Главная / Гуногун / ТУБИ НАВ (Шеър барои кудакон)

ТУБИ НАВ (Шеър барои кудакон)

Дадом омад аз Москав,
Овард ба ман туби нав.
Онро гирифта тозон
Рафтам назди бачагон.

Бо шодӣ ҳай тозидем
Бо туби нав бозидем.
Аз ин тараф Салим зад,
Аз он тараф Ҳалим зад.

etubХуршед бо пои чап зад,
Ҷамшед дар вақти гап зад.
Бозор зад бо ситеза,
Нор зад сӯи тиреза.
Рафта бинам кафидаст,
Шиша ба он халидаст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …