Главная / Биология / УСУЛҲОИ ГИБРИДИОЛОГИИ ОМЎЗИШИ МЕРОСГУЗОРИИ АЛОМАТҲО

УСУЛҲОИ ГИБРИДИОЛОГИИ ОМЎЗИШИ МЕРОСГУЗОРИИ АЛОМАТҲО

Чуноне ки маълум аст, бисёр ботаникҳо дар натиҷаи дурага кардани волидони гуногун, ки бо аломатҳои худ фарқ доштанд, кўшиш ба харҷ додаанд, ки механизми ба мерос гузоштани онҳоро кушоянд. Ба ин мақсади олӣ аввалин шуда олими Чех Г.Мендел ноил гардид. Мендел барои таҷриба навъҳои гуногуни растании нахўдро интихоб мекард. Чунки ин растаниро пеш аз ҳама ба осонӣ рўёнидан мумкин буд. Нахўд худгардолудшаванда буда, наслҳои гомозиготӣ ба вуҷуд меорад. Ин растанӣ, инчунин, аломатҳои саҳеҳи фарқкунанда дорад.

asp

Муҳимаш ин аст, ки Мендел дар аввал омўхтани танҳо як аломат ва баъдан чанд аломатро барои таҷриба ба кор бурд. Ин усул имкон дод, ки механизми қонуниятҳои меросгузории аломатҳои ирсӣ кашф карда шаванд.

Дар наслҳо ҳисоби омори (статистики)-ро ба кор бурда, тавассути тафаккури баланди математикӣ доштанаш Мендел пешрафти мураккабшавии таҷрибаро муайян карда буд. Аз ин нигоҳ, Мендел нисбат ба биологҳои ҳамзамони худ як зина баландтар меистод. Аз тарафи дигар, барои таҷриба организмҳои (хатҳои) софро истифода бурд. Аломатҳои ин растаниҳо дар натиҷаи худгардолудшавӣ дар наслҳои оянда таҷзия намешаванд. Ғайр аз ин, Мендел аз болои тағйирёбии аломатҳои ба чашм намоёни бо ҳам мухолиф мушоҳидаҳо гузаронид.

Масалан, гулҳои сурхчатобу сафед, қади баланд ва кўтоҳ, ранги донаҳои зарду сабз ва ғайра. Аз муқоисаи натиҷаи таҷрибаҳо ва ҳисоби назариявӣ Мендел ба хулоса омад, ки қонуниятҳои нишондодаи он характери умумии оморӣ дошта, чи қадар миқдори фардҳои дурагашуда зиёд бошад, ҳамон қадар ҳисоби амалӣ ва назариявӣ ба ҳам наздиканд.

Ҳамин тавр, усулҳо ва шаклҳои дар таҷриба истифода бурдаи Мендел дар соҳаи биология усули навро ба вуҷуд оварданд, ки бо номи усулҳои Мендел ё усули гибридиологӣ маъмуланд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Қонунҳои меросгузории аломатҳои ирсиро кӣ бори аввал кашф намудааст?
  2. Г.Мендел таҷрибаҳояшро дар кадом растаниҳо гузаронида буд?
  3. Бо ёрии кадом усулҳо ба Мендел муяссар гардид, ки қонунҳои меросгузории аломатҳои ирсиро кушояд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …