Тимсоҳ

Тимсоҳҳо хазандаҳои нисбатан инкишофёфтаи қадима мебошанд. Дар гузашта тимсоҳ дар обанборҳои гарми ҳамаи қитъахо (хусусан дар Америкаи Ҷанубӣ, Африка, Осиё) бисёр вомехӯрд. Тимсоҳ торафт кам шуда истодааст. Онро барои пӯсти мустаҳкаму зебо доштанаш шикор мекунанд. Ҳатто баъзе давлатҳои Африка, ки дар соҳили Нил ҷой гирифтаанд, фермаҳои махсуси тимсоҳпарварӣ доранд. Дарозии тимсоҳхо аз 2 то 10 м буда, аз ҷиҳати зоҳирӣ онҳо ба калтакалос монанд мешаванд. Ду ҷуфт пойи кӯтоҳ дошта думи як андоза паҳн доранд.

timsoh

Аз Ҳиндустон ва Америка тимсоҳи мурдаи кадимаеро ёфтанд, ки 20 м дарозӣ доштааст. Тӯъмаи тимсоҳ одатан Моҳӣ, қурбоққа, парранда ва ҳайвонҳои хурду калони ширхӯр буда, баъзеаш ба одам ҳам ҳуҷум мекунад. Чашму сӯрохии бинии он дар қисми болои сараш ҷой гирифтааст ва сарашро аз об боло бардошта нафас мегираду мебинад ва боз ба об пинҳон мешавад. Вақте ки тимсоҳ ба таги об меравад, сӯрохиҳои бинӣ ва гӯшҳояш ба воситаи сарпӯшхо пӯшида мешаванд. Онҳо бо ёрии дум ва пойҳои ақибашон, ки дар байни ангупггонашон пардаҳои шиноварӣ доранд, нағз шино мекунанд. Дандонҳои калону тези ин даррандаҳо хеле хатарноканд.

Тимсоҳ дар ҷойҳои пастоб. сохили об, дар болои чӯбу ҷисмҳои дар об шинокунанда нағз истироҳат карда, дар хушкӣ базӯр ҳаракат мекунад. Баъзеи тимсоҳҳо дар соҳил ба худ гор мекобанд. Тимсоҳ дар қабати куми хушку гарми соҳилҳо дар чуқурии конусмонанд тухм мегузорад. Тухми он пӯсти оҳакин сахт дошта, ва ҳаҷман ба тухми коз баробар аст. Фарқаш аз тухми калтакалос он аст, ки ба ғайр аз моддаи зардӣ сафеда ҳам дорад.

Рӯйи тухмҳоро бо per, алаф, шоху барг мепӯшонад. Тимсоҳи модина хонаи худро муҳофизат мекунад. Хонаи тимсоҳ серналу гарм аст. Баъд аз 3 моҳ аз тухмҳо тимсоҳчаҳо мебароянд, ки 20- 25 см дарозӣ доранд. Хусусияти хоси тимсоҳ он аст, ки дилаш 4-хонагӣ, шушаш сердевора, чашмаш мижазан аст. Авлоди онҳо қариб 180 млн. сол пеш ба вуҷуд омадаанд.

Яке аз намудҳои тимсоҳи ҳозира — тимсоҳи дарёи Нил мебошад, ки то 10 м дарозӣ дорад.

Намуди дигараш тимсоҳи хитоӣ мебошад, ки дар дарёҳои Ҳиндустон ҳаёт ба cap мебаранд. Вай бо нӯли дарозаш аз тимсоҳи нилӣ фарқ мекунад. Онҳо ҳаёти худро асосан дар об гузаронда, дар вақти хушк шудани об бо роҳи хушкӣ ба оби дигар рафта метавонанд. Дар даҳонашон дандонҳои якхела доранд. Дандонҳои онҳо дуошёна (ҷоғию комӣ) мебошанд. Узвҳои ҷинсиашон нағз аён аст. Бордоршавиашон дарунӣ мегузарад. Баданашон бо пулакчаҳои сипаршакли устухонӣ пӯшида шудааст. Онҳо ҳайвоноти обӣ, обхокию моллюскҳо ва паррандаю хазандаю ширхӯрхои соҳилро сайд мскунанд. Ҳатто ба аспу гов ва одам, ки ба соҳил меоянд, ҳамла мекунанд. Тимсоҳ тӯъмаи аз соҳил доштаашро ба об кашола карда, пора-пора мекунад, вале ҳайвоноти хурдро дар ҷояш фурӯ мебарад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …