Главная / Гуногун / Техналогияи чокбури (латаи либос)

Техналогияи чокбури (латаи либос)

Ба нақшагирии либоси махсус бо унсурҳои амсиласозӣ

Номи умуми чизҳоеро, ки инсон мепӯшад, либос мегӯянд. Ба мафҳуми либос каллапӯш, курта, пойҷома, пойафзол, шиму ҷома ва ғайра дохил мешаванд.

Либос ҳамчун восилаи муҳофизати инсон аз таъсири гуногуни беруна (гармою сармо, обу оташ, гарду чанг ва ғайра) пайдо шудааст. Либоси аввалини инсонҳои қадим аз пӯсти ҳайвонот, баргу пӯстлоқи дарахтон пару пӯсти паррандагон ва ғайра буд.

maxresdefault

Баъдтар одамон барои худ аз пашм, пахта, канаб, зағирпоя ва пилла либос тайёр мекардагӣ шуданд. Либосҳо аввал танҳо миёну ронро мепӯшонданд. Баъдтар намудҳои гуногуни либос, аз ҷумла куртаҳои кӯтоҳу дароз, чакман, яктаҳ, пойҷома, пешдоман ва ғайра пайдо шудаанд.

Либос мувофиқи фаслҳои сол, машғулияти касбу кор, сину сол, рангу рӯю мӯю абрӯ, қаду баст тайёр карда мешавад. Ғайр аз ин либос аз рӯи таъминот ба корӣ ва меҳмони чудо карда мешавад.

Либоси кории одамон вобаста ба касбу кор ва машғулияти онҳо дӯхта мешавад. Масалан, либоси кории табибон, ошпазҳо, фурӯшандаҳо хилъати сафеду кулоҳ (рӯймол)-и махсус, либоси кории сохтмончиёну коркунони кону шахтаҳо аз матои махсуси дағал дӯхта шуда ва кулоҳи пластмасӣ иборат мебошад.

Мактабиён низ либоси махсус доранд. Ин либос барои духтарон куртаю пешдомани мактаби ё нимкуртаю доман (юбка), кофтаю, сарафан, барои писарон шиму костюми сиёҳ ё кабуд, куртаи сафед аст. Либоси хонагиро мувофиқи номаш дар хона, ҷамъиятиро дар корхона ва дар мактаб мепӯшанд.

Либоси хонагӣ бояд тавре дӯхта шпавад, ки дар он одам худро ҳангоми шину хез, иҷрои кори рӯзгор ва фароғат озоду бароҳат эҳсос каврда тавонад. Либоси меҳмони-либоси идона, меҳмонӣ, маҷлису маърака ва тамошо рафтан буда, ҳамеша хушнамо, шинам бо ороишоти илова дӯхта мешавад. Ба тартиби либоспӯшӣ риоя намудан лозим аст.

Пӯшидани либос мувофиқи таъиноташ зебанда аст. Яке аз либосҳое, ки ҳаноми иҷрои кори рӯзгор мепӯшем пешдоману сарбанд аст. Пешдоман ва рӯймол, инчунин либоси кории пешхизматҳо, як ҷузъи либоси миллии украину белорусҳо, халқҳои Назди Балтик ва ғайра мебошад. Вобаста ба ин аз рӯи дӯхт пешдоманҳо гуногун мешаванд.

Пешдоману сарбанде, ки ҳангоми корҳои рӯзгор мепӯшем, асосан аз матои пахтагини якранг ё гулдор дӯхта мешавад.

Пешдоманро барои ифлос нашудани либос, сарбанд ва калапўш барои парешон шуда ба хӯрок наафтидани мӯи сар, истифода мебаранд. Барои дӯхтани пешдоману рӯймол ё калапўш пеш аз ҳама модел ва вобаста ба ҳамин матоъро интихоб карда миқдори матои зарур, тарзи ороиш, маснуоти ороиширо низ муайян намудани лозим аст.

Миқдори матоъ вобаста ба бари он ва қаду баст муайян мешавад. матоъҳо гуногунбар, яъне аз 60 см то 1 метр 60 см то 2 м мешаванд. Пайдоиши либос. ҳафриёти бостоншиносӣ нишон медиҳад, ки хеле барвақт, ҳанӯз дар давраи полеолит (40-25 ҳазор сол пеш аз милод) либос пайдо шудааст. Дар ин давра аллакай сӯзанҳои устухониро истифода бурда медӯхтанд, мебофтанд ва бисёр маводҳои табииро истифода бурда, баргҳо, каҳ, дарахтони майда, пӯсти ҳайвонотро шакли ба худ хосро ҳосил мекарданд.

Барои каллапӯш маводи табииро, чун кадуҳои дарунаш холишуда, пӯстлохи чормағзи какос, пӯслоҳи сангпушт истифода мебурданд.

Пойафзол баъдтар пайдо шуд. Либос ҳамчун санъати декоративӣ (прикладного) бо зебои ва мақсаднокиаш бадани инсонро аз хунукӣ, гармӣ, намнокӣ, шамол, муҳофизат мекунад ва вазифаи эстетики низ дорад.

Либос бадани инсонро қисман мепӯшонанд. Либоси аз пӯсти ҳайвонот ё материалҳои растанигӣ бофта, пораҳои росткунҷа ва ба қисми рон мепартофтанд ва онро мебастанд ё гирди бадан амудӣ ё уфуқи ё спиралшакл мепӯшиданд. ҳамин тавр либос пайдо шуд. Яке аз намуди асосии либос ҷамияти ибтидои буд. Бо гузариши вақт шакли муракаби либосҳо пайдо шуд.

Маътои ҳосилкардаро ба қисми асосиаш қат мекарданд ё ба кундалангӣ ва қисми паҳлугиашро медӯхтанд дар қисми болои ҷойи сӯрохӣ дошт гузоштан дар маркази қаткунӣ сӯрохӣ барои сар. Либоси бо гузориши сӯрохӣ барои сар, ки онро аз болои сар мепӯшиданд.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

zolim

Хосияти дуои «Ҳабиб»

Агар касе дар дасти золиме афтад ва ин дуоро бихонад, халос шавад. Ва бо ҳар …