоҳ прогресс ва гоҳ регресс хос аст. Вале миллатгароиро мо дар таърих ҳамчун талқини ғалабаи регресс ва фанои ояндаи миллат мепиндорем.

ӮЗБЕКҲО ТУРКАНД Ё ОРӢ?

 

  Эй ки  дар тоҷу нигин дорӣ рӯй,

  То ба кай тоҷу нигин хоҳад монд.

  Мулки ҳастӣ ҳама тай хоҳад шуд,

  На замону на замин хоҳад монд.

  То тавонӣ, ба ҷаҳон некӣ  кун,

  К-аз ҷаҳон бо ту ҳамин хоҳад монд.

Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Академик Раҳим Маъруфов яке аз ситораҳои тобони илми табиатшиносии Тоҷикистон аст. Намоиши асарҳои илмии ӯ ба забонҳои гуногун дар китобхонаи Академияи улуми Тоҷикистон  диққати бандаро рабуда буд. Чун тасодуфан дар роҳ вохӯрдем, ин кас аз ман хоҳиш карданд ба чан саволе, ки пас аз хондани китоби банда “Пайдоиши Олам ва Одам – аз назари илми муосир”  пайдо шудааст, посух бидиҳам. Рӯзи дигар вохӯрии мо хеле самимона ва қаноатбахш анҷом ёфт. Ва бори дигар дар форуми олимон дар Истаравшан чанд карате, ки во мехӯрдем сӯҳбати мо дар ҷодаи илми табиатшиносӣ ва масъалаҳои айём хеле шавқовар мегузашт.

Банда академики мӯҳтарам Раҳим Маъруфовро чун файласуф дарёфтам, ки пиндори накӯ дорад. Аз ин лиҳоз, аз ӯ хоҳиш намудам, ки пеш аз чопи китоби “Ориён”  як бор онро варақ бизананд.

Академик: Шумо дар ин китоби хеш қариб дар бораи ҳамаи миллатҳову халқҳои ҷаҳон вобаста ба Ориён таваққуф намудед, вале халқе, ки дар ҳамсоягии Шумо қарор гирифта, дар тӯли асрҳои аср бо тоҷикон хешу таборӣ пайдо карда, хусусиятҳои психологӣ ва урфу одатҳои рӯзгорашро бо тоҷикон яксон намудааст, чизе нагуфтаед.

Муаллиф: Ин халқи ӯзбек аст?

Академик: Бале.

Муаллиф: (Шӯхиомез) Оё Шумо кафолат медиҳед, ки пас аз ибрози ҳақиқат бандаро зери маломат намегиранд?!

Академик: Одамони буздил ба илм даст намезананд. Магар худи шумо набудед, ки дар бораи Ҷордано Бруно нақл карда будед?!

Муаллиф:  Ӯзбекҳо яке аз нодиртарин ва қадимтарин халқҳои Осиёи Миёна ба шумор мераванд. Онҳо турк нестанд, онҳо ӯзбеканд. Онҳоро бо туркҳо махлут сохтан ин хатои маҳз аст.

Ӯзбекҳоро турк номидан ин айнан ба мисли он аст, ки тоҷиконро эронӣ, яъне аз эрон баромада мепиндоранд. Ҳол он ки баромади эрониён аз Осиёи Миёна, аниқтараш аз Мовароуннаҳру Хуросон аст. Ӯзбекҳо ҳам инчунин “турк” ё аз Туркия набуда, балки баромади туркҳои Туркия аз авлоди ӯзбекҳо аст.

Ӯзбекҳо дар натиҷаи ихтилоти байни кӯчманчиёни соҳили руди Чу (иддаи хеле ночиз) ва асосан таҳҷоиҳои ориёӣ ба вуҷуд омаданд. Аксари кулли ӯзбекҳо орӣ мебошанд. Агар аз лиҳози ҳудуди аҳолинишин гирем, Бухоро дар замони Ҳахоманишҳо яке аз шаҳрҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ, дар асрҳои ²Õ-Õ бошад, пойтахти давлати Сомониён буд. Халқи Бухоро ва атрофи он ҳанӯз дар замони Куруши Кабир худро “ории асил” мехонданд. Самарқанд, Ҷиззах ва ноҳияҳои атрофи онҳо ҳанӯз ҳам пурра даъвои ориёнӣ мекунанд. Чи Бухорову чи Самарқанд як умр дили Хуросон буданд. Хоразми Бузурги замони кӯҳан ва Хоразми имрӯза бошад даъвои сароби Наҳзати ориёнанд. Маънои Хоразм ҳам Ховарзамин аст. Водиҳои Фарғона ва Андиҷон ҳеҷ гоҳ турк набуданд ва ба туркҳо ҳатто нафрат ҳам доранд. Мисоли равшани он солҳои 80-ӯми асри гузашта аст, ки аз ин водиҳо туркҳои месхетиро зада пеш карда буданд. Ӯзбекҳо, дар тамоми рафти таърих, аз рӯзи бунёди худ то кунун ба як нафар орӣ санг назадаанд, балки бо суғдиву бохтарӣ, хоразмию хуросонӣ хешутабории қавӣ доштанду доранд. Як мисол ҷолиби диқат аст: аз тарафи қувваҳои аҳриманӣ дар арафаи солҳои 90-ӯми асри гузашта дар Тоҷикистон ва қисман дар Ӯзбекистон ҳам корҳои хеле ҳам ҷиддии иғвогарона карда шуданд ва пулҳои бисёре ҳам сарф карданд, то ин ки тоҷику ӯзбекро бо ҳам барангезанд, вале рӯҳи қавии дӯстии ин ду халқи бародарро халалдор карда натавонистанд. Баръакс, тоҷикро бо тоҷик барангехтан осонтар гардид, нисбат ба он ки ӯзбеку тоҷикро ҷанг андозанд. Шояд дар ин ҷо баъзеҳо Чингизхону Темур ё Шайбонихонро мисол оварда ақидаи моро рад кунанд. Мо ба онҳо савол медиҳем: Пас аз Истиқлолияти Тоҷикистон дар ватани тоҷикон даҳҳо дастаҳои ғоратгар аз байни худи тоҷикон ба вуҷуд омаданд, ки ҳамаи онҳо ба ғорати халқи худ даст заданд. Агар пеши роҳи онҳо гирифта намешуд аз байни онҳо ҳам метавонистанд шахсҳои “таърихӣ” пайдо шаванд. Сабабаш чист?

Вале пантуркистон, ки аз лиҳози генетикӣ ба халқи ӯзбек бегонаанд, ба сони канаи байзаи гӯсола ба пои халқи пуршарафи ӯзбек часпида гирифта ҳар замон мехоҳанд ба муқобили тоҷикон оташи низову нифоқ ангезанд, вале доимо халқи бародари ӯзбек нақшаҳои онҳоро барҳам медиҳад. Оё, имрӯз мо ҳақ дорем барои чанд нафар пантуркисти аҳриманӣ, ё чанд нафар рӯзноманигори иғвогар, ё чанд нафар олими бетавфиқ, ё чанд нафар корманди давлатии майзада ба халқи пуршарафи ба тоҷикон мушфиқу меҳрубони ӯзбек алфози бад бигӯем?!

Ман бо ин гуфтаҳоям аз хонандаи тоҷик узр мехоҳам. Зеро тоҷкон ягон вақт зидди ӯзбекҳо алфози бад нагуфтаанд. Худи ман шоҳиди зиндаи чандин воқеъаҳо мебошам, ки ҳоло яке аз онҳоро нақл кардан мехоҳам:

Чун солҳои ҷанги гражданӣ (солҳои 1990) бисёр одамон аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳар тараф кӯч бастанд, дар қатори онҳо ӯзбекҳо ҳам аз ноҳияи Қумсангир бо аҳли оилаашон фирор намуданд. Вале чун баргаштанд, чизу чора ва хонаҳои худро ба ҳамон тавре, ки партофта рафта буданд, дарёфтанд ва дар ҳайрат монданд. Як нафар аз онҳо, ки дар қайди ҳаёт аст, ба банда чунин воқеъаро нақл кард:

Моро иғвогарон ба Ӯзбекистон даъват намуда, мошинҳои холӣ фиристоданд, вале пас аз чанде ба мо пули ночиз дода, ба вагонҳо ҷой карданд, ки ба ватан баргардем. Ҳатто ба кӯдакҳои мо дар вокзал як чойнак об гирифтан роҳ надоданд.

Чун бо аҳли байтам ба ватан (Тоҷикистон) баргаштем, мушкилтарин рӯз дар ҳаёти ман ҳамон рӯз буд, ки аҳли хонадонамро бо лоқу параш дар сари роҳи вокзали Душанбе бе сарпаноҳ монда, худам, танҳо, пиёда бо бероҳаҳо, аз байни пахтазорҳо гузашта ба хонаам, дар Қумсангир наздик мешудам. Саволҳои бисёре ва андешаҳо майнаамро гиҷ мекарданд. Вале чун хонаамро айнан бо ҳамон тарзе, ки партофта рафта будем, дидам, дар ҳайрат мондам. Аз як рахнаи девор ба ҳавли даромада, ба мисли дузд оҳиста-оҳиста чор тарафро медидам. Ин вақт садои зани солхӯрдаи ҳамсояи тоҷикам ба гӯшам расид, ки мегуфт: – Ту кисти? Ба ҳавлии беодам барои чи даромадӣ?!

Чун ӯ маро шинохт, якбора овозаш ба навозиш гузашт ва бо садои баланд аҳли хонадонашро фарёд кард: “Турсун омад, Турсун!”

Он шаб дар хонаи ҳамсоя одами бисёре ҷамъ шуданд, гуё, ки ман аз ҳаҷ омада бошам, китфу дастонамро сила карда, навозиш менамуданд ва кӯдаконамро мепурсиданд.

Рӯзи дигар мо зуд кӯчида омадем ва ман он рӯзро як умр фарофӯш нахоҳам кард.

Агар мо аз рӯи адолат таърихи халқи ӯзбекро қазоват кунем, пас, аз лиҳози антропологӣ зиёда аз 80 дарсади ӯзбекҳо пурра симои ориёнӣ доранд. Дар байни тоҷикҳо ҳам қариб 20 дарсади тоҷикҳо аз лиҳози антропологӣ афташон ба тоҷик монанд нест. Ин маънои онро надорад, ки онҳо турканд.

Агар мо забонро сарфи назар кунем, дигар дар байни ин ду халқ – тоҷику ӯзбек ягон хел тафовутро намебинем. Ҳанӯз Боқӣ Раҳимзодаи бузургвор гуфта буд: “Ҳар замон аз ман мепурсанд: Ту тоҷики ё ӯзбек?”

Давлатмадорон бояд бифаҳманд, ки замони ҳавобаландиҳои миллӣ, бозиҳои ҳизбӣ, табақабандиҳо ва ҷудоиандозиҳо сипарӣ гардиданд. Ҳоло фақат ду роҳ боқӣ мондааст: яке аз тарафи давлат пойдор ва тарғиб намудани дӯстии беғаразонаи халқҳои ҳамсоя. Ин имконият медиҳад оромиро таъмин намуда иқтисодро боло бардошт ва халқҳои худро аз ҳуҷуми иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии давлатҳои абарқудрат дар як давраи муайяни таърихӣ эмин нигоҳ дошт.

Роҳи дигар индифферентизми давлатдорӣ аст. Ин бепарвоӣ, огоҳ набудан аз рафти замон аст, ки ин марговар мебошад.

Такрор мекунем: дар замони нав ба таври кӯҳна зистан имконнопазир аст.

Академик: Тамоми муҳақиқони ҷаҳон, аз ҷумла худи рафиқони ӯзбек ҳам, баромади хешро ба турк мансуб медонанд. Аз ин лиҳоз, хоҳиш мекунам даставвал баромади туркҳоро возеҳтар шарҳ диҳед.

Муаллиф: Вожаи “турк”-ҳоро ба таври хеле ҳам доманадор ё бо ибораи фалсафӣ бигӯем – хеле ҳам абстракт намудан кори аврупоиён аст. Интерпритатсияи ин мафҳум дар байни аврупоиён ба маънои манфӣ ба кор бурда мешавад: яъне ҳамчун истилогар, золим ва бефарҳанг. Пас аз ғалабаи туркҳои усмонӣ ва вожаи “турк”-ро бо “тӯрон” махлут сохтани туркҳои усмонӣ ин вожа ба мисли Афросиёб тағир дода шуд. Дар асл гиред ин мардум ҳамаашон авлод ва қабилаҳои кӯчуманчиҳое мебошанд, ки дар натиҷаи аз тарафи Тӯрониён тарғиб намудани диёри хуррами Ориён ва хусусиятҳои наҷиби орӣ ва ба сари ҳокимият омадани Ҳахоманишҳо, аз соҳили дарёи Чу, навоҳаи Балосоғун ва қисми шарқию ҷанубии Сибир авлод-авлод, қабилаҳо кӯч баста ба мавзеъҳои хуррами Осиёи Миёна меомаданд ва қисми дигарашон ба Эрон мерафтанд. Вале на ҳама вақт ҷойҳои хуррами Осиёи Миёна насибашон мегардид. Бояд эътироф кард, ки пратсеси мигратсия ин қонуни зиндагии аҳли башар аст. Тамоми мардуми Сайёра замоне аз байни анбӯҳи дарахтони бисёри Африқо гузашта ба манзилҳои хуррам соҳиб шудаанд.

Протсесси мигратсияи туркҳо ба Эрон, Хуросон, Бохтар, Хатлон ва дигар ҷойҳо зиёда аз ҳазор сол тӯл кашид. Бисёрии туркҳо дар сарзамини бойи Осиёи Миёна ҳамчун ғулом умр ба сар мебурданд.

«Мувофиқи ақидаи Нёлдеке, мегӯяд академик В.В. Бартолд, истилои давлати Сомониён аз тарафи туркҳо, «яке аз фоҷиаҳои ҳузновари сахттарин дар таърихи ин мамлакат буд». Соли 1924 Нёлдеке аз нав ба ин масъала баргашт ва боз ақидаи хешро тақвият дод, ки ҳамлаи туркҳо ба олами мутамаддини мусулмонӣ аз замони шикасти давлати Сомониён «бадбахтии умумиҷаҳонии таърихии дараҷаи якум буд».

Академик: Дар асрҳои ²Õ-Õ давлати пуриқтидори Сомониён ҳукмрон буд. ин давлат аз лиҳози иқтисодӣ пурқувваттарин давлати дунё буд. Дар он замон Аврупо аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҳолати табоҳ ва аз лиҳози тамаддун бошад дар ҳолати ваҳшоният қарор дошт. Юнони Бостон, ки бо мутафаккирону қаҳрамонони афсонавиаш меболид аз саҳнаи таърих ғайб зад. Сомониён бошанд, онҳоро аз нав эҳё намуданд. Ғуломон ба мисли Рими Қадим дар Осиёи Миёна шӯриш накардаанд, ки бигӯем: давлати Сомониён дар натиҷаи шӯриш аз байн рафт. Пас сабаби асосӣ чист, ки ба осонӣ туркҳо ба сари қудрат омаданд?

Муаллиф: Туркҳо аз асрҳои ²Õ-Õ барои ба даст даровардани ҳокимият даст заданд. Якӯм сабабаш аз он иборат аст, ки баъд аз сари Исмоили Сомонӣ дар хонадони Сомониён иттиҳод аз байн рафт. Дуюм сабабаш аз он иборат аст, ки “сипоҳи назди дарборӣ иборат аз ғуломони турк, ки аз ҷавонони вилоятҳои атрофи Осиёи Миёна гирфта мешуданд, дар ҳаёти давлат ва дарбори подшоҳ роли калон мебозиданд. Ғуломи зархарид, асосан аз байни гузҳо – туркманҳо буд, соли нахустин чун аскари пиёда хизмат карда, либоси оддии пахтагии занданиҷӣ мепӯшид. Дар соли дуюм ӯ аспу афзори оддӣ мегирифт ва ба сафи саворагон дохил мешуд, дар соли сеюм ҳуқуқ пайдо мекард, ки шамшери “карачур” гирифта гардад. Дар соли  панҷӯми хизмат ғулом либоси нимабрешими дороӣ, гурз барои асп ҷилави ситорадор мегирифт, дар соли шашум соҳиби либоси анвон мешуд ва дар соли ҳафтум, агар ягон ҷинояте содир накунад унвони висоқбошӣ (сардори хайма)-ро мегирифт ва ба ихтиёри ӯ се нафар ғуломи ҷанговарро медоданд. Ба сифати аломати фарқкунанда кулоҳи сиёҳи нуқракӯб ва либоси қиммати ганҷавӣ мепӯшид. Ғуломони қобилиятнок, ки дар хизмат худро нишон медоданд, тадриҷан ғуломони ҷанговари зиёде ба ихтиёри худ мегирифтанд ва ба унвони олии гвардия-ҳоҷиб соҳиб мешуданд.

Ҳоҷиб сарлашкари бонуфузи дарбор ҳисоб меёфт… Ғуломони турк, ки дар хизмати ҳарбӣ ба мансаб соҳиб мешуданд… ба табақаи соҳибимтиёзҳо дохил мешуданд… Алптегин… аллакай дар 35-солагиаш соҳиби мансаби сипаҳсолори Хуросон гардида, ба 2700 ғуломи ҷанговар фармондиҳӣ мекард ва дар Мовароуннаҳру Хуросон сарвати зиёде дошт.[1] Дар давраи Алптегин  аз байни ғуломони турк Сабуктегин баромада, минбаъд ба сулолаи Ғазнавиён асос гузоштааст.[2] Ҳамин тавр, дар натиҷаи сиёсати индифферентистии давлатдории Сомониён на фақат ғуломзода – Маҳмуди Ғазнавӣ ба сари ҳокимият омад, балки дар рафти таърих то асри ÕV²² мелодӣ, чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб тоталитаризми туркӣ ҷорӣ карда шуд.

Академик: Туркҳои усмонӣ кистанд ва аз куҷо пайдо шуданд?

Муаллиф: Решаи туркҳои усмонӣ ё генеологияи онҳо аз сардори авлод Салҷуқ сар мешавад. Сардори авлод Салҷуқ ном марди солхӯрдае буд, ки дар поёноби дарёи Сир ҳаёт ба сар мебурд. Авлоди ин пирамард дар ибдидои асри Õ² ба си оила расид: ӯ чор писар дошт. Писари калониаш -Исроил, дуюмаш Микоил, сеюмаш – Юнус ва охиринаш Мӯсо ном доштанд. Он солҳо халқи ӯзбек ҳанӯз ҳамчун милат ташаккул наёфта буд. Аз ин рӯ, номи худро ҳам надошт.

Авлоди Салҷуқро аз ду тараф ғорат мекарданд: аз як тараф сарбозҳои Маҳмуди Ғазнавӣ ва аз тарафи дигар ҳокими ноҳияи Ҷанда, ки Салҷуқ дар он ноҳия мезист. Салҷуқ аз ин аҳвол ба дод омада, фарзандони худро ба аспсаворию аспдавонӣ ва шамшерзанӣ омӯхт ва боре ба муқобили лашкари Султон Маҳмуд баромада ғалаба ба даст овард, ки дар натиҷа одамони Султон Маҳмуд писари калонии Салҷуқ – Исроилро дастгир намуда ба зиндони Қалъаи Калонҷарӣ андохтанд ва дере нагузашта ӯ дар он ҷо ҳалок гардид. Писари дуюмаш Микоил аз зарби шатта ҳалок гардид. Пас Салҷуқ якҷоя бо тамоми авлодаш ба соҳили рости дарёи Зарафшон кӯчида омада, бо ҳаёти нимкӯчманчигӣ ва нимзаминдорӣ машғул шуд. Дар ин ҷо ҳам Салҷуқро осуда нагузоштанд, аз як тараф аз дасти одамони Маҳмуди Ғазнавӣ ғорат карда мешуд ва аз тарафи дигар, – таркманҳо низ ба хонадони ӯ душманӣ пайдо карданд.

Дар ин муборизаҳо фарзандони Салҷуқ обутоб меёфтанд. Тӯғралбек – набераи Салҷуқ, писари Микоил бо ёрии амакаш Мӯсо ва Довуд дар арафаи солҳои 30-юми асри Õ² ба муқобили Султон Маҳмуд сар бардошт. Ғалабаи Тӯғралбек соли 1027 дар муҳорибаи Дандонакан ба сулолаи Салҷуқиён ибтидо гузошт. Мардуми Самарқанд, Нишопур ва дигар ноҳияҳо, ки асосан аз тоҷикон иборат буданд ба Тӯғралбек дарҳои худро боз карданд. Зеро Маҳмуди Ғазнавӣ халқҳои маҳаллиро ба дараҷае хонахароб карда буд, ки аз рӯи гуфтаи Абулфазли Байҳақӣ “гуруснагие, ки соли 401 (1011 милодӣ) дар Нишопур ба амал омад… гуруснагии умумӣ  дар Хуросон ва Ироқ буд… дар Нишопур зиёда аз 107 ҳазор кас ҳалок гардид… кор ба ҷое расид, ки одамон фарзандони хешро мехӯрданд”.[3] Ба тоҷикҳо пайравӣ намуда, туркманҳо ҳам ба Салҷуқиён дасти ёрӣ дароз карданд. Салҷуқиҳо дар як муддати кӯтоҳ Гургон, Табаристон, Хоразм, Озарбойҷон ва қисми зиёди вилоятҳои ғарбии Эронро ба тасарруфи худ дароварданд. Тӯғрабек соли 1055 пойтахти халифаҳои аббосӣ Бағдодро низ ба даст оварда, ба таври расмӣ салтанати Салҷуқиёнро дар ин сарзамин эълон кард.

Баъд аз он Тӯғралбек сарзамини Кирмонро ба даст овард ва қувваҳои ҳарбии Византияро дар Қафқоз торумор намуд. Пас за марги Тӯғралбек (1063) чи дар давраи салтанати ҷияни ӯ Алп-Арслон (1063-1072) ва чи дар давраи салтанати Ҷалолиддин Маликшоҳ (1072-1092) Салҷуқиён давраи нашъунамои худро аз сар мегузарониданд ва дар давраҳои мазкур онҳо ҳудуди давлати худро васеъ карданд. Хулоса, ҳудуди давлати Салҷуқиён аз Осиёи Миёна то қисмҳои дохилии Фаластин тӯл кашида княз ва урдуҳои Қошғарро, ки дар ин мамлакат то сарҳадди Чин бодиянишин буданд, маҷбур кард бартарии онҳоро эътироф кунанд.

Чи Тӯғралбек ва чи Алп-Арслон мутлақо бесавод буданд. Шаъну шӯҳрати Салҷуқиён маҳз ба шарофати ашхоси донуву барӯманд, аз қабили вазири донои Маликшоҳ – Низомулмулк буд:  Ба шарофати Низомулмулк дар давлатдории Салҷуқиён баъзе аз унсурҳои давлатдории Сомониён истифода карда шуд. Пас аз кушта шудани Маликшоҳ ва Низомулмулк давлати Салҷуқиён рӯ ба таназзул ниҳод ва соли 1157 барҳам хӯрд.

Давлати Салҷуқиён барҳам хӯрда бошад ҳам Византия (Рум) то охири асри Õ²²² дар дасти Аловуддини Салҷуқӣ буд. Аловуддин пеш аз марги худ Византияро ба Усмон супорид. Соли 1299 пас аз марги Аловуддин Усмон ба сари ҳокимият омада, на фақат Византия, балки паи ҳам чандин вилоятҳоро ба тасарруфи худ дароварда, корномаҳои ҷангии худро нишон дод. Ӯ анъанаи ворисиятро рад карда, ба худ унвони “султон”-ро гирифт ва аз он вақт сар карда, туркҳо худро “туркҳои  усмонӣ” меномидагӣ шуданд.

Туркҳои усмонӣ то давраи таназзули худ, яъне то нимаи дуюми асри ÕV²² Осиё, Аврупо ва Африқоро дар зери тасарруфи худ нигоҳ медоштанд. Онҳо ҳанӯз моҳи майи соли 1453 Константинополро ишғол намуда, пойтахти худ эълон карданд ва номашро Истамбул гузоштанд. Ҳол он ки дар империяи туркҳо худи туркҳо ақаллиятро ташкил мекарданд. Фақт онҳо дар Осиёи Хурд ва қисми Румелӣ (Туркияи аврупоӣ), ки ба Истамбул тобеъ буд, ҷамъ шуда буданд.

Бо вуҷуди он, ки туркҳо империяи бузургро ба вуҷуд оварданд, вале “ягонагии дохилиро ба вуҷуд оварда натавонистанд”[4]. Ва ин аз он сабаб аст, ки “қисмҳои алоҳидаи ин империя аз лиҳози этникӣ яке аз дигаре тафовут дошт. Ин тафовут дар забон, дар дин, аз лиҳози иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сатҳи пасти маданӣ ва ғайра мушоҳида карда мешуд”[5]. Чуноне, ки дар боби “Таърихи пайдоиши Тӯрониён” қайд кардем, дар ибтидои асри ÕÕ боз иштиҳои туркҳои усмонӣ боз шуда, ин дафъа мехостанд “Тӯрони бузург”-ро ба вуҷуд биёранд. Барои ин якӯм, ин ки мафҳуми “тӯрон”-ро бо мафҳуми “турк” махлут сохта ба таҳрифи дағали таърихӣ роҳ доданд, дуюм, мақсади асосии онҳо тамоми халқҳои ҷаҳонро турконидан буд. Туркигардонӣ фақат бо як роҳ имконпазир буд – ин бо роҳи ваҳшонияти ба онҳо хос. Хушбахтона, Аврупо садди роҳи эшон гардид.[6]

Академик: Ӯзбекҳо ба ин чи хел муносибат мекарданд?

Муаллиф: Халқи ӯзбек осоиштагию суботкориро  беҳтар медонист. Ӯзбекҳо асосан майли ориёнӣ мекарданд ва дар бисёр ҷиҳатҳо хилофи туркҳо буданд. Ӯзбекҳо роҳи истилогаронаи туркҳоро ҳатто аз асрҳои Õ²V-ÕV сар карда маҳкум мекарданд. Вале дар ин давра туркҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карданд, ки хоҳу нохоҳ таъсири худро ба воситаи пантуркистҳо мегузарониданд. На ин  ки ӯзбекҳо, балки тоҷикҳоро ҳам ба пантуркизм кашиданд. Бо вуҷуди он ки халқи тоҷику ӯзбек маданияти волои Ориёнро аз ҳама чиз беҳтар медонистанд.

Академик: Аз гуфтаи Шумо бармеояд, ки ӯзбекҳо аз туркҳои усмонӣ, яъне аз Туркия набуда, балки саравлоди туркҳо аз ӯзбекҳо ва ҳатто аз поёноби дарёи Сир, ки имрӯз ҳам ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон тааллуқ дорад, пайдо шудаанд.

Муаллиф: Бале, устод.

Академик: Ин тавр, ки бошад, вожаи “ӯзбек” чи маъно дорад ва ин халқ чаро ин номро гирифтааст?

Муаллиф: Вожаи “ӯзбек” бештар аҳамияти сиёсӣ-таърихӣ дорад, нисбат ба он ки этникӣ бошад.[7] Вай ба шахси конкрет, ҳокими асилзода (“истый князь”) Ӯзбекхон мансуб аст, ки 27 сол подшоҳи кардааст.

Академик: Хизмати ӯ аз чи иборат буд, ки як халқ ба бутунӣ номашро аз ӯ иқтибос кардааст? Ё барои подшоҳ буданаш? Ё ин ки халқи ӯзбек қабл аз ӯ забони давлатӣ надошт, маданият надошт ва ғ. ғ.? Чунон, ки баъд аз инқилоби Октябр халқҳои моро ба ҷаҳон ҳамин тавр муарифӣ мекарданд.

Муаллиф: Не, устод. Ба забони ӯзбекӣ ҳанӯз аз замони Аҳмади Ясавӣ – шоири барҷастаи ӯзбек, Пири Кабири аҳли тасаввуфи ӯзбеку тоҷик китобҳо навишта шудаанд. Боз даҳҳо бузургони ин халқро номбар кардан мумкин аст, ки дар ҷодаи тамаддун ҳиссаи босазое гузоштаанд.

Якӯмин хизмати ин марди наҷиб – Ӯзбекхон аз он иборат буд, ки ӯ ба таҷрибаи бойи Сомониён такя намуда барои муттаҳид намудани ҳамаи халқу қабилаҳои дар зери васояташ буда, онҳоро ба дини Ислом кашид. Ин дар он вақт ба мардуми орӣ – аз қабили тоҷикон  хеле хуш омад. Зеро онҳо дар зери шиори “Мӯъмин бародари мӯъмин” амал мекарданд. Чи дар давраи ӯ ва чи баъд то асри ÕÕ аз халқҳои ин сарзамин “Миллатат чист?” гӯён пурсед “мусулмон”  гуфта ҷавоб медоданд. Дар воқеъ Умари Хайём ва Ҳофизи Шерозӣ ҳам ба ҷои “мазҳаб”, “дин”, “миллат” –ро истифода кардаанд. Чунончи Умари Хайём мегӯяд:

 

Ҳафтоду ду миллатанд, дар дин каму беш,

Аз миллатҳо ишқи ту дорам дар пеш.

Чи куфр, чи Ислом, чи тоат, чи намоз,

Мақсуд туӣ, баҳона бардор аз пеш.

 

Ҳофиз мегӯяд:

Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро ӯзр бинеҳ,

Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

Дуюм хизмати Ӯзбекхон аз он иборат буд, ки ҳама анъанаҳо ва расму русуми Ориёнро, аз қабили ҷашни Наврӯз, хулқу атвори нек ва ғайраро ҷорӣ кард.

Дар замони Ӯзбекхон дар байни ҳокимони рус ҷангҳои дохилӣ мерафт. Яке аз ин ҷангҳои дохилӣ дар байни ҳокимони Москва ва Твер буд. Соли 1318 дар ҷанги шадид ба муқобили Юрий Московский Михаил Тверской ғолиб омад. Юрий ба хоҳари Ӯзбекхон – Кончак хонадор шуд. Ба никоҳи онҳо ҳамчун орӣ ба орӣ  рухсат доданд. Бо ин амали худ Юрий бо Ӯзбекхон наздикӣ пайдо кард ва дили ӯро ёфт. Дар ҷанги дигар барои ба даст даровардани Новгород боз ғалаба насиби Михаил гардид. Ин дафъа Михаил ҳамсари Юрий – Кончакро низ ба асирӣ гирифт ва дере нагузашта Кончак вафот кард. Юрий ба Ӯзбекхон хабар дод, ки Михаил ба хоҳари ӯ заҳр дода куштааст.

Ӯзбекхон Михаилро ба назди худ хонд. Бо фармони Ӯзбекхон писари Михаил Александр ба муқобили Иван Калита ҷанг эълон кард. Вале дар ин вақт сафири Ӯзбекхон дар Твер – Шавкал бо ҳамроҳонаш кушта шуд. Александр аз ғазаби Ӯзбекхон тарсида ба Литва гурехт. Иван Калита аз вазъият истифода бурда Тверро торумор кард.

Соли 1337 Александр бо ихтиёри худ ба назди Ӯзбекхон омада ба гуноҳҳояш иқрор шуд. Ин амали Александр ба Ӯзбекхон маъқул шуд ва ӯро авф кард. Вале билохира бо иғвои Калита 29 октябри соли 1339 Александр бо писараш кушта шуд. Соли 1340 Ӯзбекхон аз олам даргузашт.

“Дар тӯли ҳукмронии 27-солаи худ Ӯзбекхон кӯшиш ба харҷ дод, ки дар Москва ҳарифи пурқувватро ба муқобили ӯрдуҳои турк ба вуҷуд биёрад, шояд ин чизро худи ӯ пай набурда буд”[8].

Ӯзбекхон на ин ки ба мисли туркҳо, рӯҳониёни православиро таъқиб кард, балки ҳамаи имтиёзҳоеро, ки онҳо бояд аз он бархурдор мешуданд, нигоҳ дошт. Ин амали ҷавонмардонаи Ӯзбекхон боз як бори дигар далели он аст, ки ба назарияи Ориён эътиқоди калон доштааст.

Дар охири асри Õ²Õ муаррихи машҳури аврупоӣ Вампери, ки бо таърихи туркҳо машғул шудааст дар ҳаққи ӯзбекҳо ба чунин ақида меояд: “Бояд эътироф кард, ки нишонаи асосии ӯзбекҳо вазъияти сиёсии онҳо мебошад. Ӯзбекҳо ҳамон тоифаи туркҳоеанд, ки нисбат ба дигарон (миллатҳо – И. У.) бештар бо тоҷикон махлут гардидаанд”. “Ба ӯзбекҳо бештар осори якҷояшавӣ бо Ориён эҳсос карда мешавад”[9].

Ба бисёр муаррихони аҷнабӣ муяссар гардид, ки ӯзбекҳоро ба тоҷикҳо ва тоҷикҳоро ба ӯзбекҳо бад карда нишон диҳанд ва баъзе одамони соддаи тоҷику ӯзбек ҳам ба ин бӯҳтонҳо бовар мекарданд. Зеро бештари қаламбадастони бемаърифати ин ду миллат кӯр-кӯрона гуфтаҳои аҷнабиёнро гирифта ҳангома мекарданд. Сиёсати ҷудоиандозӣ, ки аз “ҳикмати” Юнон об хӯрдааст, дар тӯли зиёда аз ду ҳазор сол барои халқҳои Шарқ хеле гарон афтод. Вақти он расидааст, ки наслҳои ояндаро аз ҳақиқати таърихӣ огаҳ созем.

Академик: Ба дӯстии ин ду халқ – ӯзбеку тоҷик киҳо дар гузашта асос гузоштаанд ва киҳо имрӯз садди роҳ мегарданд?

Муаллиф: Киҳо  ба дӯстии ин ду халқ имрӯз монеъ мешаванд, инро наслҳои оянда қазоват хоҳанд кард. Вале дар гузашта барои дӯстӣ чи корҳо ва аз тарафи кӣ анҷом дода шуд, мо метавонем нақл кунем.

Дар замони Абдураҳмони Ҷомӣ қариб ҳамаи шоирони ӯзбек ба забони тоҷикӣ шеър мегуфтанд. Абдураҳмони Ҷомӣ нахустин шуда барои ба забони ӯзбекӣ навиштани шеър фотеҳа дода буд. Худи Мавлоно Ҷомӣ бо ду забон шеър гуфт, ки ин маънии ширу шакар будани ин ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекиро собит менамуд.

Матлаи шеъри Мавлоно Ҷомӣ чунин аст:

 

Эй лабат пурхандаву чашми сиёҳат масти хоб,

Икки зулфунг орасида ой юзунгдур офтоб.

Мастии май мекунад рӯи туро ғарқи арақ,

Бода ичсанг тукулур икки қизил юздан гулоб.

Булҳавас дар базми васлат маҳраму ман ноумед,

Толиим шудур менинг, бахтим забун, ҳолим хароб.

Ҳарки бинад рӯи хубат, пок гардад аз гуноҳ,

Сенга боққан бандага маҳшар куни йуқдур азоб.

Банда шуд Ҷомӣ ғуломат, гарчи Афлотун бувад,

            Асрагил ё сақлагил, ё сот ё бергил жавоб!

 

Сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Алишери Навоӣ ҳам дар ибтидо ба забони тоҷикӣ бо тахаллуси Фонӣ шеър мегуфт. “Абдураҳмони Ҷомӣ дӯсти худро на бо забони тоҷикӣ, балки бо забони модариаш шеър гуфтан ҳидоят менамуд”[10]. Ба дараҷае дӯстии байни Ҷомӣ ва Навоӣ қавӣ гардид, ки ҳатто бо маслиҳати ҳамдигар шеъру достонҳо эъҷод мекарданд. Бо таклифи Ҷомӣ Навоӣ асарҳои худро ба забони ӯзбекӣ навишта, худро ҳамчун даҳои инсоният муаррифӣ кард. Ҷомӣ чанд асари худро бо таклифи Навоӣ эҷод кардааст. Пас аз марги Ҷомӣ Алишери Навоӣ ба хотири устодаш – Ҷомӣ китоби “Хамсатулмутаҳаййирин”-ро эҷод кард. Алишери Навоӣ дар достони чорӯми  “Хамса” устод ва дӯсти наздикаш Абдураҳмони Ҷомиро ситоиш намуда менависад:

 

Фазл конию илм дарёсӣ,

Баҳру кон сиррининг шунососӣ.

Илм дарёсиға ҳубоб сипеҳр,

Йуқки, ул баҳр ичинда гавҳари меҳр.

Кашфи ҳикмат иши камоҳи анга,

Ҳам табиию ҳам илоҳий анга.

Худ риёзийда фикри гаддунрав,

Ойириб чарх мазраин жав-жав.

Арабийатда дарс анинг вирди,

Ибни Ҳожиб[11] камина шогирди.

Ибни Ҳожиб демайки, Жоруллоҳ[12],

Онча тафсир ишинда йӯқ огоҳ.

Ҳам Ҳадис иҷра сарбаланд шажар.

Ким етишмай анга юз Ибни Ҳажар[13].

“Арбаин” ики, айлабон тартиб,

Араби бирла форси таркиб…

 

Навоӣ асарҳои илмӣ, достонҳо ва китобҳои Ҷомиро дар достони “Сабъаи Сайёра” таранум кардааст. Сипас Абдураҳмони Ҷомиро ба арши аъло расонида мегӯяд:

 

Не камолот аро ниҳоят анга,

Не маротибда ҳадду ғоят анга.

То камол аҳлидин мақол ӯлгай,

Одами зинати камол ӯлгай.

Ҳам малак доначини доми анинг,

Ҳам хирад журъахори жоми анинг.

Баҳравар андин одам авлоди,

Олам аҳлига зилли иршоди.

Майи, ҳуш аҳли жонфизойи ҳам,

Жомидин баҳравар Навоий ҳам.

 

Хонандаи хушманд, агар эътибор дода бошад, пас дар ин шеър зиёда аз 70 дарсади калимаҳо ба забони Ориён мансуб аст.

Забони ӯзбекӣ барҳақ нодир аст. Гарчанде ин забон аз лиҳози грамматикӣ  моили туркӣ, вале аз лиҳози фонди луғавӣ ориёнӣ мебошад. Барои мисол ба луғате, ки олимони ӯзбек ҳанӯз соли 1953 бо унвони “Ӯзбек классик адабиёти асарлари учун қисқача луғат” бароварда буданд назар меафканем. Олимони ӯзбек қоидаи забонро вайрон накардаанд, балки калимаҳои ба забони ӯзбекӣ дар замони мо нофаҳмо шударо (архаизмро) шарҳ ва ҳозираашро муаррифӣ кардаанд, ки ҳозирааш боз бештар майли ориёнӣ дорад, нисбат ба он ки туркӣ бошад. Масалан, калимаи “абад” чунин шарҳ дода шудааст: “абадий”, “доимий”, яъне ду ҳарфи – “ий” дар охир ҳамроҳ карда шудааст. Ё ки калимаҳои “абвоб”-“боблар”, “абд”-“банд”, “абдан”-“баданлар”, “абъёт”-“байтлар”, “абид”-“бандалар”, “абкам”-“гунг, лол”, “аблағ – балоғатлироқ, равшан ифодалироқ”, “абтар – нотамом, парешон”, “ад, адд – адад, сон, ҳисоб”, “аъдо – душманлар”, “адоват – душманлик”, “баъйат – аҳд, паймон, ваъда бериш”, “баракат – шарофат, хайрилик, мӯллик, фарвонлик”, “бараҳман – оташпарастлар, бутхонасининг рӯҳонийси” ва ғайра.

Хулоса, ин луғат аз 455 саҳифа иборат буда, тақрибан 12000 калимаро дар бар мегирад. Фонди луғавии забони ӯзбекӣ хеле бой буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин забон  бештар  ба забони Орӣ майл дорад, на ба туркӣ.

Бигзор сиёсатмадорон донанд, ки забон воситаи истеҳсолот нест. Бо забонҳои гуногун гуфтугӯ кунед, аз он рисқатон кам намешавад. Забон фақат як вазифа дорад, ин воситаи алоқа будани вай аст. Чи қадар забонҳоро бештар донед ҳамон қадар бо халқҳои гуногун гуфтугӯи озод карда, ба мақсади худ ҷомаи амал пӯшонида метавонед ва ин аз маданияти баланди Шумо шаҳодат медиҳад. Як забонро аз забони дигар аълотар пиндоштан натиҷаи ҳамоқат аст.

Академик: Яъне Шумо гуфтаниед, ки фақат забон шарти асосии назарияи Ориён нест.

Муаллиф: Бале, устод. Имрӯз оддитарин шахси ӯзбек, ки дар тӯли асрҳо бо суғдиву бохтарӣ, бо хуросониву, хатлонӣ махлут гардидааст, дар ҷодаи Ориён ва иҷрои назарияи эшон дар радифи тоҷикон меистад. Вазифаи аҳли илм аз он иборат нест, ки ба рафти таърих монеъ бишавад ва сабабгори низову нифоқ гардад, балки вазифаи илм аз он иборат аст, ки таърихро бо ақли солим қазоват бикунад ва одамонро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.

Академик: Мавзӯи тадқиқоти фалсафа, жанрҳои адабиёт, санъат бояд дар байни ӯзбекҳову тоҷикҳо фарқ дошта бошад. Ҳамин тавр не?

Муаллиф: Аз лиҳози омӯзиши афкори фалсафӣ дар байни ин ду халқ ягон хел тафовут вуҷуд надорад. Зеро ҳамон мутафаккироне, ки мо мавриди омӯзиш қарор медиҳем, онҳо ҳам ҳамонро тадқиқ мекунанд.

Он чи сухан дар ҷодаи адабиёт равад ҳамаи жанрҳое, ки дар адабиёт, махсусан дар шеър, тоҷикон ба кор мебаранд, ӯзбекҳо ҳам айнан ҳамон жанрҳоро ба кор мебаранд.

Дар бораи санъат як мисол меорам: Шоҳасари классикии “Шашмақом” чи дар тоҷикӣ  ва чи ӯзбекӣ як хел садо медиҳад, ҳатто агар ягон оҳанги бикр ё навои нав дар байни яке аз ин халқҳо пайдо шавад, зуд ҳафтаи дигар дар байни халқи дигар интиқол дода мешавад. Ин аз иттиҳоди ягонаи эҷодии ин ду халқ шаҳодат медиҳад.

Парвардигор гӯё як халқро ба ду тақсим карда, дар байни онҳо мусобиқаро  дар эҷоди санои мубин гузоштааст.

[1] Низом-ал-Мулк. Сиасетнаме. М-Л., 1949, са{. 110-117.

[2] Неъматов Н. Давлати Сомониён. Душанбе. 1989, са{.33-34.

[3] Абулфазл Байхаки. История Масъуда. (1030-1034). М., са{.895.

[4] Всемирная история. М., 1958, са{.203.

[5] [амон xо, са{.203-206.

[6] И. Умарзода. Ориён. Душанбе, 2002. С.49-65.

[7] Энциклопедический словарь. Санкт-Петербург. 1902, том ХХХIV, са{.608.

[8] Энциклопедический словарь. Санкт-Петербург. 1902, том ХХХIV, са{.610.

[9] Энциклопедический словарь. Санкт-Петербург. 1902, том ХХХIV, са{.609.

[10] Е.Э. Бертелс. Джами. Сталинабад. 1949, са{.166.

[11] Ибни [оxиб – тахаллуси Абe Амр Xамолиддин Усмон бинни Умар, олим ва мутахассиси на{ви араб аст. Абдура{мони Xомb «Rофия»-и eро тафсир намудааст. E. Соли 1176 (570{.) дар де{аи Аснои Миср ба Дуне омада, соли 1249 (646{.) дар Искандария аз олам гузашт.

[12] Xорулло{ – олими забардаст, мутахассиси адабиёт ва забони араб буда, бо унвони Зама{шарb маш{ур аст. Номи e Абулrосим Ма{муд бинни Умар буда, с.1075 дар де{аи Зама{шарии Хоразм ба Дуне омада, с.1144 дар Xурxон аз олам гузашт. E аз rабили «Кашшоф» 15 асари барxаста дорад.

[13] Ибни [аxар – {адиснависи маъруф буда. Соли 1449 дар Миср аз олам гузашт.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …