Главная / Гуногун / Ҷунбишҳои халқӣ дар асрҳои XVII-XVIII

Ҷунбишҳои халқӣ дар асрҳои XVII-XVIII

Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII норозигии    оммаи халқ ниҳоят зиёд шуд. Сабабҳои асосии он зулму ситами тоқатшикан ва истисмори бераҳмона, ҷангҳои дохилӣ ва ҳамлаи давлатҳои ҳамсоя ва фақру гуруснагӣ буд.

Дар замонн Абдулазизхон (1645-1680) шӯрише дар деҳаи Даҳбеди Самарқанд рӯй дод. Хон шахсан ба муқобили шӯришчиён лашкар кашида онро фурӯ нишонд ва Даҳбедро оташ зад. Баъзан акси ҳол ҳам мушоҳида мешуд. Яъне оммаи халқи як вилоят дар атрофи яке аз тавонотарин ва обрумандтарин сарварони худ муттахид гашта, бар зидди ҳукумати марказӣ мубориза мебурд.. Яке aз чунин шахсон ҳокими ояндаи Ӯротеппа ва Хуҷанд Фозилбий юз буд. Дар охири асри XVII ва acpи XVIII ӯ тавонвст ки ба халқ такя намуда, хонҳои Бухороро ба ташвиш андозад ва мустақилии мулкашро таъмин намояд.

muhammad-murad-samarkandi-battle-_-shah-name-_-1556-300x161

Яке аз вилоятҳои саркаш Ҳисор буд. Мисоли равшани муборизаи халқи ин диёр воқеаҳои соли 1703 мебошад. Дар ин сол қисми калонтарин ва зафармандонае дар мулки Ҳисор рӯй дод. Сабабҳои он ҷанги байни ду феодал гардид. Лашкари Бухоро бо сардории Муҳаммадраҳимбий юз ба муқобили Ӯткан ном ҳокими яке аз қалъаҳои вилояти Ҳисор ҷанг cap кард. Вале лашкари Бухоро музаффарият ба даст наоварда, ақибнишинӣ намуд. Аз низоъҳои хунини байни феодалон ба танг омада, аҳолии Ҳисор ба даст сангу калтак гирифт. Шӯришчиён аз хони Бухоро талаб намуданд, ки онҳоро ҳимоят намояд, Қисми халқи ҷабрдида имконият дод, ки мулки Ҳисор тақрибан дар давоми 50 сол ҳамчун мулки мустақил арзӣ вуҷуд намояд.

Бар зидди Убайдуллохон дар Шеробод низ ҳаракати халқӣ ҷой дошт.

Соли 1708, дар вақти эълони ислоҳоти пул, халқи Бухоро бар зидди Убайдуллохон шӯриш бардошт. Дӯкону бозорҳо баста шуданд, кори савдо қатъ гардид. Дар бозор чизе ёфт намешуд. Ин боиси ба шӯриши ошкоро бархостани мардуми фақиру бенаво гардид. Вале шӯриши халқӣ бераҳмона пахш карда шуд. Чанд касро ба дор кашиданд. Ислоҳоти пул комилан ҷорӣ гардид. Вале ин шӯриши халқӣ чашми ҳукуматдоронро хеле тарсонда буд.

Дар ҳолати ногувор, хавфи ишғоли шаҳру вилоятҳо аз тарафи сардорони қабилаҳо ва ҳокимони ҳамсоя, оммаи халқ аксар вақт ҳукумати марказиро тарафдорӣ менамуд, чунки ҷангу низоҳои дохилии феодалӣ аҳолии ҳам шаҳр ва ҳам деҳотро хонахароб месохт. Масалан, як гурӯҳ феодалони қабилаи кенагас соли 1714 хостанд дар Бухоро табадуллоти дарборӣ гузаронанд ва ба арки хон дохил шаванд. Вале ин навбат халқ ба ҳимояи ҳукумат бархоста, дар шаҳр сангарҳо сохт. Фақат тавассути кӯмаки мардум ба хон муяссар гардид, ки душманашро саркӯб созад.

Ба ғайр аз шӯришҳои номбурда боз дар соли 1713 дар Самарқанд, соли 1719 дар Балх, соли 1747 дар Тошканд ва ҷойҳои дигар шӯришу ошӯбҳои халқӣ ба вуқӯъ омаданд. Ин баёнгари он аст, ки халқ, чӣ тоҷику чӣ ӯзбек аз сохту шароити мавҷудаи феодалӣ ба дод омада, баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ бар зидди ҳукумат ба муборизаи ошкоро бармехост.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …