Главная / Гуногун / Тиҷорати якум: Сири Тиҷоратӣ

Тиҷорати якум: Сири Тиҷоратӣ

Замони ба тиҷорат шурӯъ кардани ман коргузории бонкӣ ҳанӯз ҳам аломатҳои зиёди низоми шӯравиро дошт.

Тавре ки арз шуд, дар низоми шӯравӣ бонкҳо тамоми раван- ди тавлиду масрафро назорат мекарданд ва ҳисобро байни тавлидкунандаву масрафкунанда баробар. Тавлидкунанда метавонист дар Тоҷикистон бошад, масрафкунанда дар Сибир. Ҳамдигарро дидану донистани онҳо ҳатмӣ набуд. Ба тавлидкунанда аз боло нақша фиристода мешуд ва ӯ тибқи нақша колои тавлидкардаашро бор карда, ба суроғаи масрафкунанда мефиристод. Асноди борро ба бонк месупорид ва бонк маблағи ӯро мепардохт. Бонкҳо низоми Ҳисоббаробаркунии байнишуъбавӣ (МФО) доштанд, ки аз шуъбаи он муштарӣ дархости маблағ карда, ҳисобро баробар мекарданд. Санаде, ки байни шуъбаҳои бонкҳо радду бадал мешуд, ёддошти фармоиш (мемориальный ордер) ном дошт. Дар ҳоли каму зиёд будани таносуб, бонкҳо метавонистанд худашон мустақим ҳисобро баробар кунанд ва муштариро дар ҷараён гузоранд.

Вақте ки ман ба тиҷорат оғоз кардам, ғайр аз хоҳиши пул кор кардан, дигар ҳеч донишу малака дар ин соҳа надоштам. Китобчае, ки Музаффар ба ман дода буд, ғайр аз намунаи оиннома ва аснод барои сабти ширкат, намунаҳои қарордоду асноди дигаррро ҳам дошт ва хеле кӯтоҳу фаҳмо навишта шуда буд, ки ба ман хеле кумак мекард.

Дар муддати як соли аввал кори дурусте аз дастам наомад. Чанд кораки хурду резе кардам, ки суди ончунонӣ надоштанд. Вале ман раҳораҳ корро меомӯхтам ва ҳамеша дар кофтукови роҳкор будам. Он замон ман хеле ба пул ниёз доштам. Оиладор шуда будам, дар хонаи иҷора иқомат мекардам, таъмини рӯзгор ниёз ба харҷ дошт. Хеле мехостам, ки хонае бихарам ва зиндагиро сару сомон бахшам.

Рӯзе аз рӯзҳои баҳори соли 1992 дар назди шуъбаи бонк дӯстонро, ки ҳама мисли ман тоҷири навкор буданд, вохӯрдам. Ҳар кас ба ҳамдигар пешниҳоди харидуфурӯш мекард. Як марде, ки қаблан надида будам, ба ман гуфт, ки барояш дар қатор теъдоди зиёди мили оҳан бор шудаасту ба наздикӣ хоҳад расид. Ман, ки чанд рӯз пеш раиси як корхонаи сохтмониро дида будам ва медонистам, ки ӯ ин молро ниёз дорад, ба ин пешниҳод мароқ зоҳир кардам ва дар бораи андоза ва миқдори мил пурсидам. Ӯ ҳавобаландона эълон кард, ки баъд аз ду ҳафта ду вагони ҳафтодупанҷтоннагӣ барояш ворид мешавад. Арзиши ҳар тон се ҳазор рубл мебошад ва гумон намекард ман ин маблағро дошта бошам. Ман воқеан пул надоштам, вале ҷои онро медонистам.

Ман андозаи он милҳоро низ мушаххас кардам ва фавран рафта ба он раиси корхонаи сохтмонӣ пешниҳод кардам. Нархи ҳар тоннаро чор ҳазор эълон намудам. Вале барои эҳтиёт ба ӯ гуфтам, ки муҳлати таҳвил додани мил ба анбораш чор ҳафта хоҳад буд. Раис сармуҳосибашро даъват кард ва гуфт, ки бо ман қарордод бандад ва маблағи он як саду панҷоҳ тоннаро, ки шашсад ҳазор рубл мешуд, ба ҳисоби бонкии ман гузаронад. Тавофуқ кардем, ки дар ҳоли иҷро накардани ин муомила даҳ дар сад ҷарима хоҳам пардохт. Ҳамин тавр, аввалин қарордоди бузурги тиҷории ман хеле зуд ва сода баста шуд.

Фавран баргашта, он мардро пайдо кардам ва бо ӯ низ қарордод бастам, ки як саду панҷоҳ тонна милро аз ӯ ба нархи се ҳазорӣ мехарам, муҳлати таҳвили бор ду ҳафта аст ва дар ҳоли иҷро накардан, ӯ бист фоиз ҷарима хоҳад пардохт. Ба ҳисоби ман, агар ин муомила анҷом мешуд, ман як саду панҷоҳ ҳазор сум ба даст меовардам. Дар ҳоли иҷро нашуданаш, ҳатто агар пули корхонаи сохтмониро бо ҷаримааш баргардонам ҳам, як чизе ба ман мемонд. Бо ҳарду тараф қарордодҳоро бастам, аз пули ба ҳисоби бонкиям воридшуда қисми фурӯшандаро, ки чорсаду панҷоҳ ҳазор мешуд, ба ҳисобаш гузарондам ва бо ҳаяҷон интизори рӯзи омадани бор шудам.

Вақте ки муҳлати омадани вагонҳо наздик шуд, ҳис кардам, ки он мард аҳдашро иҷро карданӣ нест. Ба дуруштӣ бо ман суҳбат мекард: «Овардани бор осон аст, магар? Интизор шав, ҳар вақт ки омад, худам ба ту хабар медиҳам!» гуфта дӯғ зад. Ман ба ӯ фаҳмонданӣ шавам, ки муҳлати дар қарордод нишон- додашуда ду ҳафта аст, бо асабоният ҷавоб медод.

Раиси он шуъбаи бонк марди хубе буд. Чи тавре зикр кар- дам, ман бо ӯ робитаи дӯстӣ доштам. Назди ӯ рафтам ва қа- зияро ҳикоя кардам ва асноду қарордодро нишон додам. Ӯ аз муҳосиботи бонк хоҳиш кард, ки ҷузъиёти ҳисобҳои моро биёранд. Вақте ҷузъиётро оварданд ва қарордодро хонд, дид, ки воқеан ман рост гуфтаам. Аз ҳисоби ширкати ман ба ҳисоби он ширкат маблағи гуфтаам гузаштааст. Ӯ ба ман кафолат дод, ки агар он нафар дар рӯзи ваъдакардааш бори маро таҳвил надиҳад, пулҳои маро бо ҷаримааш аз ҳисоби ӯ ба ҳисоби ман бармегардонад. Ман пушти хубе пайдо кардам. Вақте фаҳмидам, ки он мард нияти иҷро кардани қарордодро надоштааст, ба назди раиси корхонаи сохтмонӣ рафтам ва қазияро шарҳ до- дам. Ба ӯ гуфтам, ки агар бор наёяд, ман маблағро бо ҷаримааш бармегардонам. Ӯ бо истеҳзо ба ман гуфт:

  • Фикр кардӣ кори дунё осон аст? Ту ҳанӯз кӯдакӣ, дигар ба ин корҳо машғул нашав ва сари дигаронро ҳам гаранг накун!

Ин ҳарфаш ба ман сахт расид ва ман ба ӯ гуфтам, ки то муҳлати тавофуқ ҳанӯз ду ҳафтаи дигар ҳаст ва ман саъй ме- кунам вазифаамро иҷро кунам.

  • Ихтиёрат, – гуфт ӯ бо лабханд.

Аз утоқи ӯ мисли «гурбаи аз об кашида» берун омадам. Ба иловаи аз даст рафтани фоида, шармандагӣ эҳсос мекардам, ки аҳди худро натавонистам иҷро кунам.

Ёдам омад, ки Фозил ном як дӯстам ба афғонҳо оҳанолот мефурӯхт. Ӯро пайдо карда, хоҳиш кардам, ки ба ман мили оҳан ёфта диҳад, омода будам, ки ҳеч суде надошта бошам, вале қарордодро иҷро кунам. Ҷинси оҳанолоте, ки Фозил дошт, ба дарди ман намехӯрд. Вале ӯ ба ман нафаронеро шинос кард, ки тиҷораташон оҳанолот буд. Онҳо миқдори камтаре тайёр доштанд, вале ваъда доданд, ки агар ман бо пули нақд бихарам, ҳар теъдодеро бароям пайдо мекунанд. Он шаб хобам набурд, хеле нороҳат будам.

Субҳи рӯзи дигар, ки муҳлати дуҳафтаина буд шуд, ман дар назди бонк ҳозир шудам, вале аз он мард дарак набуд. Ба назди раиси бонк даромадам ва арз кардам, ки муҳлат расид, вале он мард на танҳо борро таҳвил надод, балки худаш ҳам нопайдост. Раиси бонк бо қотеъият ба кормандонаш фармон дод, ки пулро бо ҷаримааш ба ҳисоби ман баргардонанд. Ман бо ёрии кормандони бонк асноди тақозои хаттии бозгашти маблағро пур кардам ва бонк маблағи тақозоро ба ҳисоби ман рехт. Ҳини иҷрои ин супориш, он мард пайдо шуд ва маро гирифта, ба назди раис бурд ва хоҳиш кард, ки барояш чанд рӯз муҳлат диҳем, то борро таҳвил диҳад. Раис ба ӯ гуфт, ки пул ба ҳисоби ман рехта мешавад ва агар дар се рӯз борро таҳвил диҳад, маблағ ба ҳисобаш баргардонда хоҳад шуд. Он мард баъди се рӯз муроҷиат накард, вале ман базудӣ дар авҷи кор афтодам ва ӯро комилан фаромӯш кардам.

Бояд зикр кунам, ки он замон бонкҳо нав аз низоми шӯравӣ берун омада буданд ва бисёре аз усули кори он низом ҳанӯз ҳам роиҷ буд, ки дархости баргардондани пул яке аз ҳамонҳо буд ва бонкҳо дар ҳисоббаробаркунии байни муштариён хеле салоҳият доштанд. Ҳамин тавр, дастҳои ман барои муомилаи нав боз шуданд.

Як миқдор пулро аз бонк нақд гирифта, ба назди он шинос- ҳои нав шитофтам ва бо онҳо ҳар тоннае 2500 сӯмӣ тавофуқи шифоҳӣ кардам, ки ин барои ман суди бештар дошт. Онҳо ба кор сар карданд ва ҳар рӯз ба корхонаи сохтмонӣ 10-15 тон мил месупурданд. Кори ман гирифтани омор аз анбордори корхонаи сохтмонӣ ва кашондани пули нақд ба онҳо буд. Ҳанӯз муҳлат нарасида, ман ба анбори корхонаи сохтмонӣ бештар аз ваъдаам мили оҳан супурдам. Раиси корхона бо ман ба пуррагӣ ҳисобро баробар кард ва бо раисони корхонаҳои сохтмонии дигар шинос кард. Ман корро ба ҳамин минвол давом дода, маблағҳои калонеро соҳиб шудам.

Тиҷорати маводи сохтмонӣ хуб пеш мерафт, вале ақли кунҷкови ман ба соҳаи хеле фарох роҳ ёфта буд. Ман ғайр аз кунҷковӣ, табиатан одами хеле беқарор ҳам ҳастам. Ҳамин ҳозир ҳам, ки ин сатрҳоро менависам, худамро аз ҳаракат базӯр нигоҳ медорам. Ҷисми ман бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад.

Дар аввалҳои кор, ки ба тиҷорати колои сохтмонӣ машғул шудам, табиист, ки бо одамони зиёде ҳамкорӣ мекардам. Бо онҳо суҳбат мекардам ва ба тарзи кору таҷрибаашон ошно ме- шудам, доим дар суроғи роҳҳои дигари тиҷорат ҳам будам, ки корро беҳтар пеш бибарам. Аз ин сабаб пайваста дар ҳаракату кофтуков будам, агар бо корхонае ё соҳибкоре ҳамкор шавам, шеваи кори он ва роҳҳои ҳамкории бештар бо онҳоро баррасӣ мекардам. Шабу рӯз дар ҳаракат будам. Борҳо шудааст, ки рӯз дар Душанбе кор мекардам, шаб бо мошин ба роҳ баро- мада, худамро ба Хуҷанд мерасондам, дар мошин мехобидам, рӯзи дигар дар Хуҷанд кор мекардам ва шаби баъдӣ боз ба Душанбе баргашта, рӯзи дигарро ҳам аз даст намедодам. Рӯзҳои истироҳат ва идро бад медидам. Ончунон сар ба кор фурӯ бурда будам, ончунон бо шавқ кор мекардам, ки як лаҳза ҳам орому қарор надоштам.

Кор торафт васеъ мешуд ва ман ба танҳоӣ ба ҳамаи корҳо намерасидам, аз ин сабаб мувофиқи ниёз корманд мегириф- там. Назрулло ном дӯсте доштам, ки маро бо як ҳамсинфи мактабияш бо номи Исмоил шинос карда буд. Ин Исмоил ҷа- вони тануманд ва ҳузарб буд. Ӯ риш монда мегашт, ки намуди зоҳирияшро хеле муассир нишон медод. Бар хилофи намуди зоҳирияш, Исмоил фарди сода, самимиву нек аст. Ана ҳамин Исмоилро ман ба ҳайси ронанда ва хизматчии ҳамакора ба кор гирифтам, ки солиёни дароз ёрдамчии хубу содиқи ман шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …