Главная / Гуногун / Занони раҳрӯб ва муомилаи тролейбусчии бадахлоқ

Занони раҳрӯб ва муомилаи тролейбусчии бадахлоқ

Мегӯянд бетарафӣ бешарафист. Боз мегӯянд хомӯшӣ беҳтар. Аммо ба номи Худо қасам дар амали баъзеҳо ҳатто сангинтарин қалб пора меша. Имшаб буд. Соат 22:20. Трелейбуси рақами 1 ба қавли пулчин “дежурка” ҷониби 9-ум км ҳаракат мекард ва пулчин ё “кандуктор”, “18 мерем” гӯён фарёд мезад. Чун назди маркази савдои Садбарг расид, ду зани роҳрӯб дар даст ҷорӯб хостанд ба трелейбуси мазкур савор шаванд. Дар ҳамин ҳол ронандаи бадрафтору бадахлоқу баддаҳан бо садои дағалу дурушт сӯйи модарони муштипари заҳматкаши тозакори шабкору шабзиндадор, ки корашон озодагии пойтахт аст, баланду воҳиманок дуғ зад: “ээээ, нашинен, қати ҳаму ҷорӯботон безор карден. Трелейбуса ҳами шумо ҷазир кадаен, ақл надорен хутон?, дар ҷони мо задаен”.
trolebusМагар, модаре, ки то нимашаб дар даст ҷорӯб ба рӯбучину тозагии муҳити атрофи шаҳр машғул аст, чӣ тавр бе ақл буда метавонад? Оё дар ин нимашабӣ ун бечораҳои муштипари беозор бо кадом нақлиёт ба хонашон мерасанд, вақте охирин трелейбус онҳоро қабул надошта бошад? Оё як баргаки ҷорӯби ун модаракон дар трелейбуси фарсудаву шалақаву пур аз хоктӯда уфтод, олам чапагардон мешавад? Дар ҳоле, ки яке аз модарон ба гоҳи садои ғаши ронанда гуфт, ки “ҷорӯбой мо намерезан, мо лаппатеч кардемшон”. Ҳамоно ронандаи бадсират унҳора дар ҳамин ғоти шаб савор накард ва модарон хамӯш дар истгоҳи будаашон мунтазир монданд.
Қалби ман пора гашт, дилам об шуд, вой бар ҳоли мо. Ман модарамро ҷойи онҳо тасаввур кардам, чаро ки як замон модари ман ҳам ҳамин масъулиятро бар дӯш дошт ва ман поси шаб, шабҳои сармо ӯро то хона ҳамроҳӣ мекардам. Агар айби ҷорӯбҳои ун модаракон бошад, майлӣ, аммо ун ронанда аз аввал сари ҳар гардиш бо ҳақорату дашном ва садои баланд гап мезад, киро мегуфт, номаълум. Хайрият дохили трелейбус аз ҷинси латиф як зани рустабор буд, вагарна дар дашномҳои ӯ….
Рақами трелейбус 11-00. Хатсайри рақами 1. Чора бинед масъулин. Ман инро пайгирӣ мекунам, зеро масъалаи эҳтироми модар барои ман болотар аз иззати ҳама бузургиву бузургони олам аст, баъди Худо. Пешвои муаззами миллат ҳам ба поси эҳтироми зан, модар, борҳо ибрози ақидаи бағоят бузург кардаанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …