Главная / Гуногун / Ҳукмронии сармояи хориҷӣ дар Америкаи Лотинӣ

Ҳукмронии сармояи хориҷӣ дар Америкаи Лотинӣ

Аввал Англия, ИМА ва баъд Германия аз ақибмонии иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ моҳирона истифода бурданд. Сармоядорони хориҷӣ ва заминдорони калони маҳаллӣ ба калисои католикӣ, ки дар байни мардум таъсири калон дошт, такя карда, дар асри XIX ба иқтисодиёти Америкаи Лотинӣ cap дароварда, онро ҳатто ба худ тобеъ намуданд.

amerikai-lotini1

Ба Америкаи Лотинӣ cap даровардани сармояи хориҷӣ ба пешравии нерӯҳои истеҳсолкунандаи ин минтақаи Америка монеа эҷод менамуд. Империалистон ва балегуёни маҳаллии онҳо барои дар ин мамлакатҳо бунёд кардани саноат манфиатдор набуданд. Онҳо иқтисодиёти мамлакатро ба эҳтиёҷоти халқҳои Америкаи Лотинӣ нею барои эҳтиёҷоти худ мутобиқ мекарданд. Барои ҳамин кишоварзии мамлакатҳои Америкаи Лотиниро ба ду-се зироати барои содирот муқарраргардида махсус мегардониданд. Масалан, дар Бразилия қаҳваю пахта парвариш карда мешуданд, дар Куба – найшакар, дар мамлакатҳои Америкаи Марказӣ – банан ва қаҳва. Ҳамин тариқ, мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ба манбаи ашёи хоми мамлакатҳои Европа ва ИМА табдил меёфтанд.

Хосе Марти (1853 – 1895) – шоир, публисист ва педагог, сарвари барҷастаи муборизаи озодихоҳонаи халқи Куба.

Дар ҷанги зидди мустамликадорон Испания ҳалок гардилааст

Тараққиёти яктарафаи иқтисодиёт аксарияти мамлакатҳои Америкаи Лотиниро ба молҳои содиротии ҳаётан зарури мамлакатҳои хориҷӣ вобаста менамуд, аз он ҷумла, ба хӯрокворӣ. Тобеияти мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ба сармояи хориҷӣ дар нимаи дуюми асри XIX боз ҳам афзуд.

Ширкатҳои инҳисории хориҷӣ аз мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ даромадҳои фаровон ба даст медароварданд. Онҳо муттасил ба корҳои дохилии ин мамдакатҳо дахолат мекарданд.

Дар асри XIX мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ба доми сармояи англис афтида буданд, лекин аз оғози асри XX cap карда онҳо беш аз псш ба империализми ИМА тобеъ шудан мегирифтанд. Дар як вақт ба Америкаи Лотинӣ даромадани сармояи Германия ҳам пурзӯр мегардид.

Иёлоти Муттаҳидаи Америка нисбат ба европаиён ба корҳои дохилии мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ бештар дахолат мекард. Дар оғози асри XX ширкатҳои инҳисории ИМА қариб дар ҳамаи давлатҳои ҳавзаи Баҳри Қариб ҳукмрон буданд. Имлериализми Америка ҳокимияти диктаторҳои Америкаи Лотиниро дастгирӣ намуда, ба озодии халқҳои он монеъ мешуд.

ИМА ханӯз дар оғози асри ХХ Канали Панамаро ба даст даровард. Ҷумҳурии Панама ба муддати дуру дароз ба мустамликаи ИМА табдил ёфт. Ҳангоми соли 1914 дар гарданаи Панама кушода шудании канал ҳукмронии ИМА дар мамлакатҳои ҳавзаи Баҳри Қариб боз ҳам мустаҳкамтар шуд.

Соли 1907 ИМА аз мушкилоти молиявии Ҷумҳурии Доминикан истифода бурда, бар болои он протекторат ва вомбаргҳои асоратовари худро бор мекунад. Чун дар Куба ИМА дар Ҷумҳурии Доминикан ба ташкили ҳамон ҳукуматҳое poҳ медод, ки гапдаро бошанд. Баромадҳои оммаи халқ бар зидди зӯроварии хориҷиён бераҳмона пахш карда мешуд. Соли 1916 ИМА ба Ҷумҳурии Доминикан лашкар фиристода, дар инҷо диктатураи ҳарбиеро ташкил кард, ки ба сарнайзаҳои америкавӣ такя мекард.

ИМА на як бору ду бор ба корҳои дохилии ҷумҳурии зангиёни Гаити дахолат карда, истиқлолияти оиро поймол мекард. Соли 1915 сипоҳиёни баҳринизоми ИМА Гаитиро ишғол намуданд. ИМА бо Гаити Созишноман нобаробар баста, дар амал дар ин мамлакат режими ҳарбию ишғолиро муқаррар кард. Сарватмаидони америкавӣ бойгарии Гаитиро ба зери дасти худ дароварданд. Аҳолии маҳаллӣ маҷбур буд дар зери истисмори хориҷиён умр ба cap барад.

Дар натиҷаи бор кардани вомбаргҳои асоратовар ва бастани шартномаҳои нобаробар банкҳои америкавӣ назорат аз болои ҳаёти иқтисодии Никарагуаро ба даст оварданд. Дар амал ҳукумати ин давлат дар ихтиёри ҳарбиёии ИМА буд. Тамоми Америкаи Марказӣ оҳиста-оҳиста ба мулки империализми Америка табдил меёбад.

Машғулияти асосии аҳолии Америкаи Марказӣ парвариши банан, афлесун ва қаҳва мешавад. Плантатори нисбатан калонтарини инҳисорӣ истеҳсоли мевагӣ “Юнайтед Фрут Компани” мешавад. Аз ин рӯ, дар мамлакатхри Америкаи Марказӣ “Юнайтед Фрут Компани“-ро маъмулан империяи банан меномиданд.

Зӯроварии ширкатҳои инҳисории империалистӣ ва мавҷудияти мулкҳои бузурги замин дар кишоварзӣ ҳамчун асоси муносибатҳои феодалӣ ба пешрафти соҳибкорӣ дар Америкаи Лотинӣ халал мерасонд, вале пурра пеши роҳи тараққиёти онро гирифта натавонист.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …