Главная / Гуногун / ТОҶИКИСТОН: ЭССЕ, ТАЪРИХ ВА ИМРУЗ

ТОҶИКИСТОН: ЭССЕ, ТАЪРИХ ВА ИМРУЗ

Ҷумҳурии Тоҷикистони шӯравӣ кишвари ба таври сунъӣ сохтаи болшавикон аст. Солҳои пеш аз вуқӯъи инқилоби коммунистӣ қисми сарзаминҳои Осиёи Миёна аллакай аз сӯи Имперотории Рус забт шуда буданд.

Дар натиҷаи мағлубиятҳои пайдарпай, амири Бухоро маҷбур шуда буд, ки 23 июни соли 1868, мувофиқи аҳдномаи Зира- булоқ бекигариҳои Самарқанд, Панҷекат, Катта-Қӯрғон ва Ур- гутро ба Русия супорад.

Солҳои 1864-1875 русҳо дар натиҷаи ҷангҳои пайдарпай шаҳрҳои Тошканд ва Хуҷандро забт карда, дар ниҳоят соли 1876 бо забти Қӯқанд, хонигарии онро барҳам дода, бо зӯрӣ сарзаминашро пурра ба кишвари худ ҳамроҳ карда буданд.

эссе дар бораи тоҷикистон
Эссе дар бораи тоҷикистон

Ҳукумати Русияи подшоҳӣ ба заминҳои ҳосилхези Осиёи Миёна ҳамчун ба манбаи таъмини корхонаҳои кишвараш бо ашёи хоми кишоварзӣ нигоҳ мекард ва дар аввалин фурсати муносиб бо ҳар роҳу восита заминҳои минтақаро ғасб ва ба кишвари худ ҳамроҳ мекард.

Ҷанги Императории Рус бо Туркия дар солҳои 1877-1878 идомаи ғасби сарзаминҳои Осиёи Миёнаро ба таъхир гузошта бошад ҳам, қисмати боқимондаи Аморати Бухоро ва хонигарии Хоразм дар ҳоли дастнигар аз Имперотории Рус ба сар мебур- данд. Амири Бухоро расман мустақил бошад ҳам, бе иҷозати императори рус қадаме бардошта наметавонист. Мувофиқи ҳамон аҳдномаи «Зирабулоқ», амир муваззаф буд, ки тамоми сиёсати хориҷияшро бо давлати рус мувофиқа кунад. Муноси- бати ҳақиронаи амири Бухоро дар муқобили Имперотории Русро Аҳмади Дониш дар «Рисолаи манғития»-и худ бо танзи сазовор хуб тасвир кардааст.

Аз рӯзҳои аввали инқилоб болшавикҳо дар он қисмати бузурги Осиёи Марказӣ, ки ҷузъи Имперотории Рус буд, Ҷум- ҳурии мухтори Туркистони шӯравиро таъсис доданд.

Соли 1920 артиши сурх бо баҳонаи ёрӣ ба инқилобиёни маҳаллӣ, Аморати Бухоро ва хонигарии Хоразмро ҳам забт карда, Ҷумҳуриҳои халқии шӯравии Бухоро ва Хоразмро таъ- сис дод, ки ин воқеа дар китоби «Фитнаи инқилоби Бухоро»-и устод Муҳаммадҷон Шакурӣ муфассал ба қалам дода шудааст.

сухан дар бораи точикистон
Сухан дар бораи Тоҷикистон

Солҳои 1924-1925 тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ гузаронда, ҷумҳуриҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки баъдан ин ҳодиса ба но- ми «табартақсим» маъруф шуд. Масъулон гоҳе аз рӯйи ғараз, гоҳе нодонии ҷуғрофиву этникӣ, дар тақсими ҳудуд он қадр ба ҳарҷу марҷ роҳ доданд, ки халқҳои тӯли асрҳо дар якҷоягӣ зиндагӣ дошта, дар ду сӯи марзҳои ҷумҳуриҳои навташкил монданд. Масалан, водии Зарафшон, ки мардумони бумии он – тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо, аз саргаҳи рӯди Зарафшон то Самарқанду Бухоро якҷоя зиндагӣ мекарданд, дар ду сӯи марз, ним дар Ҷумҳурии Тоҷикистону ним дар Ӯзбакистон монданд. Худи табиат ин водиро тарзе офаридааст, ки қисматҳои поёнобу болооби он фақат дар якҷоягиву ҳамоҳангӣ метавонанд барои зист мувофиқ бошанд. Тақсимоти марзӣ ноҳияҳои Панҷекат, Айнӣ ва Масчои имрӯзаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навоҳии поёноби Зарафшонро дар ҳудуди Ӯзбакистон муқаррар кард.

Вале, бо вуҷуди ин, дар тӯли ҳафтод соли ҳокимияти шӯравӣ тамоми фаъолияти иҷтимоӣ-иқтисодии се ноҳияи болооби ин водӣ, ки ба Тоҷикистон дохил буданд, ба Самарқанду Бухо- рову Марв – марказҳои табиӣ-таърихии минтақа, ки акнун ба ҷумҳуриҳои Ӯзбакистону Туркманистон шомил мешуданд, вобаста буд, зеро аз ҷиҳати ҷуғрофӣ осонтарин ва наздиктарин роҳҳо ба ҳамин шаҳрҳо васл буданд.

Ин «табартақсим» дар бадани ҳамаи халқҳои минтақа ҷа- роҳати ҳамеша хуншор гузошт ва ғайр аз ин ки ҳамзистии таби- ии мардумро халалдор кард, зери муносибати байни ин халқҳо бомби замонӣ ҳам гузошт, ки баъдан мо шоҳиди таркишҳояш шудем.

Назарияи марксизм-ленинизм бунёди атеистӣ дошт ва са- рони инқилоби сурх бо такя ба иттилои ҷамъовардаи пажӯ- ҳишгарони қаблии рус тоҷиконро ҳамчун мазҳабитарин қавми маҳаллӣ ва душмани идеолоҷии худ мешинохтанд. Аз таҷрибаи таърихӣ огоҳ буданд, ки фарҳанги ин миллат мисли дарахти муқтадирест, ки решаҳо ва шоху баргаш тамоми соҳаҳои зин- дагиро печонда гирифтааст ва ҳар ки ба ин сарзамин омадааст, дар ниҳоят дар ин фарҳанг ҳазм ва аҳли он шудааст. Ба ин сабаб, беҳтарин гузинаро барои худашон ҳамкорӣ бо пантур- кизм, ки он замон дар минтақа нуфуз пайдо карда буд, дониста, вуҷуди миллати тоҷикро инкор ва марказҳои фарҳангии онро ба шаҳрҳои музофотӣ дар ҳайати ҷумҳуриҳои дигар табдил до- данд. Босаводону нухбагонашро нобуд карданд, хаташро тағйир доданд, то аз гузаштаи худ огоҳӣ надошта бошад. Оммаро та- вассути барномаҳои «маҳви бесаводӣ» ба хати нав «саводнок» намуда, пайваста талқин мекарданд, ки «шумо дар гузашта ҳеч будед». Ин барномаҳо саводи сатҳӣ диҳад ҳам, қобилияти анде- ша ва таҳлилро намедод, аз ин сабаб мардум бо уқдаи ҳақорат ва худкамбинӣ бузург мешуданд. Биноан табиист, ки одамон аз асли худ хабар надоштанд, ба ҳамаи ин ҳазён бовар мекарданд ва касе савол намедод, ки агар мо ҳеч будем, ин ҳама шоиру нависандаву мутафаккир ва ин фарҳанги беназир аз куҷост?! Аз ҳамин метавон хулоса баровард, ки «табартақсим», тағйири хат ва барномаҳои заифи мактабҳои тоҷикии Шӯравӣ махсус ва бо ҳадафҳои ғаразнок роҳандозӣ шуда буданд.

Манфиати турктозонаи пантуркистон низ дар он марҳала бо манфиати исломҳаросонаи болшавикон мувофиқ омад. Пан- туркистон аз фурсати муносиб истифода карда, номи миллати бумиёнро тағйир доданд ва фарҳанги ҳазорсолаҳо офаридаи соҳибони ин сарзаминро ба номи худ навиштанд, ки то ҳол касе аз ғасбгарони ин сарзамин ин найрангро ба кор набурда буд.

Дар натиҷаи ин тақсимоти ноинсофона, ба мо тоҷикон аз сарзамини паҳновару ҳосилхези бобоиямон як гӯшаи дурдасту нообод ва кӯҳистонии он расид, ки имрӯз бо номи ҶумҳурииТоҷикистон шинохта мешавад. Вале ҳатто ҳамин кӯҳпораи нообод низ ба осонӣ ба даст наомад, барои ба даст овардани ин як порча за- мин, барои сохтани кишвар барои соҳибони аслии ин марзу бум, фарзандони фарзонаи миллати ман ҷонбозиҳо карданд ва ниҳоят аксаран бо иттиҳоми миллатчигӣ қурбон шуданд.

Аҷибаш ин буд, ки минтақаҳои ба тоҷикон додашуда гӯё махсус интихоб шуда буданд. Як порча аз водии Фарғона, пор- чаи дигар аз водии Зарафшон ва як порча аз Бухорои шарқӣ, ки табиатан ба воситаи кӯҳҳо аз ҳам ҷудо буда, байни ҳам роҳи бевосита надоштанд. Дар тӯли солҳои ҳокимияти шӯравӣ ҳам байнашон роҳи хуб сохта нашуд ва ин минтақаҳо шомили як кишвар бошанд ҳам, дар асл дар ҳолати аз ҳам гусаста зиндагӣ мекарданд, ки яке аз сабабҳои асосии адами ваҳдати миллӣ ва рушди марази маҳалгароӣ дар Тоҷикистон шуд.

Ҳадафи асосии дастандаркорон маҳалҳоро дар инзиво гу- зошта, аз байн бурдани забони форсии тоҷикӣ буд. Сабаби забони худро хуб ҳифз карда тавонистани мардуми болооби Зарафшон он буд, ки Самарқанд ва Бухоро шаҳрҳои тоҷикон буданд ва забону фарҳанги худро нигоҳ дошта буданд. Вале дар қисмати водии Фарғонаи Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба қисматҳои дигари Тоҷикистони ба таври сунъӣ сохташуда роҳ надошт ва бештар бо Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбакистон равуо дошт, таъсири забони ӯзбакӣ бамаротиб бештар буд ва ба забони мардум садама зад.

Аз шаҳрҳои ҳазорсолаҳо ба мардуми ман тааллуқдошта, аз марказҳои сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангии таърихи- ямон, ки заминаи асосии ташаккули миллати воҳиди тоҷик буданд, яке ҳам ба мо нарасид. Дар натиҷа, барои кишвари ба таври сунъӣ барои мо тоҷикон сохташуда, як деҳаро пойтахт интихоб намуданд.

Рисолатҳои пойтахт хеле муҳим буда, он созандаи ҳувияту фарҳанг, тафаккури миллӣ, ваҳдати сокинони маҳаллу музо- фотҳои мухталифи кишвар аст. Шаҳри Душанбе дар замони Шӯравӣ ба маънии томи ин сухан пойтахти миллии тоҷикон нашуд, он бештар як шаҳри русӣ буд ва аз ин сабаб рисолатҳои мазкури худро ба пуррагӣ иҷро карда натавонист. Ин буд, ки дар ин кишвари ба таври сунъӣ ва бадтарин навъ сохташуда, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд наомад ва ин чиз дар сол- ҳои аввали истиқлол яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз дар кишвар гардид.

Гарчанде солҳои 70-80-ум нишонаҳои умедбахши дар Ду- шанбе ба ҳам омадани намояндагони минтақаву маҳалҳои гу- ногуни Тоҷикистон ба мушоҳида мерасид, аммо бо касофати фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90 ин раванд қатъ гардид ва нотамом монд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …