Cолҳои аввале, ки ман ба тиҷорати пахта машғул шудам, маводи сӯхт ва нуриҳои минералиро мо аз Ӯзбакистон ворид мекардем. Ҳамин ду мавод қисми асосии ҳазинаҳои рӯён- дани пахтаро ташкил мекунанд.
Дар Ӯзбакистон тавлид ва содирот асосан дар дасти давлат буд. Онҳо Вазорати махсус доштанд, ки муносиботи иқтисодии хориҷиро танзим мекард. Дар назди ин вазорат ширкатҳои ихтисосии давлатӣ фаъолият мекарданд, ки масъули содироти ин ва дигар ашё буданд.
Ҳукумати Ӯзбакистон аввали ҳар сол барои маводи содиротӣ нархнома эълон мекард ва ин ширкатҳо тибқи нархномаи тас- вибкардаи ҳукумат қарордодҳои содиротӣ мебастанд. Одатан, нархи маводи содиротии Ӯзбакистон барои харидорони хориҷӣ миёнаҳои моҳи январ эълон мешуд, вале пас аз эълони он сар- вазири Тоҷикистон ба Тошканд рафта, музокира мекард ва ҳу- кумати он кишвар барои Тоҷикистон шароити хос муқаррар мекард. Фақат баъд аз он мо бо ширкатҳои давлатии содиротии онҳо қарордод баста, маъмулан маводи сӯхту нуриҳои мине- ралиро бо тахфифи 25%, ки байни ду давлат муоҳида мешуд, мехаридем. Фикр мекунам, ин ва дигар тахфифҳо навъе ҷуброн дар муқобили оби рӯдхонаҳои Омуву Сир ва Зарафшон буд, ки бояд аз нав ба роҳ монда шавад.
Баъд аз сард шудани робитаҳо, як сол ин имтиёзҳо дода на- шуданд ва мо маҷбур шудем маводи сӯхту нуриҳои минералиро аз Ӯзбакистон бо нархи ҷаҳонӣ бихарем. Соли дигараш ҳуку- мати Ӯзбакистон содироти маводи сӯхт ва нуриҳоро ба То- ҷикистон тамоман манъ кард. Дар натиҷа мо маҷбур шудем ин маводҳоро аз кишварҳои дигар ворид кунем, ки нархи роҳ ҳам ба арзиши онҳо изофа шуда, якбора нархашонро гарон кард ва арзиши аслии парвариши пахтаро боло бурд. Он солҳо пахта манбаи асосии даромади арзии кишвар буд. Ислом Каримов дониста, як зарбаи дигари ҳалокатовар ба камаргоҳи иқтисоди кишвари ман зад.
Соли 1999 ман дар конфронси пахтаи Ӯзбакистон иштирок кардам, ки он дар меҳмонхонаи «Интерконтинентал»-и шаҳри Тошканд гузашт ва дар он ҷо намоиши дастовардҳояшон дар соҳаи пахтакориро низ ташкил карда буданд.
Ба гуфташон, ба фарқ аз навъҳои пахтаи замони шӯравӣ, навъҳои нави пахтаро рӯёнда буданд, ки дарозиву борикӣ ва муқовимати нахи он бамаротиб беҳтар буд. Ғайр аз ин, мегуф- танд, ки ҳосилнокияш низ аз се то чор тон аз ҳар ҳектар аст. Албатта, он замон мо ба ин иттилооти онҳо чандон бовар на- мекардем, зеро онҳо зиёд муболиға мекарданд. Масалан, пас аз рӯзи аввали конфронс музокирот таъин мешуд ва дар он сарони ширкатҳои тиҷоратӣ бо сарони ширкатҳои содиротии Ӯзбакистон музокира карда, қарордодҳои хариди пахта меба- станд.
Дар поёни он рӯз вазири иқтисодашон суханронӣ карда, аз натиҷаҳои музокирот ва ҳаҷми қарордодҳо гузориш медод. Одатан, дар ин гузориш миқдори пахтаи фурӯхташударо аз бу- даш хеле бештар эълон мекарданд. Мо, ки аксари ширкатҳоро мешинохтем, аз ҳаҷми қарордоди бастаашон огоҳ будем, вақте ки гузориши вазирро гӯш мекардем, онро бо лабханд қабул мекардем. Вале тарафи Ӯзбакистон ин корро махсус мекард, зеро эълони фурӯши ҳаҷми болои пахтаи Ӯзбакистон ба паст нашудани нарх мусоидат мекард, ки ин ба манфиати онҳо буд.
Бо назардошти ин ва дигар бозиҳои ҳушмандонаи онҳо, мо ба мушаххасоти навъҳои нави пахтаашон низ бо истеҳзо менигаристем, вале баъдан маълум шуд, ки онҳо воқеан заҳмат кашида, сифату самараи пахтаи худро ба сатҳи ҷаҳонӣ баро- вардаанд, ки имрӯзҳо ҳам шоҳиди ҳаҷми бесобиқа боло ва дар тамоми ҷаҳон серхаридор буданаш ҳастем.
Он сол раиси бурси пахта ва намояндагони Вазорати кишо- варзии Тоҷикистон низ дар ин конфронс ширкат доштанд. Ғайричашмдошт, тарафи Ӯзбакистон хоҳони баргузории мизи гирд бо мо – ҳайати Тоҷикистон шуд. Дар вохӯрӣ аз тарафи Тоҷикистон раиси бурси пахта, як намояндаи Вазорати кишо- варзӣ ва ду-се нафар сарони ширкатҳо иштирок кардем. Ҳайати Ӯзбакистонро Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷияшон ҷаноби Ғаниев сардорӣ мекард.
Дар давоми суҳбат маълум шуд, ки тарафи Ӯзбакистон ба мо пешниҳодҳои мушаххас доштааст. Онҳо аз мо хоста буданд, ки дар фурӯши пахта ҳамкорӣ кунем, то нархи пахта паст зада нашавад, ки ба суди ҳарду тараф буд. Инчунин ҷаноби Ғаниев пешниҳодоти имтиёзноке ҳам дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тухмии баландсифати пахта карда буд. Пешниҳодҳои онҳо барои мо воқеан судовар буданд, вале намояндагони давлатии ҳайати мо зарфияти дарки ин масъалаҳоро надоштанд ва бо сар ҷунбондану «мебинем, баррасӣ мекунем» гуфтан иктифо карданд. Дар ҳоле, ки пешниҳодҳои онҳо ба суди мо буд ва мо бештар аз онҳо ба ин ҳамкориҳо ниёз доштем.
Дар масъалаи мушкилоти соҳаи пахтапарварӣ ва роҳҳои ҳалли он ман мақолаи муфассале навишта будам, ки дар рӯз- номаи «Азия Плюс» нашр шуда буд. Чун он мақола ба забони русӣ буд ва хеле ихтисосӣ аст, дар ин ҷо оварданаш лозим дида нашуд. Вале барои алоқамандон он дар суроғаи: http://old.news. tj/ru/newspaper/article/pyat-prichin-gubyashchikh-tadzhikskoe-beloe-zoloto дар дастрас аст.