Главная / Гуногун / Роҳҳои кӯчиши тоифаҳои ҳиндуэронӣ ва комплексҳои археологии Осиёи Миёна

Роҳҳои кӯчиши тоифаҳои ҳиндуэронӣ ва комплексҳои археологии Осиёи Миёна

Тоифаҳои ҳиндуэронӣ то замони аз ҳам ҷудо шудани худ дар куҷо сукунат доштанд, кай ва бо кадомин роҳҳо кӯчидан аз маҳалҳои аслии гузаштагони ин ва ё он тоифаҳои эронӣ ва ҳиндуориёӣ ба амал омад? Донишмандон ба ин суолҳо ҷавобҳои мухталиф додаанд. Доир ба ин масъала дар илм ақидаҳои гу-ногун ба вуҷуд омадаанд[72]. Вале ақидаи нисбатан маъмул ва ба ҳақиқат наз-дик он аст, ки аҷдоди тоифаҳои мухталифи ҳиндуэронӣ то замони азҳамҷу-дошавӣ дар сарзамини Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамҳудуди он зиндагӣ ба сар бурда, сипас, як гурӯҳи ҳиндуориёӣ аз ин ҷо ба ҳиндустон кӯчидааст ва гурӯҳи дигар дар Осиёи Пеш маскан гирифта, тақрибан дар миёнаҳои ҳазораи II пеш аз милод осори нутқ ва маданияти худро боқӣ гузоштааст, ҳамчунин тоифаҳои эронӣ, аҷдоди мидиҳо, форсҳо ва ғайра ба самти Эрони ғарбӣ ҳаракат карда, дар он ҷо сукунат ихтиёр намудаанд. Чунин нуқтаи назарро аксари муаррихон ва донишмандони забонҳои эронӣ тарафдорӣ мекунанд[73]. Дар байни бостоншиносони советӣ ҳам ин ақида бартарии комил дорад; онҳо одатан ориёиҳо ва эрониҳоро аҳли маданияти андронӣ ва ё даштии Осиёи Миёнаи аҳди биринҷӣ мешуморанд (А.Н.Бернштам, С.П.Толстов, М.А.Итина, Ю.А.Заднепровский, Е.Е.Кузмина, А.М.Манделштам ва диг.) Мутобиқи дигар нуқтаи назар, аҳолии зироаткори ҷанубу ғарбии Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамҷавори Эрон ва Афғонистон низ ҳанӯз аз ҳазораи III пеш аз милод ва ё аз нимаи дувуми он ба қавми ориёӣ дохил мешуданд (С.П.Толстов, В.М.Массон, И.М.Дяконов, Ю.В.Ганковский ва диг.)

Вале, дар баробари ин, ақидаҳои дигар ҳам мавҷуданд. Масалан, баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки тоифаҳои эронӣ – аҷдоди мидиҳо, форсҳо ва дигар халқҳои ғарбиэронӣ на аз шарқ, яъне аз Осиёи Миёна, балки аз шимол, ба воситаи Кавказ ба сарзамини Эрон ворид гардидаанд (Г.Хюсинг, Ф.Кениг, Р.Гиршман, Э.А.Грантовский). Бар тибқи чунин мулоҳиза, онҳо изҳори ақида менамоянд, ки дар ҳазораи II пеш аз милод тоифаҳои эронӣ ё қисми онҳо дар ҷанубу шарқи Европа умр ба сар бурдаанд. Дар ин маврид ҳам мӯътақиданд, ки қисми дигари тоифаҳои эронӣ он вақтҳо дар Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамсояи шимолии он сукунат дошта, гузаштагони ҳиндуориёиҳо ба ҳиндус-тон аз Осиёи Миёна омадаанд.

Аммо чанде аз олимони дигар ақидае доранд, ки гӯё тоифаҳои эронӣ аз тарафи Кавказ ба Эрон омада, сипас, аз ҳамин ҷо ба маҳалҳои ҷануби назди Урал ва дигар вилоятҳои Осиёи Миёна рафтаанд (Ф.Алтхайм, К.Йеттмар).

oriyoiГурӯҳи ориёиҳои дар ҳазораи II пеш аз милод ба Осиёи Пеш роҳёфтаро ҳам аксар вақт аз Кавказ «мегузаронанд». Бо вуҷуди ин, ҳамон як ақида, ки дигар тоифаҳои ориёӣ, аҷдоди эрониҳо ва ҳиндуориёиҳо, то замони ба дигар кишварҳо кӯчиданашон, дар Осиёи Миёна ва маҳалҳои ҳамсояи он якҷоя мезистаанд, ғолибан таъкид меёбад[74]. Дар чунин ҳолат ба ҳиндустон рафтани аҷдоди ҳиндуориёиҳоро ба нимаи дувум ё асрҳои охири ҳазораи II пеш аз милод нисбат медиҳанд, мутахассисон бошанд, санаи «Ригведа»-ро қарибии асрҳои ХII–Х пеш аз милод ҳисоб мекунанд[75].

Баъзе муҳаққиқон аз рӯи ақидаи бо роҳи Кавказ ба Осиёи Пеш рафтани ориёиҳо ба хулосае омадаанд, ки маҳз ҳаминҳо ниёгони ориёиҳои ҳиндустон мебошанд. Онҳо, пас аз он ки қарибиҳои асри ХII пеш аз милод аз вилоятҳои Осиёи Пеш танг карда бароварда шуданд, роҳи ҳиндустонро пеш гирифтанд[76]. Дар айни замон қазияе пешниҳод мешавад, ки мувофиқи он, маълумот ва мадракҳои археологӣ дар асрҳои охири ҳазораи II пеш аз милод, тақрибан асрҳои ХII–Х пеш аз милод аз Осиёи Пеш ва моварои Кавказ ба воситаи Эрон ба тарафи ҳиндустон ҳаракат кардани аҷдоди ориёиҳои ведиро гувоҳӣ медиҳанд.

Боз як нуқтаи назари тамоман фарқкунанда ҳаст, ки дар асоси он ба ҳиндустон сокин шудани тоифаҳои ориёӣ ба замонҳои қадимтарин, яъне ба ҳазораи III пеш аз милод рафта мерасад. Ин ақида бо таърихгузории пешинаи «Ригведа», ки онро ба давраҳои қабл аз ҳазораи II пеш аз милод нисбат додаанд (ва ҳоло ҳам баъзе донишмандони ҳинд инро қабул доранд), марбут аст. Дар воқеъ, ин ёдгории қадимаи адабиёти динии ориёӣ дар ҳиндустон (тақрибан дар ҳудуди Панҷоб ва саргаҳи Ҷамнаву Ганга) ба вуҷуд омадааст. Ба муносибати дар водии ҳинд ва ноҳияҳои наздики он кашф гардидани маданияти Хараппа – Моҳенҷо-Доро, ки дар нимаи дувуми ҳазораи Ш ва асрҳои аввали ҳазораи II пеш аз милод вуҷуд доштааст, гумони баъзе олимон боз ҳам қавитар гардид, ки ориёиҳо ҳанӯз дар ҳамон вақтҳо ба ҳиндустон маскан кардаанд ва ин маданият аз онҳост.[77] Илова бар ин, ҳатто чунин пиндоре ҳам ҳаст, ки гӯё «Ригведа» аз маданияти Хараппа қадимтар бошад[78].

Ҳамин тариқа, чунон ки мебинем, дар бораи маҳалҳои аслии иқомати тоифаҳои ориёӣ, дар хусуси замон ва роҳҳои ба дигар кишварҳо кӯчидани онҳо нуқтаи назар ва ақидаҳои хеле гуногун пайдо шудаанд. Вале аз ин чунин барнамеояд, ки барои ҳалли муаммои ориён ягон асоси боварибахш набошад. Баръакс, маълумот ва мадракҳои илмии бадастомада ва натиҷаҳои тадқиқи объективонаи бисёр олимон имкон медиҳад, ки, аз як тараф, баъзе назарияҳои беасоси дар боло тавсифшударо рад кунем ва, аз тарафи дигар, як қатор фикру ақидаҳои комилан эътимодбахшро қабул ва эътироф намоем. ҳамчунин мадракҳое, ки солҳои охир ба даст омадаанд, аз ҷумла бозёфтҳои тозаи бостоншиносони советӣ дар Осиёи Миёна роҳи баъзе хулоса ва тахминҳои ба ҳақиқат наздиктарро низ мекушоянд.

Фикри ҳанӯз дар ҳазораи III пеш аз милод сокини ҳиндустон гардидани ориёиҳо ва фарзияи ба онҳо тааллуқ доштани маданияти Хараппа тамоман асосе надорад. Наздикии бевоситаи забонҳои ҳиндуориёӣ ва эронӣ, умуман ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ тааллуқ доштани гурӯҳи забонҳои ориёӣ, маълумоти роҷеъ ба алоқаҳои дуру дароз ва муттасили аҳли ин забонҳо ва як қатор мулоҳизаҳои дигар ҳама гуна тахмину гумонҳои хеле пештар, лоақал дар аввалҳои ҳазораи II пеш аз милод ба ҳиндустон маскан кардани тоифаҳои эрониро аз байн мебаранд[79]. Он чӣ оид ба маданияти Хараппа бошад, вай зодаи асрҳои ХХIV–ХХIII пеш аз милод (ё миёнаҳои ҳазораи III пеш аз милод) аст. Ғайр аз ин, чунон ки мадракҳои илми бостоншиносӣ собит менамоянд, маданияти Хараппа дар заминаи тараққиёти маданияти маҳаллии қадимтаре, ки дар нимаи аввал ва миёнаҳои ҳазораи III пеш аз милод дар водии ҳинд ва ноҳияҳои ҳамсояи он ҳукмфармо буд, ба вуҷуд омадааст[80]. Худи ҳамин ҳам далели он аст, ки офаринандагони маданияти Хараппа ба аҳолии пешазориёии ҳиндустон тааллуқ доранд. Илова бар ин, аз рӯи мулоҳизаи қонеъкунандаи як идда донишмандони имрӯза, аҳли маданияти Хараппа ба забони гурӯҳи дравидӣ ё ба забони ба он наздик гуфтугӯ мекардаанд. Зоҳи-ран, аҳолии пешазориёии водии ҳинд ва навоҳии ҳамсояи он ба ҳамин гурӯҳ дохил мешудаанд. Ин иддаоро таъсири зиёди забони дравидҳо ба забони ориёиҳои ҳиндустон, ки падидаҳои онро метавон дар «Ригведа» ҳам мушоҳида намуд, инчунин як силсила далелу мадракҳои дигар ба субут мерасонанд[81].

Дар вақти ҳозира халқҳое, ки ба забонҳои гурӯҳи дравидӣ гап мезананд, асосан дар ноҳияҳои ҷанубтари ҳиндустон зиндагонӣ мекунанд. Дар вилоятҳое, ки дар самти ғарби ҳинд воқеанд, дар сарзамини кунунии Покистон ва ноҳияҳои ҳамсояи ҷануби Афғонистон ҳоло ҳам қавми брагӯи дравидизабон боқӣ мондааст[82]. Дар қарнҳои гузашта қавмҳои дравидизабони ин маҳалҳо хеле сершумор буданд, вале бо мурури замон тадриҷан бо тоифаву халқҳои ҳиндуориёӣ ва эронӣ омезиш ёфта, бо онҳо як шуда рафтанд.

Бояд хотирнишон кард, ки ба ақидаи як гурӯҳи олимони советӣ, ки хат ва осори қадимаи маданияти Хараппаро бо кӯмаки техникаи муҳосиба таҳқиқ менамоянд, аз рӯи натиҷаҳои бадастомада қазоват кардан мумкин аст, ки забони ин навиштаҷот ориёӣ набуда, балки ба забони дравидӣ наздик аст ва, эҳтимол, ба ҳамин гурӯҳи забон (дар марҳилаҳои қадимтари он) тааллуқ дошта бошад[83]. Ин қабил таҳқиқот дар хориҷа ҳам ба амал оварда мешавад ва ҷолиб аст, ки ин муҳаққиқон низ роҷеъ ба забони навиштаҷоти маданияти Хараппа ҳамин як натиҷаро мебароранд[84].

Дар айни ҳол ақидаи аз ориёиҳо баромадани тоифаҳои ҳиндуориёӣ ҳам қобили қабул набуда, маълумот ва мадракҳои оид ба забон ва маданияти тақрибан миёнаҳои ҳазораи II пеш аз милод, ки дар сарчашмаҳои Осиёи Пеш мавҷуданд, ба ин маънӣ далолат намекунанд.

Воқеан ҳам дертар як қатор олимон далелҳои забонӣ ва таърихиеро, ки ба тасдиқи ин иддао оварда мешуданд, рад карда, дар навбати худ исбот намуданд, ки ориёиҳои Осиёи Пеш ҳеҷ гоҳ аҷдоди тоифаҳои ориёии ҳиндустон набуданд[85]. ҳамин тариқа, далелҳои археологӣ ҳам, ки гӯё дар асрҳои ХII–ХI пеш аз милод тоифаҳои ҳиндуориёӣ аз Осиёи Пеш ва моварои Кавказ ҳаракат карда бошанд, беасос баромаданд[86].

greco-persian-wars-1 Он чӣ оид ба назарияи бо роҳи Кавказ ба Эрон омадани ниёгони мидиҳо, форсҳо ва дигар эрониёни ғарбӣ бошад, пас ин нуқтаи назар ҳам бо вуҷуди то имрӯз як қатор тарафдор доштанаш, асоснок дониста намешавад. Ба назари мо, дурусттараш ин аст, ки тоифаҳои эронӣ чи ба Эрон ва чи ба кишварҳои дигар аз Осиёи Миёна рафтаанд. Вале аз эҳтимол дур нест, ки онҳо нафақат бевосита аз Осиёи Миёна, балки ба воситаи Кавказ ҳам гузашта бошанд[87]. Вале дар ин ҳолат бояд ба назар дошт, ки зоҳиран ноҳияҳои Европаи ҷануби шарқӣ, ки баъзе қабилаҳои ғарбиэронӣ аз он ҷо ба Эрон омадаанд, мебоист давоми бевоситаи маҳалҳои эронинишини шарқӣ, аз ҷумла Осиёи Миёна бошанд. Чунин тахмин кардан ҳам мумкин аст, ки ин гурӯҳи қабилаҳои ғарбиэронӣ, агар дар воқеъ, ба воситаи Кавказ гузашта бошанд, қаблан аз тарафи шарқ ба ноҳияҳои шимоли баҳри Каспӣ омада, дар ин ҷо сукунат ихтиёр кардаанд[88]. Ин ҳамон роҳест, ки баъдтар скифҳо ба воситаи он ба сӯи ғарб ҳаракат намуданд.

Лекин дар ҳар сурат фикру ақидаеро, ки гӯё тоифаҳои эронӣ ба Осиёи Миёна аз Эрон омада бошанд, ҳамчун фикру ақидаи тамоман нодуруст бояд аз эътибор соқит кард. Далелҳои тарафдорони ин ақида, албатта, ягон асосе надоранд[89]. Мадракҳои воқеӣ шаҳодат медиҳанд, ки тоифаҳои эронӣ дар охири ҳазораи II ва ё дар ҳудуди ҳазораи II–I пеш аз милод ба Эрони ғарбӣ ҳиҷрат намуда, дар асрҳои аввали ҳазораи I пеш аз милод ба таври васеъ дар ин сарзамин паҳн гардидаанд[90]. Аммо дар Осиёи Миёна, чунон ки мадракҳои таърихию забонӣ ва археологӣ нишон медиҳанд, тоифаҳои эронӣ ба ҳар ҳол аллакай дар нимаи дувуми ҳазораи II ва ибтидои ҳазораи I пеш аз милод сукунат доштанд.

Аксари халқҳои имрӯзаи эронӣ: форсҳо, афғонҳо, курдҳо, балуҷиҳо ва ғ. дар фалоти Эрон ва сарзаминҳои ҳамсояи шарқӣ ва ғарбии он зиндагонӣ мекунанд. Вале дар ҳазораи II пеш аз милод дар Эрони ғарбӣ халқҳое мезистанд, ки ба гурӯҳҳои дигари нажодӣ ва забонӣ (аломиҳо, лубубиҳо, касситҳо ва ғ.) тааллуқ доштанд. Дар асрҳои аввали ҳазораи I пеш аз милод дар Эрони ғарбӣ, ки ҳодисоти онзамонаи ин сарзамин дар осори хаттӣ тасвир ёфтаанд, ин гурӯҳҳои нажодӣ тадриҷан мавқеи худро ба тоифаҳои эронӣ дода, баъдтар бо онҳо омезиш пайдо карданд[91].

Дар замонҳои қадим маҳалли паҳншавии забонҳо ва тоифаҳои эронӣ назар ба асрҳои миёна ва давраи нав хеле васеътар буд. Вай сарзамини паҳновареро аз Европаи ҷануби шарқӣ то Туркистони шарқӣ ва аз назди Урал то ҷануби Эрон фаро мегирифт.

Сарчашмаҳои Юнони Қадим аз шарқ ба Европаи ҷануби шарқӣ, ба маҳалҳои шимоли Кавказ ва баҳри Сиёҳ ҳаракат кардани як гурӯҳ қабилаҳои эронизабонро шаҳодат медиҳанд. Инҳо скифҳои дар асрҳои IХ–VIII пеш аз милод омада (ки баъдтар дар ҳудуди асрҳои VIII–VII пеш аз милод як қисми онҳо ба воситаи Кавказ ба Осиёи Пеш гузаштаанд) ва ҳамчунин тоифаҳои сармату алом буданд. Аҷдоди яке аз халқҳои кунунии эронинажод – осетинҳо, ки ҳоло дар Кавказ зиндагӣ мекунанд, маҳз тоифаҳои сарматӣ буданд. Ин тоифаҳо, бар тибқи шаҳодати манбаъҳои хаттӣ ва мадракҳои археологӣ, то замони ба самти ғарб ҳаракат кардани худ дар маҳалҳои шимоли баҳри Каспӣ, баҳри Арал ва моварои Урал иқомат доштанд.

ҳамин тариқа, далелҳои таърихӣ ва археологӣ ба Европаи ҷануби шарқӣ аз ноҳияҳои шарқтари Волга ва Урал ҳаракат кардани тоифаҳои эрониро тасдиқ менамоянд. Зимнан тоифаҳои эронӣ дар ин ноҳияҳо қабл аз оғози ҳазораи I пеш аз милод сукунат доштаанд.

Тоифаҳои эронӣ, аз ҷумла, аҷдоди аҳли забони хутану сакоӣ, ки ба тавассути матнҳои боқимонда шӯҳрат пайдо намудааст, ба Туркистони шарқӣ фақат аз Осиёи Миёна ва ё ноҳияҳои ҳамҷавори Қазоқистон метавонистанд биёянд. Дар асрҳои III–II пеш аз милод қисмати муҳими хоки Туркистони шарқиро тоифаҳои эронӣ, аксаран сакоиҳо ишғол карда будаанд. Манбаъҳои хаттии ондавраина роҷеъ ба ин маҳалҳо шаҳодат медиҳанд, ки тоифаҳои номбурда дар ин ҷо то асри III пеш аз милод (бо ҳамроҳии дигар тоифаи ҳиндуаврупоӣ– тахориҳо) иқомат доштаанд ва сипас, аз ҳамин вақт сар карда, ин сарзамин аз тарафи шимолу шарқ мавриди истилои тоифаҳои турку муғул қарор гирифтааст.

Дар асрҳои VII–VI пеш аз милод, чунон ки тазаккур ёфт, сар то сари Осиёи Миёнаро комилан халқиятҳои эронӣ – бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, гурӯҳҳои сакоӣ ва ғайра ишғол мекарданд. Дар асоси ин халқиятҳо ва, қабл аз ҳама, бохтариҳо ва суғдиҳо дар марҳилаҳои аввали асри миёна халқи тоҷик ташаккул ёфт.

То ҳамин давра тоифаҳои зироаткори эронӣ кайҳо дар маҳалҳои муайян маскан гирифта, вилоятҳои ҳамноми худро, чунончи: бохтариҳо Бохтарро, суғдиҳо Суғдро, хоразмиҳо Хоразмро, марғиёниҳо Марғиёнро, ориёиҳо Ориёро (ки қад-қади рӯди ҳарӣ сарзамини кунунии Афғонистонро дар бар гирифта, марказаш ҳирот буд), портиҳо Портро, ки қисмати шимолии он дар хоки Туркманистони ҷанубӣ ва қисмати ҷанубиаш дар ноҳияҳои сарҳадии Эрон воқеъ гардида буд, ба вуҷуд оварданд. Тараққиёти қабилаҳои бодиянишини эронй, аз ҷумла сакоиҳо, чунон ки материалҳои археологӣ гувоҳӣ медиҳанд, ҳамчунин ба давраи то асри VI пеш аз милоди таърихи Осиёи Миёна алоқаманд аст.

Матнҳои «Авесто», ки қадимтарин қисматҳои онҳо асрҳои аввалини ҳазораи I пеш аз милод дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омадаанд, хеле барвақттар аз асрҳои VII–VI пеш аз милод дар Осиёи Миёна иқомат доштани тоифаҳои эрониро тасдиқ менамоянд. Дар ин осори қадима вилоятҳои онвақтаи Осиёи Миёна, инчунин баъзе ноҳияҳои ҳамҳудуди онҳо, аз ҷумла Суғд, Марғиён, Хоразм, Ориё ва ғайра зикр ёфтаанд.

«Авесто» ҳамчунин хотиротеро аз кишвари нимафсонавии Аирйанам ваеҷаҳ («Фарохнои Ориёно»), маҳалли қадимаи сукунати тоифаҳои эронӣ (ё умуман ориёӣ) дар худ маҳфуз доштааст. Як идда донишмандон, аз қабили И.Маркварт, Э.Бенвенист, А.Кристенсен, С.П.Толстов ва дигарон ин кишвари нимафсонавиро Хоразм донистаанд[92]. Аммо дар ин ҷо на Хоразмро, ки дар «Авесто» бо номи худ зикр шудааст, балки сарзамини паҳновари Осиёи Миёна ва вилоятҳои ҳамҳудуди шимолии онро дар назар доштан дурусттар ва ба ҳақиқат наздиктар мебуд. Шарқшиноси машҳури рус К.А.Инострансев дар вақташ чунин мулоҳизаро ба миён гузошта буд ва ҳоло ҳам баъзе олимони советӣ ин нуқтаи назарро тарафдорӣ менамоянд[93].

eronihoМаълумот ва мадракҳои оид ба равобити муттасили забонҳои умуман ориёӣ (ва пас эронӣ) бо забонҳои фину угорӣ, ки дар илм ҷамъ оварда шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки маҳалҳои иқомати тоифаҳои ориёӣ (ва пас эронӣ) масоҳати бузургеро дар шимол то минтақаи бешазори байни Поволже ва Сибири ғарбӣ, яъне то ҷойҳое, ки имкони алоқа бо фину угориҳо мавҷуд бошад, дар бар мегирифт. ҳамчунин ба робитаи аз давраҳои «тоориёӣ» боқимондаи тоифаҳои ориёӣ ва шеваҳои онҳо бо ҳиндуаврупоиҳои дигар ишорат мешавад. Аз ин чунин бармеояд, ки ҳудуди маҳалҳои иқоматии тоифаҳои ориёӣ дар шимолу ғарб то ба даштҳои Европаи ҷануби шарқӣ мерасидааст.

Дар баробари ин тахмин кардан мумкин аст, ки тоифаҳои эронӣ ва ё ориёии пешина дар дашту саҳроҳои воқеъ дар ҳудуди шимоли шарқӣ ва шарқии Осиёи Миёна низ маскан доштаанд. Инро мадракҳои оид ба аҳолии ин маҳалҳо дар давраҳои баъдина (аз миёнаҳои ҳазораи I пеш аз милод) ва маълумоти археологии роҷеъ ба аҳди қадимтари ин ҷойҳо низ тасдиқ менамоянд. Тоифаҳои эронӣ дар Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамсояи шимоли он дар асрҳои охири ҳазораи II ва оғози ҳазораи I пеш аз милод иқомат мекардаанд. Чунон ки дидем, ин иддао аз тафсири материалҳои сарчашмаҳои хаттӣ ҳам собит мегардад. Аз ин бармеояд, ки ёдгориҳои археологии онвақтаи ин маҳалҳо ба тоифаҳои эронӣ тааллуқ дошта, ба маданияти доираи Андрон (ва ё яке аз намудҳои маданияти Андронӣ, Тозабоғёб, Қайроққум ва ғ.) мансубанд. Вале дар миёнаҳои ҳазораи II ва аввалҳои ҳазораи I пеш аз милод маданияти аз рӯи хусусиятҳои археологӣ ва ҳамчунин аз рӯи симои антропологии аҳолии аврупоишакл ҳамгун ва ҳамранг дуртар ба тарафи шарқ, аз ҷумла ба Туркистони шарқӣ, ки аз он ҷо ёдгориҳои сафолии навъи Андрониро пайдо кардаанд, низ паҳн гардиданд. Баъдтар, дар ҳазораи I пеш аз милод дар ин ноҳияҳо, аз ҷумла дар Олтой ва Туркистони шарқӣ қабилаҳои скифу сакоӣ маскан гирифтанд. Ғайр аз ин, ба туфайли пайдо шудани навиштаҷоти ҳазораи I милодӣ дар Туркистони шарқӣ ду забони ба ҳам хеши мансуб ба гурӯҳи дигар кашф гардид, ки дар илм бо номи «тахорӣ» машҳур буда, аҳли онро «тахориҳо» меноманд.

Онҳо дар давраҳои пешина ҳатман ҳудуди нисбатан васеътарро, ки қисматҳои ғарбиро ҳам фаро мегирифт, ишғол менамуданд. Дар илм роҷеъ ба пайдоиши тахориҳо дар ин маҳалҳо фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуданд[94]. Аммо муҳимтараш ин аст, ки маълумот ва далелҳои забонӣ дар байни тахориҳои қадим ва тоифаҳои шарқиэронӣ вуҷуд доштани робитаҳои муайянеро нишон медиҳанд.

Инак, чунин ба назар мерасад, ки қадимтарин маҳалли иқомат ва маркази асосии паҳншавии тоифаҳои эронӣ Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамҳудуди шимоли он будаанд. Наздикӣ ва ягонагии пешгузаштагони тоифаҳои эронӣ ва ҳиндуориёиро ба эътибор гирифта, тахмин кардан мумкин аст, ки аҷдоди ҳиндуориёиҳо низ то ба ҳиндустон кӯчидани худ дар ҳамин маҳалҳо сукунат доштаанд. Мадракҳои археологӣ ва хусусан материалҳои наве, ки аз ҳафриёти Осиёи Миёна ба даст омадаанд, ин қазияро тасдиқ менамоянд.

Чи навъе ки аз назар гузаронидем, дар Осиёи Миёна аз аҳди неолит сар карда, ду ноҳияи аз ҳам хеле фарқкунандаи хоҷагию маданӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар қисмати ҷанубу ғарб, дар Туркманистони ҷанубӣ маданияти зироаткорон ривоҷ ёфта, дар охири ҳазораи III ва асрҳои аввали ҳазораи II пеш аз милод ба авҷи тараққиёти худ расидааст. Ин маданият бо муҳимтарин хусусиятҳои худ бо маданиятҳои Эрон ва ноҳияҳои ҳамҳудуди ҷанубӣ қаробат дорад. Дар қисмати бештари Осиёи Миёна маданияте ҳукмфармост, ки бо маданиятҳои дар ноҳияҳои шимолӣ паҳнгардида шабеҳ ва ҳамранг аст. Ғолибан аҳолии ана ҳамин маҳалҳо ва, қабл аз ҳама, қабилаҳои саҳронишини асри биринҷӣ ба ориёиҳо ва эрониҳо нисбат дода мешаванд.

Ақидаи дигаре ҳам ҳаст, ки дар асоси он, чунон ки дар боло тазаккур ёфт, ориёиҳо гӯё ҳамон зироаткорони маҳалҳои ҷануби ғарби Осиёи Миёна мебошанд, ки асари мавҷудияти онҳо то охирҳои ҳазораи III пеш аз милод низ пайдост. Ин нуқтаи назар қисман аз он сар задааст, ки як вақтҳо чи тоифаҳои зироаткори ҷанубу ғарби Осиёи Миёна ва чи қабилаҳои саҳронишин ҳама ориёӣ пиндошта мешуданд. Агар дар воқеъ ҳамин тавр мебуд, ин чунин маънӣ пайдо мекард, ки гурӯҳҳои мухталифи тоифаҳои ориёӣ дар шароити аз ҳам тамоман фарқкунандаи иқтисодӣ ва маданӣ зистаанд, ки маълумот ва мадракҳои мавҷудаи (ва қисман дар боло тавзеҳёфтаи) таъриху забоншиносӣ оид ба ориёиҳо ба ин комилан мухолиф аст[95]. Дар айни замон маълумоти роҷеъ ба симои хоҷагӣ ва иҷтимоию мадании аҷдоди ориёиҳои ҳиндӣ ва эронӣ бо мадракҳои маданияти мардуми саҳронишин ва чорводору зироаткори аҳди биринҷӣ мувофиқати комил пайдо намуда, вале гумон аст, ки бо мадракҳои маданияти зироаткорони ҷануби Туркманистон алоқае дошта бошанд[96].

Инро ҳам ба назар гирифтан зарур аст, ки маданиятҳои Туркманистони ҷанубӣ аз аҳди неолит то аввалҳои аҳди биринҷӣ ба доираи маданиятҳои зироатие, ки дар қисматҳои ҷанубтар, дар Эрон ва ноҳияҳои ҳамсоя – аз Осиёи Пеш то Афғонистону ҳиндустон паҳн гардидаанд, дохил мешаванд. Ин маданиятҳо аз ҷиҳатҳои хоҷагию иқтисодӣ ва маданӣ бо якдигар наздик ва ё ҳамнавъанд. Илми бостоншиносӣ далелҳои зиёде ҷамъ овардааст, ки дар он замонҳо, алалхусус дар охирҳои энеолит ва аввалҳои биринҷӣ вуҷуд доштани алоқаи наздики байни зироаткорони Туркманистон ва маданиятҳои ҷанубии Эрон ва ноҳияҳои ҳамсояро нишон медиҳанд; роҷеъ ба наздикии маданияти маънавии онҳо низ далелҳо мавҷуданд; тахмин мекунанд, ки дар миёни аҳолии Туркманистони ҷанубӣ ва вилоятҳои ҳамҷавори Эрону Афғонистон ва мардуми муҳоҷири ин маҳалҳо муносибати хешутаборӣ ҳам вуҷуд доштааст[97].

Ба ин тариқа, ҳам аз ҷиҳати умумияти симои хоҷагию маданӣ ва ҳам, эҳтимол, аз ҷиҳати ирқу нажод зироаткорони ҷануби Туркманистони аҳди энеолит ва аввали биринҷӣ бо аҳолии Эрон, Афғонистон ва ноҳияҳои ҳамсоя алоқаманд буданд. Аммо тоифаҳои ориёӣ, зоҳиран, он вақтҳо дар ин кишварҳо буда наметавонистанд. Маълумот ва мадракҳои аниқе ҳастанд, ки дар ин вақт сокини ин сарзаминҳо будани аҳолии нажодан ва забонан дигарро собит менамоянд. Бар хилофи ин, маданиятҳои дигар қисмати бузургтари Осиёи Миёна аз ҷиҳатҳои хоҷагию иқтисодӣ ва маданӣ ҳамранг буда, бо маданиятҳои навоҳии шимолӣ, яъне бо маҳалҳое, ки аз рӯи маълумоти таъриху забоншиносӣ тоифаҳои ҳиндуэронӣ яқинан алоқаманд буданд, робитаи доимӣ доштанд. Инро ҳам ба эътибор гирифтан лозим аст, ки дар аввалҳои аҳди биринҷӣ алоқаи муайяни ниёгони ориёиҳо бо қабилаҳои ҳиндуаврупоии Европа бояд ҳанӯз вуҷуд дошта бошанд.

Дар айни ҳол маълумоти бостоншиносӣ оид ба аҳолии маданияти саҳроии аҳди биринҷии Осиёи Миёна ва ноҳияҳои шимолӣ бо он чӣ, ки мо аз рӯи материалҳои муқоисавии таърихӣ ва забоншиносӣ медонем, комилан мутобиқанд. Дар байни тоифаҳои саҳронишини аҳди биринҷӣ чорводорӣ хеле таракқӣ карда, онҳо аз корҳои зироат ҳам ба хубӣ хабардор буданд. ҳамин «навъи хоҷагидорӣ (чорводорию зироаткорӣ бо имтиёзи парвариши чорво ҳамчун аломати рифоҳ ва сарват), чунон ки дида шуд, барои ориёиҳо ҳам хос буд. ҳам тоифаҳои ҳиндуэронӣ ва ҳам тоифаҳои саҳронишини аҳди биринҷӣ бештар ба асппарварӣ машғул мешуданд ва, аз ҳамин рӯ, асппарварӣ дар чорводории онҳо мавқеи асосиро ишғол менамуд. Дараҷаи тараққиёти иҷтимоии онвақтаи аҳолии саҳронишин низ нисбатан баланд буд. Масалан, бостоншиносон дар асоси материалҳои қабристони он замон муқаррар намуданд, ки ҳанӯз дар ҳамон вақтҳо аҳолии саҳронишин зиндагонии хонаводагии падаршоҳиро ба сар бурда, дар байни онҳо нобаробарии молумулкӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омада будааст[98]. Айнан ҳамин ҷиҳатҳо ба ҷамъияти ориёиҳо низ хос аст. Дар боло аз хусуси дараҷаи баланди тараққиёти металлургияи тоифаҳои ҳиндуэронӣ ҳанӯз дар аҳди ориёӣ сухан рафта буд. Инро аз мадракҳои археологии мансуб ба маданиятҳои саҳроии аҳди биринҷӣ ҳам метавон бори дигар мушоҳида намуд[99]. Чунончи, мадракҳои аз ҳафриёти Қайроққум (воқеъ дар шимоли республика) бадастовардаи бостоншиносони Тоҷикистон, ки ба таври васеъ ба роҳ гузошта шудани истеҳсоли маҳаллии маснуоти металлургиро нишон медиҳанд, дар ин бобат хеле ҷолиби диққатанд[100].

Маълумоти таъриху забоншиносие, ки дар давраи тараққиёти ниҳоят васеи металлургия ва истифодаи олоти фулузӣ ҳанӯз ҳам якҷоя зистани аҷдоди ориёиҳои ҳиндӣ ва эрониро тасдиқ менамоянд, ҳамчунин барои муайян кардани замони иқомати якҷояи ниёгони тоифаҳои гуногуни ҳиндуэронӣ аҳамият доранд. Дар заминаи материалҳои археологии Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамсояи шимолии он ин ҳолат асос медиҳад чунин тахмин кунем, ки аҷдоди ҳиндуориёиҳо дар ҳудуди ватани қадимаи худ, ҳадди ақал, то асрҳои аввал ё худ, ҳатто то миёнаҳои ҳазораи II пеш аз милод ҳамроҳи ниёгони тоифаҳои эронӣ зиндагӣ ба сар бурдаанд. Оғози аз Осиёи Миёна ба тарафи ҷануб ҳаракат кардани тоифаҳои ориёӣ тақрибан ба ҳамин вақтҳо рост меояд.

Зироаткорони ҷануби Туркманистони асри энеолит ва аввалҳои аҳди би-ринҷӣ, зоҳиран, ориёӣ буда наметавонистанд. Маданиятҳои шаҳристонӣ ва шаҳрии Эрони шимоли шарқӣ (ҳисори III ва ғ.), Афғонистони ҷанубӣ (Мун-диғоки IV), водии ҳинд бо ёдгориҳои давраи Моҳенҷо — Доро — Хараппа ва ғайра бо ҳамон сабабҳо ва якчанд сабабҳои дигар мисли маданияти ҷанубу ғарби Осиёи Миёна, балки аз он ҳам зиёдатар наметавонанд ориёӣ маҳсуб ёбанд.

Бо вуҷуди ин, илми бостоншиносӣ дар ҳамаи ин маҳалҳо рӯй додани тағйироти ҷиддии таърихиро дар чаҳоряки дувуми ҳазораи II пеш аз милод қайд менамояд. Марказҳои пешина деҳкада ва шаҳрҳои тамом бесоҳиб ва беодам монда, ба харобазор табдил меёбанд. Дар бисёр ҷойҳо ба куллӣ дигаргун шудани сафололот ва аз байн рафтани дастгоҳи қадимаи кулолӣ ба назар мерасад. Ин ҳолатро бештар бо паҳншавии қабилаҳои нав ва, аз рӯи баъзе пиндорҳо, маҳз тоифаҳои аз Осиёи Миёна ҳаракаткарда ва нажодан ориёӣ (ё ҳиндуаврупоӣ) вобаста менамоянд[101].

Дуруст аст, ки бо вуҷуди имконпазирии чунин ҳаракат, ҳанӯз мо далелҳои бевоситаи ба он ишоракунанда дар даст надорем. Метавон фарз кард, ки тағйироти номбурда мумкин аст бо сабабҳои дохилӣ ҳам рӯй дода[102], барои вуруди тоифаҳои ориёӣ ба ин маҳалҳо заминаи мусоид фароҳам оварда бошад.

ҳамон ақидаи хеле паҳншуда, ки гӯё маданияти Хараппа дар натиҷаи ба водии ҳинд сар даровардани тоифаҳои ориёӣ аз по афтода бошад, ба назар ҳатмӣ намерасад. Маълумоти мавҷуда дигар шарҳу тафсири аз ин ҳам ба эҳтимол наздиктарро, яъне пас аз чандин асри таназзули маданияти Хараппа ба водии ҳинд омадани тоифаҳои ориёиро ба миён мегузорад[103].

Вале қатъи назар аз ин мухолифатҳо, ҳамон ҳолати воқеӣ, ки дар сарзамини Эрони шарқӣ, Туркманистони ҷанубӣ, Афғонистон ва ҳиндустони ғар-бӣ тағйироти номбурда дар таърихи маданиятҳои хеле пештар равнақдоштаи ин ҷойҳо тақрибан то асрҳои ХVIII–ХVII пеш аз милод ҳанӯз ба амал наомада буд[104], барои чунин тахмин кардан имкон медиҳад, ки то ҳамин вақт ҳаракати пуравҷи тоифаҳои ориёӣ ба ин маҳалҳо шурӯъ нагардида буд.

Мадракҳои аниқтаре, ки дар бораи кӯчиши ин тоифаҳо маълумоти нисбатан саҳеҳ медиҳанд, барои миёна ва нимаи дувуми ҳазораи II пеш аз милод мавҷуданд. Материалҳои фаровон ва мухталифи ба он вақтҳо алоқаманд, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон ба даст омадаанд, ин давраро ҳамчун давраи ҳаракати пурвусъати қабилавӣ дар тамоми сарзамини Осиёи Миёна тавсиф менамоянд. Тоифаҳои саҳронишин ба ҳудуди минтақаи зироатии Туркманистони ҷанубӣ наздик мешаванд ва сипас, зоҳиран, ба он дохил шуда, масканҳои худро ба вуҷуд меоваранд. ҳоло мадракҳое мавҷуданд, ки то ҳудуди воҳаҳои қадимаи зироаткории ҷануби Туркманистон паҳн гардидани аҳолии саҳронишинро собит мекунанд, дар ин ҷойҳо сағонаҳои худи тоифаҳои саҳронишин, ки бештар ба ноҳияҳои шимол хосанд, ёфт шудаанд[105].

Айнан дар ҳамон вақт ҳаракати тоифаҳои ориёӣ ба ҷониби Афғонистон ва ҳиндустон воқеъ мегардад. Дар ин бобат ҳафриёти сағонаҳои қадима дар Тоҷикистони ҷанубӣ дар водии дарёҳои Қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон аҳамияти махсусе дорад. Материалҳои ин ҳафриёт шаҳодат медиҳанд, ки онҳо ба аҳолии аз ҷиҳати маданияти моддӣ ба тамаддуни Намозгоҳи VI ва бо хусусияти маросими дафн ба қабилаҳои доираи саҳро хеле монанд тааллуқ доранд. Симои антропологии соҳибони ин сағонаҳо ононро бо мардуми вилоятҳои ҷанубӣ – аҳли маданияти сафололоти нақшунигорин наздик менамояд. Пайдоиши ин тоифаҳо ҳоло комилан муқаррар нагардидааст, дар роҳи муайян кардани усули пайдоиш ва маданияти онҳо кӯшишҳои гуногун ба амал омада ва фикру мулоҳизаҳои мухталиф баён ёфтаанд. Муҳаққиқон дар асоси тадқиқи маросими дафн ва якчанд хусусияти сағонаҳо чунин фикреро пеш гузоштанд, ки ин сағонаҳо ба тоифаҳои ориёӣ алоқа дошта, дар ин ҷо амали дафн ва баъзе дигар русумоти хоси ориёиҳои ведӣ ва ҳамчунин тоифаҳои шарқиэронӣ инъикоси худро пайдо намудааст[106].

Бозёфтҳои бостонии Тоҷикистони ҷанубӣ боз аз он сабаб ҳам диққати мутахассисонро бештар ба худ ҷалб менамоянд, ки бостоншиносони покистонию итолиёӣ дар вилояти Сват, воқеъ дар шимолу ғарби Покистони кунунӣ, ҳамин гуна сағонаҳои аз ҷиҳати сохт ва тариқи дафн ба онҳо наздикро кашф карданд. Санаи як гурӯҳи қадимтари ин сағонаҳо тақрибан ба нимаи дувуми ҳазораи II пеш аз милод рафта мерасад[107].

ҳамин тариқа, аз як тараф, барои ҳиндуориёӣ ҳисоб кардани тоифаҳои асри энеолит ва аввалҳои аҳди биринҷии Осиёи Миёна ҳеҷ як асосе нест, аммо, аз тарафи дигар, эҳтимоли қавӣ меравад, ки ҳиндуориёиҳо маҳз тоифаҳои саҳронишини (ва дар қисмати шимолу ғарби онҳо воқеъгардидаи) Осиёи Миёнаи нима ва охири аҳди биринҷӣ будаанд. Ба назари мо, фарзияи И. М. Дяконов оид ба протсесси паҳншавии забонҳои ҳиндуэронӣ дар байни тоифаҳои зироаткори анавии Осиёи Миёна дар охирин марҳилаҳои тараққиёти онҳо, ки бо таъсири алоқаҳои гуногун ба саҳронишинон сурат гирифтааст, ба ҳақиқат наздик менамояд. Дар ҷараёни ин алоқаҳо умумиятҳои нажодие, ки бо номи ҳиндуэронӣ машҳуранд ва инчунин маданияти онҳо ба вуҷуд меоянд. Ин фарзия, ки онро дигар муҳаққиқон (масалан, Б.А.Литвинский) ҳам тақвият додаанд, материалҳои бадастомадаи археологиро беҳтар аз ҳама тавзеҳ менамояд. Дар айни замон, ин фарзия як қатор ҷиҳатҳои суст ва ноқис ҳам дорад. Фақат ҷамъ оварда шудани далелу мадракҳои нав ба ҳалли қатъӣ ва ҳамаҷонибаи ин масъала имкон хоҳад дод.

Дар баробари ин, мадракҳои зикршуда метавонанд ба ҳаракати тоифаҳои Осиёи Миёна дар миёнаҳо ва нимаи дувуми ҳазораи II пеш аз милод ба тарафи ҷануб, аз ҷумла ба сарзамини ҳиндустон шаҳодат диҳанд.

Албатта, ба тарафи ҷануб паҳн шудани тоифаҳои Осиёи Миёна баъдтар, ҳангоми дар ҳиндустон қарор гирифтани аҷдоди ҳиндуориёиҳо ҳам давом кардааст.

Бостоншиносон чунин мепиндоранд, ки дар офаридани маҷмӯи маданияти Туркманистони ҷанубӣ, ки дар давраҳои пас аз Намозгоҳи VI вуҷуд дошт, тоифаҳои саҳронишини дар ин ҷойҳо паҳншуда ва ё ин маҳалҳоро дар оғози давраи мазкур (яъне тахминан дар ҳудуди ҳазораҳои II ва I пеш аз милод ё худ дар ибтидои ҳазораи I пеш аз милод) «забткарда» роли калоне бозидаанд[108].

Дар шарқтари Осиёи Миёна, дар Помир ҳам нақши ба самти ҷануб равонашавии тоифаҳое, ки аз байни аҳолии саҳронишин баромада, зоҳиран, ба ин ҷо бештар аз ноҳияҳои Фарғона ва вилоятҳои ҳамсояи он омадаанд, мушоҳида мешавад. Аз ин насаб тоифаҳо дар Помир ҳанӯз дар аҳди биринҷӣ, дар охирҳои ҳазораи II ва ибтидои ҳазораи I пеш аз милод пайдо шудаанд. Аз асри VII пеш аз милод дар асоси материалҳои археологии Помир роҷеъ ба тоифаҳои гурӯҳи скифу сакоӣ сухани муайян гуфтан мумкин аст. Маълумоти археологӣ ҳамчунин то ҳудуди ҳиндустон ҳаракат кардани онҳоро ба таври мӯътамад собит менамояд[109].

Ин хулосаҳо бевосита ба маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва далелҳои таъ-рихию забоншиносӣ, қатъи назар аз мадракҳои археологие, ки дар асрҳои VII-VI пеш аз милод ба навоҳии ҷануби Помир то наздикиҳои ҳудуди ҳин-дустон (қисман дар хоки он) ва маҳалҳои шарқии Афғонистон рафта ҷойгир шудани тоифаҳои эронии мансуб ба гурӯҳҳои сакоӣ ва ё ба онҳо наздик, аз он ҷумла, зоҳиран, аҷдоди афғонҳо ва мунҷонҳои имрӯзаро нишон медиҳанд, тасдиқ мегарданд[110].

ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ин тоифаҳои гурӯҳи шарқиэронӣ аз шимол, аз сарзамини Осиёи Миёна баромада, ба сӯи кишварҳои ҷануб ҳаракат кардаанд.

Инак, чунон ки дидем, ҳам маълумоти археологӣ ва ҳам далелҳои таърихию забоншиносӣ аз Осиёи Миёна ба тарафҳои ҷануб, ба ҳиндустон, Афғонистон ва зоҳиран, ба Эрон нуфуз кардани гурӯҳҳои мухталифи ориёӣ (аввалҳо аксаран ҳиндуориёӣ, баъдтар эронӣ)-ро исбот менамоянд.

ҳамаи ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки Осиёи Миёна бо ноҳияҳои ҳамҷавори худ қадимтарин маҳалли иқомати тоифаҳои ҳиндуэронӣ ва маркази асосии паҳншавии онҳо будааст. ҳамон тоифаҳои эроние, ки дар Осиёи Миёна мондаанд, ниёгони аҳолии аслии Осиёи Миёна аз оғози аҳди таърих то аввалҳои асри миёна ҳисоб меёбанд.

Баъдҳо бар асоси халқиятҳои шарқиэронии Осиёи Миёна, пеш аз ҳама, бохтариҳо, суғдиён ва ба дараҷаи камтар дигар ҷузъҳои таркибии нажодӣ, халқи тоҷик ба вуҷуд омад.

[72] Таърихи масъалаи пайдоиши тоифаҳои эронӣ ва ориёӣ дар китоби Э.А.Грантовский муфассал баён шудааст (1970, боби I, с. 7–66; муrоиса шавад бо ишораҳои муфассали феҳрасти баъзе аrидаҳое, ки поинтар оварда хоҳанд шуд).

[73] Муrоиса кунед бо асарҳои В.Гейгер, Эд. Мейер, В.В. Бартолд, Э.Херцфельд, А.Крис-тенсен, Э.Бенвенист, Ҷ.Камерон, И.М.Дяконов, Г.А.Меликишвили, И.М.Оранский, И. Алиев, Р. Фрай ва дигарон.

[74] Ӣurrow Т., 1955, р. 1–34;Hauschild R:, 1962; ҳамчунин муrоиса кунед: Иванов В.В., Топоров В.П., 1960, с. 10–22.

[75] Ниг. ба асарҳои зикршудаи Т.Барроу, Р.Хаушилд ва дигарон. Р.Хаушилд, аз ҷумла, чунин аrида дорад, ки аҷдоди ҳиндуориёиҳо то ба {индустон рафтани худ ваrти дуру дарозе дар Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамҳудуди Афuонистон якҷоя бо ниёгони як rатор тоифаҳои эронӣ, аз он ҷумла «авестоиҳо» зиндагонӣ кардаанд.

[76] Назар кунед ба якчанд асари П. Кречмер, В. Бранденштайн ва дигарон.

[77] Назар кунед, масалан, ба маҷ: «Тhе Vӯdic Agӯ». 1950, р. 194 sq., 216 5sq.

[78] Sastri К. N., 1956, р. 142.

[79] Баъзе донишмандони ҳиндуаврупошинос, эроншинос ва ҳиндшинос, аз ҷумла Т. Барроу ва Р. Хаушилд чунин мешуморанд, ки гузаштагони тоифаҳои ҳиндуориёӣ дар Осиёи Миёна ҳамроҳи гузаштагони тоифаҳои эронӣ пас аз соли 2000 rабл аз милод ҳам боз муддати зиёде зистаанд. Поинтар ниг. ба замоне, ки то он ваrт мебоист алоrаи бевоситаи аҷдоди ҳиндуориёиҳо ва эрониҳо давом мекард.

[80] Бонгард-Левин Г.М. ва Ильин Г.Ф., 1969, с. 88–92; ба адабиёти дар он ҷо номбаршуда назар кунед.

[81] Ӣloch J., 1934, р. 321–331; Ӣurrow Т., р. 373–378; Воробьев-Десятовский В.С, 1956, стр. 99–100; Ӯmanau М.В., 1956; Дьяконов И.М., 1967, стр. 108–113; Бонгард-Левин Г.М. ва Ильин Г.Ф., 1969, с. 105–106 ва дигарон.

[82] Ба аrидаи забоншиносон, аз забони дравидии rадим ҷудо шудани гурӯҳе, ки забони ҳозираи брагӯӣ ба он тааллуr дорад, на дертар аз ҳазораи IV–III rабл аз милод ба вуrӯъ омадааст (муr.: Андронов М.С, 1965, с. 13–14).

[83] «Предварительное сообщение», 1965; «Ргоtо-1ndiса», 1968.

[84] Раrроlа А., Roskӯnniӯmi S., Раrроla S., Ааlto Р., 1969.

[85] Mayrhofӯr М., 1966.

[86] Деопик Д.В., Мерперт Н. Я., 1957; Sanralia N. D., 1963; Грантовский Э.А.,1970, стр. 15, 36, 46 и др.; инчунин ниг.: Дьяконов И.М., 1970.

[87] Литвинский Б. А., 1967 а, стр. 126–127.

[88] Rиёси ин, масалан, аrидаи В. Бранденштайн аст, ки мувофиrи он тоифаҳои ориёӣ ва эронӣ дар замонҳои rадим сокини маҳалҳои шарrтари Урал ва Каспӣ буданд. Бранденштайн шурӯи ҳаракати тоифаҳои uарбиэрониро, ки, ба rавли ӯ, аз Кавказ ба Эрон убур кардаанд, аз вилоятҳои шимолу шарrии баҳри Каспӣ мансуб медонад.

[89] Нигаред ба китоби Э.А.Грантовский (1970, с. 21, 39–41, 52, 166–168).

[90] Нигаред низ ҳамон ҷо с. 334 ва баъд.

[91] Таърихи ин протсесс (бо баъзе тафовутҳои таъини вазни нисбии тоифаҳои эронизабон дар байни аҳолии Эрони uарбии мансуб ба давраи мазкур) дар монографияҳои зерин мавриди таҳrиrи муфассал rарор гирифтааст: Дьяконов И.М., 1956; Алиев И., 1960; Грантовский Э.А., 1970.

[92] Адабиётро ниг.: Смирнов К.Ф., 1964, с. 191, Грантовский Э.А., 1970 с. 18.

[93] Иностранцев К.А., 1911, с. 316; Смирнов К.Ф., 1964, с. 191.

[94] Дар бораи онҳо нигаред: ИТН, 1, с. 127–128; Абаев В. И., 1965, с. 136– 139; Грантовский Э. А., 1970, с. 20, 360.

[95] Грантовский Э. А., 1970, с. 367.

[96] Ниг. ҳамон ҷо: ба муrобили ба rавмҳои ҳиндуаврупоӣ тааллуr доштани сокинони аслии ҷануби Туркманистон дар ҳазораи III–II rабл аз милод А.М.Мандельштам низ изҳори аrида намудааст: «Средняя Азия в эпоху камня и бронзы». с.255–256.

[97] Муrоиса кунед, масалан: Массон В.М., 1957 а; худи ӯ, 1964; Хлопин И.Н., 1966, с. 125–128; «Средняя Азия в эпоху камня и бронзы», с. 167–169.

[98] Муrоиса кунед: «Средняя Азия в эпоху камня и бронзы», с. 228–230; инчунин нигаред: Грантовский Э.А., 1970, с. 359.

[99] Муrоиса кунед:.Stagul G., 1969. р. 56–57, 87.

[100] Литвинский Б. А. ва дигарон, 1962, с. 170–231.

[101] Stagul G., 1969, р. 56–57, 86.

[102] Дар хусуси фикру мулоҳизаҳои пешниҳодшуда нисбат ба маданияти деҳоти Туркманистони ҷанубӣ ниг.: «Средняя Азия в эпоху камня и бронзы», с. 177; нисбат ба маданияти шаҳрҳои водии {инди замони Моҳенҷо-Доро–Хараппа ниг.: Бонгард-Левин Г.М. ва Ильин Г.Ф., 1969, с. 113–115.

[103] Бонгард — Левин Г.М., 1962; Бонгард-Левин Г.М. ва Ильин Г.Ф., 1969, с. 125–128 (ниг.: ба феҳристи мукаммали ин асарҳо роҷеъ ба масъалаҳои мавриди баҳс додашуда); тахминан чунин санаҳои ба {индустон омадани ориёиҳо пешниҳод шудаанд: асрҳои ХIV–ХIII rабл аз милод ё худ боз ҳам васеътар – нимаи дувуми ҳазораи II rабл аз милод.

[104] Аз рӯи санагузории ҳамин ҳоло ба эҳтимол наздиктар маҷмӯи иморати Намозгоҳи V-ро дар ҷануби Туркманистон ба ҳудуди ҳазораи III–II ва сеяки аввали ҳазораи II rабл аз милод нисбат медиҳанд (ниг.: «Средняя Азия в эпоху камня н бронзы»,» с.151, 169); таърихи яке аз марказҳои асосии шимолу шарrи Эрони он замон – {исор таrрибан то асрҳои ХIХ-ХVIII rабл аз милод давом кардааст (ниг.: Dyson R.Н., 1965, р. 240-242); шаҳрҳои маданияти Хараппаи водии {инд тахминан то асрҳои ХVIII–ХVII/ХV1 rабл аз милод мавҷудияти худро нигоҳ доштаанд (ниг.: Бонгард-Левин Г.М., 1962; Бонгард — Левин Г.М. ва Ильин Г.Ф., 1969, с. 94-96, 114, 125-126).

[105] «Средняя Азия в эпоху камня и бронзы», с. 240–243.

[106] Дар ҳамон ҷо, с.243-259; Мандельштам А.М., 1968; Литвинский Б.Л. 1967, а, с. 121-127.

[107] Литвинский Б. А., 1967 а, с. 122; Dani А. Н., 1967; Stagul G., 1969.

[108] Кузьмина Е. Е., 1964.

[109] Литвинский Б. А., 1960 а; 1969.

[110] Грантовский Э. А., 1963 а; Литвинский Б. А., 1967 а, с. 127-133.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …