Тиловат кардани Қуръон
Расули акрам (с) фармуданд: – Ҳар ки дар намоз аз сурахои Қуръон бо талаффузи тамом хонад, Аллоҳ таъоло ба ҳар ҳарфи он ба ӯ сад савоб ато кунад. Ва ҳар ки берун aз намоз бо таҳорат тиловати Қуръон кунад, ба ҳар ҳарфи он понздаҳ , савоб ёбад.
Беҳтарин ибодат тиловат кардани Қуръон аст.
Ривоят мекунад Абдуллоҳ бинни Умар (р): калимаи “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ” бисту чаҳор ҳарф аст, як шабу рӯз низ бисту чаҳор соат аст. Ҳар гоҳе ки бандаи мӯъмин бо ихлоси тамом калимаи тайибаро ба забон ронад, Аллоҳ таъоло гӯяд, ки эй банда, ба ҳурмати “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ” дар ин бисту чаҳор соати шабу рӯз аз гуноҳони хурду калон, хоҳ ошкору хоҳ пинҳон, хоҳ қасдан ва хоҳ саҳван карда бошӣ, авфат кардам ва мағфиратат намудам.
Расули акрам (с) фармуданд: – Ҳар ки баъд аз намози бомдод даҳ мартаба сураи ихлос бихонад, дар он рӯз ҳеҷ гуноҳи вайро нанависанд. Агар ҳар рӯзе як бор сураи ихлосро тарк нокарда бихонад, савоби сад шаҳидро дар девони аъмоли ‘ ӯ сабт гардонад. Ба дурустие, ки сураи ихлос хонандаашро аз сахтиҳои дунё ва охират ва аз талхии ҷонкандан ва аз торикии қабр ва аз ҳавли қиёмат халос мегардонад.
Расули акрам (с) дар вақти хоб рафтан сураи ихлос ва сураи “Қул аъузу бираббиннос” ва “Қул аъузу бираббилфалақ”-ро хонда ба кафи дасти худ дам андохта, ба бадани мубораки худ молида хоб мекарданд. Он ҳазрат, агар касалманде ва ё дардманде ба наздаш меомад, ба он низ инчунин мефармуданд.
Ҳар ки ҳама вакт сураи ихлосро бихонад, аз бадиҳои дунё ва охират халос ёбад.
Ҳар ки сураи ихлосро ба касалӣ бихонад ба фармони Аллоҳ таъоло шифо ёбад (сураи ихлос «Қул ҳувал-лоҳу аҳад»-ро гӯянд). Эҳтиром намудан Қуръони Карим аз заруриёти ислом аст. Дар вақти тиловати Қуръон ӯро аз зонувон боло гузошта хонда мешавад ва Қуръони Карим шифо аст барои дардҳо.