Главная / Биология / УСТУХОНБАНДӢ ВА МУШАКИ ПАРРАНДАҲО

УСТУХОНБАНДӢ ВА МУШАКИ ПАРРАНДАҲО

Сохти устухонбандии паррандаҳо аз дигар мӯҳрадорон фарқ мекунад. Масалан, мӯҳраи паррандаҳо ба дарозиаш сохти зиншаклро мегирад. Мӯҳраи паррандаҳо аз қисми гардан, сина, чорбанд, дум иборат буда, адади онҳо гуногун аст. Аз ҷумла мӯҳрамхои гардании паррандамҳо то ба 25 адад расида, якҷоя сохти зиншаклро гирифтааст. Масалан, дар кабӯтар 14, дар паррандаи хурди тропикӣ, ки як гр. вазн дорад — 9, дар паррандаҳои гардандароз (лаклак, қу, турна, фламинго) то 25 мӯҳраи гарданӣ ҳаст. Аз ин сабаб паррандаҳо дар як ҷо истода, сарашонро ба 360 дараҷа давр занонда метавонанд.

kabutar

Қафаси синаи паррандагон асосан аз 4 мӯҳраи бо ҳам часпида иборат буда, баръакси мӯҳраҳои гарданӣ беҳаракат мебошанд.

Мӯҳраҳои чорбанд дар ҳамаи паррандаҳо як миқдор нест. Масалан, дар чорбанди кабӯтар 14 мӯҳра якҷоя пайваст шудаанд.

Мӯҳраҳои думӣ ба ҳисоби миёна 7-то буда, охираш ба ғадуди думғозагӣ мубаддал шудааст.

Косаи сари паррандаҳо аз ҷиҳати сохташ ба косаи сари хазандаҳо наздик аст. Лекин косаи сари паррандаҳо сабук буда, қисмҳо ба ҳам барҷаста часпидаанд.

Дар асоси нӯли паррандаҳо узви растакӣ бинӣ ҳаст, ки ба даруни ҷоғи болой роҳ дорад.

Қисми китфи паррандаҳо аз устухони белча, калитак иборат аст. Ғайр аз ин устухонҳои қисми қафаси сина ба пойҳои пеш пайваст шудаанд.

Агар пойҳои пешро, ки бол ё ки қанот мегӯянд, аз пару пат тоза кунед, мебинед, ки аз устухони китф, оринҷ, соқ ва панҷаҳо иборат аст.

Азбаски паррандаҳо тухмзой мебошанд, тухми калон-калон доранд. қисми устухони кос васеъ мешавад. Устухонн кос бо пойҳои ақиб алоқаманд аст. Скелети пой аз устухони рон, соқ, панҷаҳо иборат мебошад. Баъзе паррандаҳо на бо панчаҳояшон.

Балки бо пих ба замин такя мекунанд, ки як вақтҳо он панҷаи панҷумин буд ва ҳоло редуксия шуда, изи он боқӣ мондааст, ки вайро пих меноманд.

Қисми аз ҳама сермушаки парранда қафаси сина буда, тамоми ҳаракати болро ба тартиб медарорад. Мушакҳои гардан ҳам нағз инкишоф ёфта, ба ҳаракати cap ёрӣ мерасонанд. Мушаки пойҳои паррандагони даштию биёбонӣ (шутурмурғ, дуғдоғ) хеле боқувватанд, Дар ҳамаи паррандагони дарахтгард мушакҳои қаткунандаи панҷаҳо чунон инкишоф ёфтаанд, ки ҳатто шабона шохасро дошта, ором хоб мераваду намеафтад. Ғайр аз ин, мушаки пойҳои паррандаҳои обй ҳам нағз инкишоф ёфтааст.

Вазни хоси парранда ҳам мисли самолёт аз қафо вазнин буда, барои боло баромадан ва поён фуромадан мушакҳои махсуси қафаси сина кор мекунанд. Қувваи теладиҳанда он вақт ба вуҷуд меояд, ки болҳои парранда тез-тез поён мешавад. Парранда ҳам мисли самолёт аз ҷойи истодааш суръат гирифта, медавад ё аз болои баландие худро хаво дода, бо ҷаҳиш парвоз мекунад.

Суръати парвози паррандагон ҳар хел аст. Масалан, кабӯтар дар як соат аз 50 то 90 км парвоз мекунад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …