Главная / Гуногун / ТО НАСЎЗӢ, НАЯФРЎЗӢ

ТО НАСЎЗӢ, НАЯФРЎЗӢ

Зани миёнақади гандумгун аз дари иттиҳодия баромада, лаҳзае таваққуф намуд, баъд гиребони палтои хокистаррангашро бардошта, роҳ ба сўи маркази шаҳр пеш гирифт. Ў маъюсу музтариб, бо сари хам роҳ мерафт. Ғаму ғусса дилашро фишор медод. Намедонист, ки ҳасраташро ба кӣ кунад.

– Наход партофта равад? – чандин бор худ ба худ суол кард зан.

sozonБарфи реза меборид. Бод зарраҳои онро бозӣ дошта, ба чапу рост меафканд, ба сару рў мезад. Барфрезаҳо ба рўяш мисли сўзан мехалиданд. Зан ба барфи сард ва ҳамлаҳои он тан намедод. Якта-якта қадам партофта пеш мерафт. Ба дилаш ҳар гап меомад. Пеши назараш симои Садбарг намоён мешуд. Пагоҳӣ чунин воқеа рўй дод. Ба сех даромада чашмаш ба Садбарг афтод, ки дар иҳотаи духтарон рост истода қоғазеро алвонҷ медод.

Аз чӣ бошад, ки ба хавфу изтироб афтод. Ва сўи онҳо шитобид.

– Хўш, чӣ моҷаро? – пурсид хавотиромез Мавҷуда.

– Садбарг аз кор меравад, – баробар ғав карданд чанд духтар, – аллакай варақаи аз корравӣ ҳам гирифтааст.

Дилаш ҷиззӣ карда монд. Муддате гўё карахт шуд. Вақте ки шогирд корхонаро тарк мекунад ва устод намедонад, сахт мерасад. Дилат сиёҳ мешавад, гумон мекунӣ, ки дарди ноаёне ба пайкарат роҳ ёфтаасту анамана туро аз пой меафтонад. Не, фирори шогирд на танҳо барои Мавҷуда, балки барои ҳар як устод ногувор ва андўҳовар аст.

– Набошад чӣ?! Ҳақ дорам! – шўхикунон мегуфт Садбарг. – Ҳар кас коргар шуда метавонад, ман ягон ҷои шавқангез меёбам. Ин ҷо дилгир. Коргар коргар аст, шахсияти оддӣ, космонавт не…

– Вақте ки ба асп наъл мезаданд, буз ҳам пояшро бардошта истод, – сухани ўро бурида киноя зад духтараки ситорагарм.

– Чӣ? – чашмонашро калон кушода пурсид Садбарг. – Ту маро буз гуфтанӣ?

– Космонавт не, мегўӣ? – Мавҷуда изтиробу ҳаяҷонашро фурў бурд.

Ҳоло зуҳури эҳсосот ҳеҷ мумкин набуд, зеро чашми духтарон ба даҳони устод буд, ки ў чӣ ҷавоб медиҳанд?

– Лекин ту ҳақ ҳастӣ, – ғайричашмдошт гуфт Мавҷуда.

Духтарон аз ин гапи ў дар тааҷҷуб монда, кунҷковона ба ў  чашм дўхтанд.

– Рост, коргар ҳар кас шуда метавонад, – бо хушлафзӣ суханашро идома дод Мавҷуда. – Лекин устоди кори худ, чӣ хеле ки мегўянд «шахси панҷ панҷааш ҳунар» на ҳар кас шуда метавонад. Ягон вақт дар бораи космонавт ҳам хоҳанд гуфт, ки касби оддӣ. Ин кори вақт. Лекин касби дўзандагӣ сад сари сол вуҷуд дорад, ҳисоби дўзандаҳо бешумор, вале Иқбол – холаи моро на танҳо дар иттиҳодия, балки дар ҷумҳурият ҳама медонад. Ў солҳои душвор ба иттиҳодия омада, ба сахтию қаҳтӣ тоқат кард. Ҳама чизро ёфт. Хизмати ҳалол кард. Обрў ёфт. Се маротиба депутати Шўрои Олии СССР интихоб шуд. Мукофотҳои бисёре дорад, ки навишта гиред, як дафтар пур мешавад. Байни коргарон ў – космонавт. Ҳамаи мо назди ҳунари волои ў сари таъзим фуруд меоварем. Аз ин мебарояд, ки мавқеи шахсро ҷои кору вазифааш не, балки садоқату бурдборӣ ва меҳнатдўстиаш муайян мекунад. Яъне, муҳимаш, кӣ шуда кор кардан не, чӣ хел кор кардан аст. Дилат мусўзад ё кўрдуд…

– Аз Садбарг – кўрдуд! – хандид духтаре.

Духтарон таҳсинкорона мағал бардошта ба ҷойҳои худ рафтанд.

– Ту Садбарг, беҳтараш ин қоғазро руст карда мон, – ба ў ишора карда гуфт Мавҷуда ва илова кард:

– Касби мо шавқи беандоза металабад. Мегўянд-ку: «…шавқ агар дар дил надорӣ,  синаҷунбонӣ чӣ суд?»…

Мавҷуда нохост дарк кард, ки калима ба калима суханони устодаш – Сауле Амонқуловаро такрор кард. Охир аз он айём чӣ қадар вақт сипарӣ шуд!

Хотира – чизи аҷиб, аз дуриҳо ин ё он ҳодисаро ба ёдат меорад. Лаҳзае ў худро тамоман кўчак дид. Дар мактаби миёнаи рақами 2 мехонду гоҳ-гоҳ ба Иттиҳодияи 50-солагии СССР меомад. Нахустин бор дар ҳамин ҷо ба кор қабул шуд, дўст пайдо кард. Устои пуртаҷриба ва рўзгордида Сауле Амонқулова ба синну сол аз Мавҷуда хеле калон бошад ҳам, дўстӣ ў шуд ва зери қаноташ гирифт. Барои ў бо чунин устод кор кардан ҳам мушкил афтоду ҳам осон. Ин як мактаби маҳорате буд барояш. Хислатҳои нек дошт устодаш. Бечораҳол, боандеша, накўкор, ғамгусор, дардошно. Шабу рўз баҳри рушди ҳунари дўзандагӣ, камолоти шогирдон ҷонканӣ мекард.

Боре Мавҷуда пурсид:

– Ин ҳама ғаму ташвиш ба шумо чӣ лозим?

Ў ҷавоб дод:

– Беғамӣ ба нокомӣ мебарад. Кӣ нокомӣ мехоҳад?

Мавҷуда дилсўзона гуфт:

– Охир ғами бисёр одама бармаҳал пир мекунад.

Ў ҷавоб дод:

– Одам ҷисман пир шавад ҳам гапе не, рўҳан пир нашавад. Дил бояд ҷавон бошад.

Мавҷуда ихтиёри худро ба дасти устодаш дода буд, гапи вай барои ў қонун буд, барояш  баландтар амре аз амри вай набуд. Лекин ў ба вай хайрхоҳ буд.

Рўзи аввал гуфта буд:

– Касби мо шавқи беандоза металабад, худро пурра ба он бахшида тавонӣ, комёб мешавӣ.

Ин панди устод барояш фонусе гардид, ки роҳашро минбаъд мунаввар месохт. Аз мушкилоти касби интихобкардааш натарсид, ҳамвора ба омўзишаш шуғл дошт. Баъзе дугонаҳояш ба душвориҳо тоб наоварда, иттиҳодияро тарк карданд. Садоқатмандиаш ба кор торафт меафзуд ва мустаҳкам мешуд. Омўзори пурдон сахтгирӣ мекард, ўро обутоб медод. Як амалиётро то бист бор иҷро мекард ва ҳар бор устод айбе, иллате меёфт. Лек бо ин маҳдуд намешуд. Роҳу равиши рафъи нуқсро меомўхт. Вай ҳамагӣ панҷ моҳ ҳунар омўхт. Чун диданд, ки дури мақсуди коргари ҷавон тез ба каф меояд, ба имтиҳон омодааш  карданд. Рўзи санҷидани донишу маҳорат фаро расид. Ва ў бо шаш устоди нозуксанҷ рў ба рў омад. Ва аҷабо, ки ба зиёда аз бист саволи онҳо ҷавоби қаноатбахш дод. Баъд санҷиши амалӣ сар шуд. Ў ба чену чоқи матоъ пардохт. Овозе шунида намешуд. Нафасҳо гўё ях баста буданд. Яхи хомўширо садои қайчӣ шикаст. Пас овози мошини дарздўзӣ ғул-ғула андохт. Хуллас, санҷиши донишу маҳорати дўзандаи ҷавон ба охир расид. Ба ў баҳои аъло гузоштанд. Раиси комиссия ўро ба кори мустақилона фотиҳа дода гуфт:

– Ту дўзандаи хуб мешавӣ. Роҳат сафед бод!

Мавҷуда бениҳоят хурсанд буд, рухсораҳояш ранги шафақро гирифта буданд. Аммо, ў медонист, ки ҳанўз донишу малака, таҷрибааш кам. Донишу таҷрибаро бештар аз зиндагӣ омўхтан лозим, – худ ба худ меандешид ў. Мавҷуда шавҳар кард. Соҳиби се фарзанд шуд. Рўзгори бомаром оғўши гарму нарми худро ба рўи ў боз кард. Мавҷуда барои осудаҳолию хушнудии одамон меҳнат, ҷаҳду ҷадал мекард, мубориза мебурд. Вале медид, ки маҳсулоташон дар мағозаҳо зери чанг хоб аст. Харидор надорад. Яъне сифаташон паст аст. Ва ў дар маҷлиси   умумӣ ин масъаларо кўндаланг монд.

– Барои чӣ дар тани ягонтаатон либосҳои дўхтаи худамонро намебнам? – ҷиддӣ суол партофт ў. Ва дид, ки ҳозирон ба даҳони ў дида дўхта, гўшу ҳуш шуданд, шердилтар шуда илова намуд: – Шарм медорем. Чунки зебо нестанд. Барои чӣ ба баровардани чунин либосҳои номуносиб шарм намедорем? Барои чӣ намунаи таҷрибавии либосҳо бисёр хушрўю дилкаш аст, аммо вақти ба истеҳсоли умумӣ сар кардан аз намунаи аввалааш чизе боқӣ намемонад? Маҳсулоти аз конвейер баромада бояд бо намунаи таҷрибавӣ монанд бошад-ку? Ва бо исрори онҳо технологҳо ҳазору як илова медароранд. Ба ин бояд нуқта гузошта шавад. Ҳамаи намудҳои либосҳои нави ба шўрои бадеӣ пешбаришуда бояд бе ягон тағйирот ба истеҳсолот ҷоӣ шавад. Шўъбаи сифат аз болои сифати маҳсулот бояд назорати қатъӣ барад. Ба замми ин бояд ҳар як коргар масъулиятро ҳис кунад. Коргари дилсўз, коргари ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ ба маҳсулоти бесифат роҳ намедиҳад.

Таклифҳои Мавҷуда қабул шуданд. Баъзе ҳамкоронаш ба ў суханҳои кинояомез мегуфтанд. Мавҷуда пеш аз ҳама худаш амалиётҳои мураккабро ба зима гирифта, амалан исбот кард, ки агар майлу хоҳиш дошта бошӣ ба мақсад мерасӣ.

Ҳамин тавр рўзҳо паси ҳам сипарӣ  мешуданд, таҷрибаи кориаш мукаммалтар мегардиду маҳорати касбиаш сайқал меёфт. Вай пайваста адабиётҳои мавҷударо мутолиа карда донишу фаҳмиш ва ҷаҳонбинии худро васеъ менамуд. Ба техникуми индустриалии пойтахт дохил шуд. Бе ҷаҳонбинии фарох одами бомаданият шудан амри маҳол аст.

Чунон ки Шамсиддин Шоҳин мегўяд:

                Зинҳор, ба ҳирфати падар кўш

                Дар дидаи мардум аз ҳунар ҷўш.

                Оини хирад ба даст овар,

                Моҳии ҳунар ба шаст овар.

                Ҳар ҷо ки равӣ, писанд оӣ,

                Пеши ҳама сарбаланд оӣ.

«Ҳунар чу мушк бувад, мушк кай ниҳон гардад». Баробари таҳсил қаҳрамонона меҳнат карда нишондиҳандаҳои баландтарин ба даст овард. Ҳар соаташ ду соат, ҳар басташ ду баст! Ба вай бахт ёр гашта буд. Бо ақлу хирад ва фаросати худ бисёр касонро қоил кард. Акнун дар ҳозираш ўро баиззату эҳтиром Мавҷуда-хола мегуфтагӣ шуданд. Он рўзҳо ў аз хурсандӣ ба пўсташ намеғунҷид. Бале, ў хушбахт буд. Ва ин дарахти бахтро  бо дастони хеш парварид.

Баъдтар барои Мавҷуда санҷиши нави бузургу масъулиятнок сар шуд. Ў шогирд гирифт. Ва ин санҷишро ҳам ба хубӣ паси сар кард. Хоксорӣ, фурўтанӣ, одамдўстӣ, ғамхорӣ ба дигарон, поквиҷдонӣ, меҳнатдўстӣ барин хислатҳо, ба шахсияти вай хосанд. Вай мисли як қабил мураббияҳо як-ду амалиётро нишон дода – саломат бошед! – намегўяд. Пеш аз ҳама шогирдонашро одамгарӣ меомўзад. Ва ҳатман пас аз кор духтаронро ба хонаи худ мебарад. Шавҳару фарзандонаш ба ин одат кардаанд. Дар ороиши дастурхон ёрӣ медиҳанд ва ба дигар ҳуҷра мегузаранд. То ки сўҳбати худро идома диҳанд. Аксарияти духтарон кордўсту баору номусанд. Лекин дили баъзеашон беқарор. Кас ба онҳо нағзӣ мехоҳад, онҳо намехоҳанд. Тоқат кунанд ба ҳама чиз соҳиб мешаванд. Ҳеҷ кас аз дўзандагӣ хор нашудааст. Ана имрўз Садбарг худро нишон дод. Гурезон. Ба куҷо? Аз худ  роҳи гурез нест. Охир аз некӣ некӣ намеҷўянд.

…Банохост садои сигнали мошин дар бехи гўшаш баланд шуд.

– О чароғак сурх, ба куҷо мешитобед! – гуфт касе бо буди овозаш ва аз дасташ дошта қафо кашид.

– Мебахшед, ба хаёл рафтам, – гунаҳкорона сар ҷунбонд Мавҷуда.

Бесаброна интизори гузариши мошинҳо шуд. Чароғак сабз гашт, аз чорраҳа гузашт. Боз Садбарг пеши рўяш омад. Ва ин дам  сафарҳояшро ба ёд овард. Чӣ қадар давлатҳоро дид – Англия, Италия… Ва дар ҳама ҷо ба ҷуз беэътиноии ҷамъият нисбати қисмати инсон чизе надид. Дар сарзамини мо ҷавоне ба кор ояд, ҳама ба ў дасти мадад дароз мекунанд: касб меомўзанд, аз аҳволи оилавиаш хабардор мешаванд. Ин чун қоида!

Мавҷуда худро аз давраи ҷавонон дур кашида наметавонад.

– Дигаронро намедонам, лекин барои ман аз тарбияи ҷавонон канораҷўӣ кардан маънии намак хўрда дар намакдон туф карданро дорад, – андешамандона мегўяд ў. – Инсон бояд номи неку кори нек ба нишон бимонад. Шогирд давоми умри устод аст. То насўзӣ, наафрўзӣ гуфтаанд. Имрўз шогирдони ў Дилбар Расулова, Чинигул Ғафурова, Гулбибӣ Азизова, Фотима Назарова, Наргис Бобоева устоди касби худ шудаанд ва меҳнат барои онҳо талаботи ботинӣ гардидааст. Рўзи дигар Мавҷуда Садбрагро ба гўшаи сурх бурд. Рў ба рўяш нишаст. Ҳалимона чашм ба рўяш дўхт. Нигоҳҳо даромехтанд. Нигоҳаш дард дошту ин дард ба дили Мавҷуда низ гузашт. Шогирду устод сўҳбати самимие оростанд ва баъд аз он гўё қомати Садбарг болотару чеҳрааш осуда шуд. Онҳо чӣ гуфтанд ба ҳардуи худашон маълум буд.

*       *       *

Мавҷуда чун одат чашми рўз накафида ба сех омад. Дар сех сукути пурасроре ҳукмфармо буд. Мошинҳои дарздўзии бешумор, ки дар ду басти корӣ лаҳзае қарор надоштанд, ҳоло меосуданд. Ногоҳ чашмаш ба духтари ношиносе, ки дар тан куртаи атлас дошт, афтод. Ҳуши духтарро мошини дарздўзӣ дуздида буд.

– Монда набошед, духтарам!

Духтар як қад парид. Қафо гашт.

– Ассалому алейкум, – боодобона салом дод ва бо хиҷолат гуфт: – Ба андеша рафтам.

Мавҷуда бо кушодарўӣ ва меҳрубонии ба худ хосаш табассум карда гуфт:

– Ҳеҷ қисса не, агар хато накунам, Шумо Ситора Қурбонова ҳамту не?

– Бале, – хурсанд шуд духтарак.

– Акнун, духтари ширин, биёед дурустакак шинос шавем: Фамилияи ман Маҳмудова, номам Мавҷуда. Мавҷуда-хола гуфтан гиред. Хўш ки бошад шароит хуб, вале кори осон  ваъда намекунам. Пешакӣ огоҳ мекунам барои дўзанда шудан ба бисёр мушкилиҳо даст ба гиребон шудан лозим меояд. То имконият ҳаст ба Шумо дасти ёрӣ дароз мекунем. Сонӣ, нидо кард:

– Садбарг, ин ҷо биё. Имрўз ин меҳмон ба ихтиёри ту, пагоҳ боз худам бо ў кор мекунам!

– Хуб шудааст, апаи Мавҷуда, – гуфт Садбарг.

15 декабри соли 1991

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …