Главная / Без рубрики / Убайди Зоконӣ

Убайди Зоконӣ

Гузаштагони Убайди Зоконӣ аз Арабистон ба Эрон кўчида, дар Зокони Қазвин сукунат ихтиёр намуданд. Убайд соли 1270 дар хонадони вазири собиқ ба дунё омадааст. Ў таъли ми ибтидоиро дар зодгоҳаш – Зокон гирифта, баъдан дар мадрасаҳои шаҳри Бағдод таҳсил намудааст. Вале даҳшатҳои ҳаёти замони феодалӣ боиси дар мўҳтоҷӣ зиндагӣ кардани Убайди Зоконӣ гаштаанд. Ин ҳақиқатро дар ашъори мазмуни тарҷумаиҳолӣ доштаи ў дучор меоем:

Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест,
Ҷуз бангею пораи намад чизе нест.
Аз ҳар чӣ пазанд, нест ғайр аз савдо
В-аз дар чӣ хўранд, ҷуз лагад чизе нест…

Убайди Зокони

Ў соли 1370 аз олам чашм пўшидааст. Убайди Зоконӣ на висандаи шўхтабъ аст. Ҳаҷв равияи хоси эҷодиёти ў шинохта шудааст. Асарҳои ў дар шакли назм ва наср таълиф ёфтаанд. Мероси адабии Зокониро «Наводир-ул-амсол», рисолаҳои «Ахлоқ-ул-ашроф», «Садпанд», «Даҳфасл», «Дилку-шо», «Ришнома», достонҳои «Ушшоқнома», «Муш ва гурба», «Фолномаи буруҷ», «Фолномаи вуҳуш ва туюр», қасидаю ғазал, қитъаву рубоӣ, тарҷеъбанд ва осори дар шаклҳои хурди манзум таълифнамудааш ташкил медиҳанд.

Мазмуни асосии эҷодиёти ў аз танқиди ақидаҳои кўҳнашуда, афкори зиддихалқии замона, ҷаҳолатпарастӣ, кирдори ношоистаю баъзе урфу одатҳои мардум, эътирози зидди хонахаробии заҳматкашон аз ҷангҳои доимии дохилии ҷоҳталабон, тарғиби ақидаҳои ҳаётдўстӣ, муҳаббати поки инсонӣ иборат аст. «Рисолаи дилкушо» асари мансур буда, ба забони арабӣ ва тоҷикӣ таълиф ёфтааст. Он аз ҳикоятҳои хурд-хурд сурат гирифта, латифаҳои халқиро ба ёд меорад. Услуби нависанда агарчи ҳазлу мутоиба бошад ҳам, мазмуни ҷиддии танқидӣ дорад. Инро худи муаллиф ҳам ишорат намудааст:

Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор,
Ҳазл бигзору ҷидд аз ў бардор!

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …