Главная / Биология / Қонуни тозагии гаметаҳо

Қонуни тозагии гаметаҳо

Дар натиҷаи таҷрибаҳо Г.Мендел ба хулоса омад, ки омилҳои ирсӣ, яъне генҳо дар гаметаҳо (ҳуҷайраҳои ҷинсӣ) омехта нашуда, дар ҳолати тоза (бетағйир) мемонанд. Дар наслҳои якуми гибридӣ (Ғ1) ки аз дурагакунии волидон ало- матҳои фарқкунанда пайдо шудаанд, ҳарду омил, яъне доминантӣ ва ресессивӣ ҷой дорад. Дар шакли аломат омили доминантӣ зоҳир шуда, омили ресессивӣ пароканда шудааст. Дар вақти афзоиши ҷинсӣ робита дар байни наслҳо ба воситаи ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ва зигота (тухми бордор) мегузарад. Аз тақсимшавии мейоз маълум аст, ки дар гаметаҳо аз ҷуфти омилҳо танҳо як омил (ген) ҷой дорад.

gametaДар вақти бордорӣ, яъне омезиши ду ҳуҷайраи ҷинсӣ (нарина ва модина), ки дар таркибашон омилҳои ирсии ресессивӣ доранд, фардҳои аломатҳояшон ресессивиро пайдо мекунанд. Дар аснои омезиши (якҷояшавии) гаметаҳои дорои аломати доминантӣ, ё аз ду гамета яктоаш дорои гени доминантӣ ва дигараш гени ресессивӣ, организмҳои аломаташон доминантӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамин тавр, зоҳиршавии аломати ресессивии яке аз волидон (Р) дар насли дуввум (Ғ2) дар мавриди риоя кардани шартҳои зерин амалӣ мегардад:

  1. Дар мавриде, ки аломатҳои ирсии гибрид бетағйир нигоҳ дошта шаванд.
  2. Модоме, ки ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (гаметаҳо) дорои яке аз ҷуфти аллели генҳо бошанд.

Таҷзияи аломатҳоро дар наслҳои дурагашудаи фардҳои гетерозиготӣ Мендел чунин шарҳ медиҳад: гаметаҳо аз ҷиҳати генетикӣ тоза (пок)-анд, яъне дар гаметаҳо аз ҷуфти аллелии генҳо танҳо як ген ҷой дорад. Аз ин ҷо, қонуни то- загии гаметаҳоро чунин шарҳ додан мумкин аст: дар рафти пайдоиши ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (гаметаҳо) ҳар яки он фақат дорои яке аз генҳои ҷуфти аллелӣ мебошад.

Сабаб дар он аст, ки дар ҳар ҳуҷайраи организм миқдори муайяни хромосомаҳои якхелаи диплоидӣ ҷой дорад. Ин хромосомаҳои якхеларо хромосомаҳои гомологӣ меноманд ва дар ду хромосомаи гомологӣ ду аллели якхела (ген) ҷой-гир шудаанд. Пайдоиши гаметаҳои тозаи генетикиро бо чунин схема нишон додан мумкин аст:

Баъди омезиши гаметаи модина ва нарина, дурагаи насли якум (Ғ1) бо миқдори хромосомаҳои диплоидӣ пайдо мешавад:

Аз нақша бармеояд, ки зигота нисфи хромосомаҳоро аз модар ва нисфи дигарро аз падар мегирад. Дар рафти пайдоиши гаметаҳо дар дурагаҳо хромосомаҳои гомологӣ дар даври якуми тақсимшавии мейозӣ дар ҳуҷайраҳои гуногун ҷойгир мешаванд:

Тақсимоти фенотипӣ ва генотипӣ дар наслҳои дурагаи ду организми гетерозиготӣ чунин аст:

Дар нақша асоси ситологии таҷзияи моногибридии аломатҳо дар наслҳои дурага нишон дода шудааст. Асоси онро тақсимшавии хромосомаҳои гомологӣ дар рафти мейоз муайян карда, гаметаҳои гаплоидӣ пайдо мешаванд, баъди бордоршавӣ боз хромосомаҳои гомологии диплоидӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамин тариқ, аз ин ҷуфти аллелӣ ду навъ гамета пайдо мешавад. Дар ҷараёни бордорӣ гаметаҳои якхела ё гуногун тасодуфан ба ҳам омехта мешаванд. Мувофиқи назарияи эҳтимолияти математикӣ, агар миқдори фардҳо нисбатан зиёд бошанд, дар наслҳо 25%-генотипҳо гомозиготии доминантӣ, 50%-гетерозиготӣ, 25%- гомозиготии ресессивӣ пайдо мешаванд. Яъне 1АА: 2Аа:1аа. Дар наслҳои дуюми дурагаҳои моногибридӣ бошад, таносуби тақсимоти шаклҳои фенотипӣ чунин аст: 3/4 ҳиссаи фардҳо бо аломати доминантӣ ва 1/4 ҳиссаи онҳо бо аломати ресессивӣ (3:1).

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …