Главная / Гуногун / Технолоигяи тайёр кардани хўрокҳои миллӣ

Технолоигяи тайёр кардани хўрокҳои миллӣ

Технологияи пухтани хўроки миллӣ: Зимни омӯзиши ин боб Шумо бо ошхона ашёи ошхона ва шустушӯю дар ҷояш гузоштани асбобу анҷоми ошхона, низоми кори ошхонаҳои умумӣ ва бо касби ошпазӣ, пешхизмат, зарфшӯӣ, калкулятор, дегустатор ва ғайра шинос мешавед. Оид ба қоидаи техникаи бехатарӣ ва талаботи санитарию гигиенӣ роҷеъ ба нигоҳубини ошхонаю асбобу анҷом, қоидаи беҳдошти шахсе, ки таъом тайёр мекунад, қоидаи аҳамияти хӯроку об, нон, намаку сабзавот ва тартиби хӯрдани таом маълумоти аниқ мегиред. Мо ғайр аз дар мактаб синфхонаи пухтпаз доштан, боз дар хона ошхона дорем, ки онро бояд нигоҳубин намоем.

xuroki-milli

Ошхона манқали (плитаи) барқӣ ё газӣ, яхдон, ҷевону рафҳои махсус, мизу курсиҳо ё мебели ҷиҳози ҷои табақу косашӯӣ, яъне оби гарму хунук дошта бошад. ҳуҷрае, ки озуқа маҳфуз аст, бояд хушк ва шамолраву салқин бошад. Расми умумии ошхона ин аст, ки озуқаи дернапоянда (гӯшт, моҳӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, кабудӣ)-ро дар яхдон, ҷойи хушк, хўришу дорувориро дар қуттичаҳои пӯшида ё халтачаҳо андохта дар ҷевон нигоҳ медоранд.

Анҷому зарфи ошхона аз дегҳои гуногуншакл ва гуногунҳаҷм, шӯрбопазаки сирдори гуногунҳаҷм, тағорача, сатил, табақчаю коса, кафгиру кафлес, тахтачаҳо барои реза кардани гӯшти хом, пухта, нон резакунӣ барои сабзавоти хом ва пухтаро резакардан, тахтаю тираки ошӣ, сурфа, элак, нонпар, гӯштқимакунак, турбтарош, чойникҳои гуногунҳаҷм, пиёлаҳо, чойники сирдор, қошуқ, кордҳои гуногун, чангакҳо ва ғайра иборат аст.

Анҷому зарфи ошхона бояд ҳамеша тоза озода бошад. Андозаву ҳаҷм ва шумораи зарфу анҷом ба ҳаҷми ошхона (матбах) ва шумораи аъзои оила бояд мувофиқат кунад.

Дар ошхона асосан таом тайёр мекунанд, ки ин яке аз соҳаҳои қадимтарини фаъолият ва касби одамон мебошад. Таомпазиро кулинария низ меноманд, ки он аз калимаи лоотинӣ гирифта шудааст.

Таомпазӣ (кулинария) – ин санъати хуштаъм, болаззат ва серғизо пухта тавонистани таом мебошад. Кулинария таърихи қадим дорад.

Сарчашмаҳои таърихӣ қайд мекунанд, ҳанӯз дар асри VII то солшумории мо мактабҳои кулинарӣ мавҷуд буданд. Тайёр кардани таом аз қадимулайём кори ифтихоромез маҳсуб мешавад. ҳар як халқу миллат бо таомҳои миллии худ дар баробари дигар расму суннату таърихаш ифтихор мекунад.

Тарзи тайёр кардани таомҳои тоҷикӣ аз авлод ба авлод мегузарад ва дар вақтҳои охир бо тараққиёти илм элементҳои хӯриши ратсионалиро ба он дохил карданд. Олими бузург ва табиби маъруфи форсу тоҷик Абӯали ибни Сино дар китоби худ «Ал-қонун» (илм доир ба шифокорӣ) 800 намуди масолеҳи хӯроквориро ҷудо кардааст, ки ба организми одам таъсири махсус медиҳанд.

Санъати таомпазӣ (кулинария) тоҷикон таърихи ҳазорсола дорад. Бисёр ошхонаҳои бомаҳорат асрори истифодабарии махсуси намуди масолеҳро ба эътибор мегиранд, ки таъсири онҳо ба саломатӣ ва бардамии одамон мадад мерасонад. Монанди сихкабобу паловро бо анор, чормағз, кашнич, сабзавот, гӯшти говро бошад бо караму бодиринг ва турб истеъмол мекунанд. Инҳо аҳамияти махсус доранд.

Қариб дар ҳамаи хонаҳои дар деҳот ва ҳавлиҳо танӯр ҳаст, ки дар он нон ва самбӯсаҳои гӯштин, алафӣ, карамӣ, кадугин ва ғайра мепазанд. Fайр аз ин таомҳои лагмон, тушбера, ҳулбаманту, мантуҳои гӯштин, кадугин, картошкагӣ ва ғайра тайёр мекунанд. Дар вақти истеъмоли хўроки миллӣ хўришҳо истифода мебаранд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …