Главная / Биология / Ушнаи торфӣ ва ҳосил шудани торф

Ушнаи торфӣ ва ҳосил шудани торф

Ушнаи торфӣ ё сфагнум чун дигар намуди ушнаҳо бошандагони ботлоқзорҳо мебошад. Он тақрибан 300 хелро дарбар мегирад.

Ушнаи торфиро бо ибораи дигар ушнаи сафед ҳам мегӯянд, чунки дар ҳолати хушк буданаш ранги зарду сафед ё бо пуррагӣ сафедро дорад. Дар ботлоқзорҳои сернам сфагнум пушиши қолинмонанди яклухтро пайдо мекунад. Дар он ҷойҳое, ки ушнаҳои торфй месабзанд, дигар растаниҳои дарахтӣ бад сабзида, пажмурда мешаванд.

ushnai-torfiУшнаҳои торфӣ гиёҳҳои бисёрсола буда, пояи дарози шохронда доранд. Пояи онҳо бо баргҳои борики хурд фаро гирифта шудааст. Дар ушнаҳои торфӣ реша ва ризоид дида намешавад. Сабзиши поя дар натиҷаи тақсимшавии ҳуҷайраҳои нӯгии поя ва шохчаҳояш ба амал омада, дар давоми сол тақрибан 2-3 см дароз мешавад. Дар баробари ин қисми поёнии поя тадриҷан хушк мегардад.

Барги ушнаҳои торфӣ аз ду хел ҳуҷайраҳо иборат аст, ки онҳо аз рӯи сохташон аз якдигар фарқ мекунанд. Яке аз ин ҳуҷайраҳои зинда хлорофиллдор буда, дигараш ҳуҷайраҳои мурдаи обиигоҳдоранда мебошанд. Ҳуҷайраҳои хлорофиллдор борику дароз буда, бо иштироки доначаҳои хлорофиллашон раванди фотосинтез амалӣ мегардад. Дар байни ҳуҷайраҳои борики хлорофиллдор ҳуҷай

Сфагнум растании дуҷинса мебошад. Яъне, ҳуҷайраҳои ҷинсии занона (архегония) ва мардона (антеридия)-аш дар як растанӣ, вале дар шохчаҳои гуногун ҷойгир шудаанд.раҳои байзашакли (тухмшакли) обнигоҳдоранда, ки бо ҷилди ғафс пӯшида буда, сӯрохичаҳои калон доранд. ҷойгир шудаанд. Тавассути ин сӯрохичаҳо ба ин ҳуҷайраҳо об ворид шуда, онҳо бо об пур мегарданд. Дар вақти хушк шудани растанӣ ин ҳуҷайраҳо обро бухор карда, бо ҳаво пур мешаванд ва ушна ранги сафедро мегирад. Ҳангоми дар об тар шудани растании хушк ин ҳуҷайраҳо чун исфанҷ бо тезӣ оби зиёдеро ба худ ҷаббида мегиранд. Қисми зиёди барг ва пояро ҳуҷайраҳои обнигоҳдоранда ташкил медиҳанд. Сфагнум ба туфайли ҳуҷайраҳои зиёди обнигоҳдорандааш 30-40 маротиба зиёдтар аз вазни хушкаш обро ҷаббида мегирад.

Бордоршавӣ одатан баҳорон ба амал меояд. Нутфа дар об ши- нокунон то архегония омада, бо он якҷоя мешавад. Аз ҳуҷайра- тухми бордоршуда поячаи бебарг ва ғӯзача бо сарпӯшчааш инкишоф меёбад. Сипас, спораҳои пухтарасида аз ғӯзачаҳо ба берун пош мехӯранд. Дар шароити қулай аз онҳо лавҳачаи сабзи (сабзаки) ризоидцор пайдо мешавад.

Ҳамин тавр, навиштаҳои болоӣ нишон медиханд, ки ушнаи торфӣ аз рӯи бисёр хусусиятҳояш ба ушнаи фохтазағирак монандӣ дорад. Вале аз рӯи чунин аломатхо, аз қабили надоштани ранги сабзи баланд, дуҷинса будан ва надоштани ризоид аз ушнаи фохтазағирак фарқ мекунад.

Агар ушнаи торфӣ дар сатҳи обанбор ба сабзишу инкишоф шурӯъ кунад (васеъ паҳн шавад), обанбор метавонад дар як муддати кӯтоҳ обашро гум карда, ба ботлоқ табдил ёбад.

Ҳосилшавии торф дар муҳити бағоят зиёди сернам ва бе иштироки оксиген ба амал меояд. Аз ин рӯ, дар қабатҳои гуногуни торф дар баъзе мавридҳо боқимондаи дарахтон, гард ва гули растаниҳое, ки ҳазорҳо сол муқаддам сабзидаанд, бокӣ мондаанд. Чунки онҳо бо пуррагӣ намепӯсанд. Набудани оксиген, паст будани ҳарорат ва кислотаҳои органикие, ки ушнаҳо аз худ хориҷ мекунанд, ба ин- кишофи бактерияҳо ва занбӯругҳои пӯсонанда монеъ мешаванд.

Ботлоқҳои торфӣ бештар дар Ҷумҳурии Белоруссия, Федератсияи Русия васеъ паҳн гардидаанд ва қариб 60%-и захираи торфи умумиҷаҳониро ташкил медиҳанд.

Торф сарвати пурқимати табиӣ мебошад. Онро хамчун нурӣ ба замин меандозанд. Инчунин торфро ба сифати сӯзишворӣ, ашёи сохтмоние, ки қобилияти баланди гармӣ ва хунукинагузаронӣ до- ранд, васеъ истифода мебаранд. Аз торф зифт, спирти чӯб, парафин, кислотаи карбонат, коғази ғафс (картон) ва дигар маводи зарурӣ мегиранд.

  1. Ушнаи торфӣ чӣ гуна сохт дорад?
  2. Ушнаи торфӣ аз фохтазағирак бо чӣ фарқ мекунад?
  3. Ушнаи торфӣ обро тавассути кадом ҳуҷайраҳояш меҷаббад?
  4. Ушнаи торфӣ чӣ тавр афзоиш мекунад?
  5. Торф чӣ тавр пайдо мешавад?
  6. Торф дар хоҷагии халқ чӣ аҳамият дорад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …