Главная / Гуногун / Ҳуҷуми артиши Русия ба Осиёи Марказӣ

Ҳуҷуми артиши Русия ба Осиёи Марказӣ

Бо сабабҳои дар боло нишон додашуда соли 1864 ҳуҷуми густурдаи артиши Русия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Моҳи сентябри соли 1864 Чимкент ба ғосибон таслим шуд. Баъди ин артиши истилогарони Русия ба сӯи Тошкент раҳсипор шуд. Дар охирҳои моҳи апрели соли 1865 муҳофизони қалъаи Ниёзбек аз русҳо шикаст хурданд. 15 июни соли 1865 артиши Русия яке аз шаҳрҳои калонтарини Осиёи Марказӣ-Тошкентро ҳам ба даст даровард. Ин шаҳр тирамоҳи соли 1868 ба ҳайати Русия дохил карда шуд.

Дар миёнаҳои соли 1865 амири Бухоро Музаффар ба водии Фарғона лашкар кашид. Лашкари Қӯқанд алайҳи дастаҳои артиши аморати Бухоро ба таври бояду шояд муқовимат карда натавонист. Ба ҳамин сабаб амир Музаффар Қӯқандро бо осонӣ забт карда, ҳокими собиқи он Худоёрхони барои золимиаш аз тарафи шӯришгарон аз ҳокимият дур кардашударо дубора ба тахти хонии ин давлат шинонд.

Амир Музаффар аз муваффақияти худ илҳом гирифта, сафиронашро ба Тошкент мефиристонад, то ки ба намояндагони Русия расонанд, ки ин шаҳрро фавран монда раванд. Лекин талаби амир бе ҷавоб мемонад.

Нерӯҳои ҳарбии русҳо дар Осиёи Марказӣ ҳамоно истилогарии худро идома медоданд. Губернатори ҳарбии Туркистон М. Г. Черняев моҳҳои январу феврали соли 1866 чандин маротиба ба ҳуҷум гузашта, қалъаи Ҷиззахро фатҳ карданӣ шуд, вале аз уҳдаи ин кор набаромад. Аз ин рӯ, ба ҷои М. Г. Черняев губернатори ҳарбии Туркистон Д. И. Романовский таъйин мегардад. 8 майи соли 1866 губернатор, нави ҳарбии Туркистон дар муҳорибаи Эрчар ба сипоҳиёни амир шикаст медиҳад. Баъди ин Д. И. Романовский муваққатан аз ишғоли аморати Бухоро даст кашида, ба тарафи Хуҷанд ҳаракат кард ва 24 майи соли 1866 ин шаҳр, 2 октябри ҳамон сол қалъаи Нов ва аз паси он истеҳкоми Ӯротеппаро низ ишғол мекунад. Д.И. Романовский танҳо баъди ин музаффариятҳо неруҳои ҳарбии худро ба сӯи Бухоро равон кард.

5b1fa828370f2c12468b459f

Амир Музаффар бошад, ба ҷанги зидди Русия қодир набуд. 18 октябри соли 1866 артиши Русия Ҷиззахро ишғол намуда, мавқеи худро дар хоки Бухоро мустаҳкам карда, ба ҳуҷуми зидди Самарқанд омодагӣ мегирифт.

Ҳукумати Русия барои музофотҳои истилокардаи Осиёи Марказӣ системаи идоракунии мустамликавии худро ташкил кард. Соли 1867 он Генерал-Губернатории Туркистонро таъсис намуд. Генерал-губернатори аввалини ин мустамликаи Русия К. П. Кауфман таъйин гардид.

Аввалҳои соли 1868 Худоёрхон ба қарордод дар бораи ба империяи Русия тобеъ будани хонии Қӯқанд имзо гузошт. Худи ҳамон сол артиши русҳо таҳти роҳбарии К. П. Кауфман дуюмбора ба тарафи Бухоро раҳсипор шуданд. Аскарони К. П. Кауфман баъди ишғоли Ҷиззах 2 майи соли 1868 шаҳри Самарқандро низ ишғол карданд. Акнун навбат ба Бухоро расид. Дар сари роҳи он Қаттақӯрғон меистод. Амир Музаффар тамоми Нерӯҳои ҳарбии худро дар ин ҷо ба муқобили артиши Русия гузошт, вале он дар наздикии Зирабулоқ шикаст хӯрд. Баъди ин шикасти шармандавор амир Музаффар аввал хост, ки аз амирӣ даст кашад, вале баътар аз ин андешаи худ даст кашида, ба назди генерал К. П. Кауфман элчӣ (сафир, намоянда) фиристод. Худаш бошад, ба Бухоро рафта, ба ҷавоби К. П. Кауфман интизор шуд.

Генерал-губернатори Туркистон К. П. Кауфман пешниҳоди амир Музаффарро оиди сулҳ қабул кард. Мувофиқи Созишномаи сулҳи Зирабулоқ аз 23 июни соли 1868 қисми қаламрави Бухорои аз тарафи аскарони Русия ишғолкарда ба Русия гузашт. Бухоро ҳуқуқи бо давлатҳои хориҷӣ мустақилона муносибат карданро аз даст дод. Ҳамин тариқ, амири Бухоро ба вассали ҳалқабаргӯши империяи Русия табдил ёфт. Агенти Кулли сиёсии Русия аз Когон истода, ба фаъолияти амири Бухоро назорат мекард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …