Главная / Без рубрики / Ушнаи сабз

Ушнаи сабз

Аз рӯи шакли морфологӣ (зоҳирӣ) ва анатомиашон ушнаҳоро ба ду гурӯҳи калон — ушнаҳои сабз ва торфӣ ҷудо мекунанд.

Ушнаҳои сабз нисбатан сернамоянда буда, тақрибан 14 ҳазор хелро дарбар мегиранд. Ушнаҳои сабз бо ранги сабзи баландашон, ки ба мавҷудияти микдори зиёди хлоропласти донашакл вобаста аст, аз ушнаи торфӣ фарқ мекунанд.

ushanai-sabz

Ушнаҳои сабз дар рӯи Замин васеъ паҳн гардида, онҳо бештар дар ботлоқзорҳо, ҷангалҳои сӯзанбарг, дар танаи дарахтон, рӯи сангҳо, ҳамчун қолини сабз, пӯшиши яклухтро пайдо мекунанд. Андозаи ушнаҳо аз 30 то 40 см мерасад.

Яке аз намояндаи васеъ паҳнгардидаи ушнаҳои сабз ин ушнаи сабзи фохтазагирак мебошад. Фохтазағирак то 30 см қад кашида, танааш бо баргҳои сабзи борик пӯшида шудааст. Чун дигар ушнаҳо фохтазагирак решаи асосй

Расми 9. Афзоиши уишаҳо (доираи инкишоф) надорад.

Вале, аз пояи фохтазағирак ба замин ризоидҳои шохронда дохил мешаванд, ки тавассути онҳо ушнаи фохтазағирак аз за- мин об ва моддаҳои ғизоиро ҷаббида мегирад. Инчунин, ризоидҳо ушнаро дар ҳолати амудӣ (вертикалӣ) устувор нигоҳ медоранд. Дар ҳучайраҳои барги ушнаи фохтазағирак хлоропласт (ки доначаҳои хлорофилл дорад) дида мешавад, ки дар он ҷо раванди фотосинтез мегузарад.

Дар вақти афзоиши ғайриҷинсӣ ушнаҳо спораҳои (ҳогҳои) зиёд ҳосил мекунанд. Сипас аз спораҳои навруста риштаи сабзи борики шохронда пешсабзак (протонема) инкишоф меёбад. Баъд аз риштаи шохронда муғҷаҳо ва пояҳои баргдор (гаметофит) ба вуҷуд меоянд. Дар нӯги пояи як гурӯҳи растаниҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии на- рина (антеридия) пайдо мешавад, ки дар он ҷо нутфа (сперматозоид) ҳосил мешавад. Дар нӯги пояи гурӯҳи дигари ушнахо ҳуҷайраи ҷинсии модина — архегония пайдо мешавад, ки дар он ҷо ҳуҷайра- тухм инкишоф меёбад. Бордоршавии онҳо фақат дар муҳити обӣ, ки боиси ҳаракати фаъоли нутфаҳо мегардад, ба амал меояд. Дар натиҷаи бо ҳамдигар омезиш ёфтани ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модина зигота (хучайратухми бордоршуда) ташаккул меёбад. Аз ҳуҷайратухми бордоршудаи растании “модина” – поя ва ғӯза (спорофит) пайдо мешавад. Дар ғӯзача бо роҳи мураккаб спораҳо пух- та мерасанд. Баъд ғӯзача кушода шуда, спораҳо ба берун пош мехӯранд. Аз спораҳои ба ҷои шароиташ мувофиқафтода риштаҳои сабзи шохронда (пешсабзак) мерӯянд. Сипас, ин риштаҳои шохрондаи сабз ба пояи сабзи баргдор (гаметофит), ки дар нӯга- шон ҳуҷайраҳои ҷинсӣ инкишоф меёбанд, табдил мешаванд.

  1. Дар рӯи замин чанд намуди ушнаҳо вомехӯранд?
  2. Фохтазағирак дар куҷо паҳн шудааст?
  3. Фохтазағирак чӣ гуна сохт дорад?
  4. Вазифаи решаро дар фохтазағирак кадом узв иҷро мекунад?
  5. Афзоиши фохтазағирак чӣ тавр амалӣ мегардад?
  6. Ушнаи сабз аз обсабзҳо чӣ фарқ дорад?

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …