Главная / Гуногун / Тунис дар асри XIX

Тунис дар асри XIX

Тунис лавлати аввалини араб буд, ки дар давраи империализм ба мустамлика табдил ёфтааст. Барои ишғоли ин давлат Фаронса ва Англия бо ҳамдигар рақобат мекарданд. Дар солҳои 70-уми асри XIX ба ин рақобат Италия низ ҳамроҳ мешавад. Соли 1871 кӯшиши Италия барои бо роҳи осоишта ба даст даровардани иҷозатномаи иҷора бенатиҷа баромад.

563000015

Сармоядорони Фаронса, ки кайҳо боз ба иқтисоди Тунис сармояи худро ворид сохта, заминҳои зиёдро кашида гирифта ва иҷораҳои фоиданок ба даст дароварда буданд, боисрор ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки ин мамлакатро ба ниммустамликаи Фаронса табдил диҳанд. Масъалаи Тунис дар Конгресси байналхалқии Берлин гузошта шуд. Дар ин конгресс дар амал тақсими империяи Усмониён сурат гирифт. Ба Фаронса бо таклифи Германия ғайрирасмӣ иҷозат дода шуд, ки Тунисро забт намояд. Бо ин кор  Германия ракиби европавии худ Фаронсаро то дараҷае дар муқобили Италия гузошт. Аз тарафи дигар, гузашткунии Тунис ба Фаронса барои Англия фоиданок буд. Дар арафаи ишғоли Миср Англия намехост, ки Фаронса бо вай рақобат кунад. Рақибони Фаронса дар ишғоли Тунис империяи Усмониён ва Италия буданд. Лекин Фаронса, ки ба зӯрии худ боварӣ дошт, ба мавқеи ин ду давлат аҳамияте ҳам намедод.

Ҳамин тариқ, соли 1881 Фаронса Тунисро ишғол мекунад. Моҳи майи соли 1881 бей аз хавфи маҳрум шудан аз тоҷу тахт маҷбур шуд, ки ба матни шартномаи пешакӣ тайёр кардашудаи фаронсавиҳо имзо гузорад. Ҳарчанд дар ин шартнома иборан “пуштибонӣ” истифода шуда бошад ҳам, санади мазкур шартномаи ба мустамликаи Фаронса табдил ёфтани Тунисро ифода мекард. Тунис ҳуқуқи сиёсати мустақилонаи байналхалқиро аз даст дод. Бейи Тунис ӯҳдадор шуд, ки бе розигии Фаронса ба ягон созиишомае, ки моҳияти байналхалқӣ дорад, имзо намегузорад.

Моҳи июни соли 1881 бей дар бораи он, ки Фаронса дар муносибати Тунис бо давлатҳои дигар “миёнарави ягона аст”, амри худро интишор кард.

Таслимшавии бейи Тунис дар мамлакат қаҳру ғазаби оммаро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа шӯриши калоне ба амал омад, ки он тамоми Тунисро фаро гирифт. Аксарияти аскару афсарҳо бе ҷанг ба тарафи шӯришчиён мегузаштанд. Дар ин шӯриш намояндагони ҷамоаи динии марабутҳо, ки шиори “ҷанги муқаддас”-и зидди Фаронсаро эълон карда буданд, саҳми калон гирифтанд. Муборизаи артиши Фаронса бар зидди шӯришчиён якчанд моҳ давом кард. Баъди он ки маркази шӯриш Қайравон гирифта шуд, нуқтаҳои муқовимат дар Шимол ва Маркази Тунис шикаст хӯрданд. Бо вуҷуди ин дар ҷануби Тунис мубориза бар зидди фаронсавиҳо то охири ҳамон сол давом кард.

Баъди пахши шӯриш фаронсавиҳо ба ташкил намудани сохтори давлатии мустамликавие шурӯъ карданд, ки дар Тунис ҳукмронии сармояи Фаронсаро таъмин намояд. Моҳи июни соли 1883 Созишномаи нави Фаронсаю Тунис ба имзо расид, ки дар он бори аввал дар муносибати Фаронса бо ин давлат калимаҳои “Фаронса ҳокимиятро дар Тунис пурра ба ихтиёри худ мегирад” истифода бурда шуданд. Соли 1884 Комиссияи байналхалқии молия барҳам дода шуда, корҳои марбут ба молияи Тунис ба ихтиёри резиденти кулли Фаронса дода шуд. Бо ҳамин дар амал дар Тунис тамоми ҳокимияг ба ихтиёри намояндаи кулли Фаронса гузашт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …