Главная / Гуногун / Ҳуҷуми Нодиршоҳ

Ҳуҷуми Нодиршоҳ

Дар солҳои ҳукмронии намояндаи сулолаи Ҷониён Абулфайзхон (1711-1747) дар Осиёи Миёна давлати ягона вуҷуд надошт. Дар Самарқанд мулки мустақиле ба вуҷуд омада буд, ки бо Бухоро рақобат мекард. Ҳокими Самарқанд аз бодиянишинон кӯмак хост ва онҳо дар давоми ҳафт сол (1723-1730) водии Зарафшон (Миёнкол)-ро ба харобазор табдил доданд. Бо суми аспони худ манзараву киштзор ва боғоту токзорҳои деҳқононро поймол намуданд. Заминҳои кишт ва чарогоҳҳои мамлакат дар зери суми чорпоёни сершумори бодиянишинон ба биёбон мубаддал шуданд. Қаҳтӣ, гуруснагӣ ва қашшоқӣ cap шуда, чандсол ҳукмфармоӣ мекард. Сокинони Самарқанду Бухоро ба ҳарсӯ пароканда гардиданд. Ин вазъияти ҳараҷумараҷи сиёсӣ ва харобии иқтисодӣ имконияти ғалабаи Нодиршоҳро осон месохт. Нодиршоҳ кӣ буд?

nodirshoh

Дар ибтидои асри XVIII Эрон давраи мушкилро аз cap мегузаронид. Як қисми мулкро Туркия ишғол карда буд. Аз тарафи дигар, қабилаҳои афғон зидди ҳокимияти марказии Эрон шӯриш бардоштанд. Аз қисмати шимоли мамлакат Русия як қисми ҳудуди Озарбойҷонро бо шаҳри Боку ишғол намуд. Дар чунин шароит сарлашкари Эрон Нодиршоҳи Афшор ба арсаи идоракунии давлат омад. Ӯ тавонист, ки сарзамини Эронро аз афғонҳо ва туркҳо озод намуда, мамлакатро муттаҳид ва худро шоҳаншоҳи мулк эълон намояд. Бо ҳамин дар Эрон хонадони нав, сулолаи Афшорҳо ба сари давлат омад.

Вазифаи аввалиндараҷаи Нодиршоҳ баланд бардоштани иқтисодиёти Эрон ва пуриқтидор гардонидани лашкар буд. Забт намудани мулкҳои ҳамсоя ва ба талаву тороҷ даст задан пешаи шоҳ шуд. Нодиршоҳ писараш Ризоқулнхонро ҳамроҳи сарлашкараш Тахмосхони Ҷалоир барои ишғоли Балх равон карда, худаш ба ҷанубн Афғонистон ва Ҳиндустон равон гашт.

Баъди ишғоли Балх лашкари Ризоқулихон ба соҳили рости дарёи Аму гузашта, даст ба қатлу ғорат зад. Баъд аз ишғоли Ғузор онҳо ба сӯи Қаршӣ ҳаракат карданд. Сокинони қалъа ва ҳокими он барои имдод ба хони Бухоро муроҷиат намуданд. Абулфайзхон тирамоҳи соли 1737 бо лашкари худ ба сӯи Қаршӣ ҳаракат кард. Ҳокимони вилоятҳои гуногун, то Тошканду Хӯқанд бо лашкари худ ба кӯмаки хони Бухоро омаданд. Дар ихтиёри Абулфайзхон сад ҳазор лашкар чамъ омад.

Лашкари хони Бухоро сафи душманро рахна намуда, дохили Қapшӣ гардид. Ҳол он ки мебоист ба ҷанги зидди лашкари Эрон омада гардад. Аз фурсат истифода намуда, Ризоқулихон тӯпҳои худро ба кор андохт. Лашкари Бухоро бо ин намуд яроқ шинос набуд ва садои тӯпро ҳам нашунида буданд. Ба эрониён муяссар мешавад, ки ба лашкари Бухоро талафоти калон расонанд. Ҷанги шадид дар назди Қаршӣ ба шикасти лашкари Абулфайзхон анҷом ёфт. Микдори ғанимати ба дасти эрониён расида ҳадду канор надошт. Касони зиёд аз тири тӯпу замбӯрак мақтул гаштанд. Як қисми лашкар пароканда шуд. Аз лашкари садҳазораи хон сӣ ҳазор боқӣ монд.

Сарлашкари Эрон аз ғалабаи худ Нодиршоҳро, ки он вақт дар Қандаҳор меистод, огоҳ намуд. Инчунин ӯ навишта буд, ки баъд аз ишғоли Қаршӣ лашкари худро ба сӯи Бухоро раҳсипор мегардонад.

Вале Нодиршоҳ фармон равон кард, ки лашкари Эрон бояд ба сӯи Балх ақиб гардад. Ӯ нақша дошт, ки аввал Ҳиндустонро забт карда, баъд ба сӯи Мовароуннаҳр лашкар кашад.

Бо ҳамин амалиёти лашкари Эрон дар худуди хонин Бухоро зимистони солҳои 1737-1738 ба охир расид.

Вале Нодиршох муваққатан ақибнишинӣ карда буд. Ӯ бо тайёрии ҳамаҷониба ба ҳуҷуми қатъӣ гузаштан мехост. Ҳамлаи лашкари Ризоқулихон ба Қаршӣ барои падари ӯ замина шуд.

Илова ба харобии иқтисодии Осиёи Миёна, заиф гаштани хони Бухоро дар ҷангҳои байниҳамдигарӣ, барои ба осонӣ забт намудани ин мулк аз тарафи Нодиршоҳ мусоидат мекард.

Нодиршоҳ дар муҳорибаҳои Қафқоз, Афғонистон ва Ҳиндустон зафар ёфта, дар соли 1740 аз роҳи Балх ва Чорҷӯй ба Мовароуннаҳр дохил шуд. Дар ин давра табақаи ашрофи қабилаи манғит дар идоракунии Бухоро имтиёзи бсштаре пайдо мекунад. Нодиршоҳ майлҳои ҷоҳталабонаи феодалони осиёмиёнагиро моҳирона истифода мебурд. Яке аз онҳо Муҳаммадҳаким атолиқ буд. Писари ӯ Муҳаммадраҳим ба истиқболи Нодиршоҳ рафта, дар назди ӯ сари итоат фуруд овард. Худи Муҳаммадҳаким, ки аз тарафи Абулфайзхон барон музокирот ба ҳузури Нодиршоҳ фиристода шуда буд, низ ба манфиати шоҳи Эрон амал кард. Пас аз бозгаштан бо амри Нодиршоҳ Муҳаммадҳаким ҳукмрони Бухоро ва бародари ӯ Муҳаммаддониёлбӣ ҳокими Кармина таънн шуданд. Ба ин тариқа, Бухоро ба қаламрави Нодиршоҳ мубаддал гардид.

Худи ҳамон сол (1740) Нодиршоҳ муқовимати Элбарсхонро шикаста, Ӯро дар муҳориба ҳалок намуда, Хеваро низ забт кард ва ба сари ҳокимият қоиммақоми худро нишонд. Ӯ ҳам дар Бухоро ва ҳам дар Хева захираҳои озуқа, пул ва дигар чизҳои пурқимматро мусодира карда. аскарони маҳаллиро ба қӯшуни худ хамроҳ намуд.

Пас аз вафоти Муҳаммадҳакимбӣ писари ӯ Муҳаммадраҳимбӣ қӯшуни пурқувват ва боинтизоме ташкил дода исёни амирони мухолифро фурӯ нишонад. Ӯ дар дарбори Абулфайзхон мавқеи асосиро ишғол карда, амалан ҳукмрони давдати хонӣ гардид.

Соли 1747 Нодиршоҳ кушта шуда, давлати бузурги ташкилкардаи ӯ рӯ ба завол ниҳод.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …