Главная / Маданият ва санъат / Таёр кардани андоза ва буридан. Сохтани қолаб

Таёр кардани андоза ва буридан. Сохтани қолаб

Барои ченаки васеии қисми поёни пешдоман бояд ба ченаки Нчр (нимченаки рон) ҳаққи чок дода мешавад. Барои он ки пешдоман озод ва қисми паҳлуии ронро пурра пӯшад. Барои он ки дар вақти кашидани нақша хонанда онро бояд хонда тавонистанаш лозим. 

Мисол:

  1. Ҷузъҳои пешдоман аз якдигар фарқ дорад, пешдоман қисми болоии пешдоман хурдтар аз қисми поёни маснуот ва ба тарафи қисми болоиаш камтар сиқонда шудааст.
  2. Қисми киссаи он ба чоркунҷа қисми поёни пешгир ба рост кунҷа монанди дорад.
  3. Номгӯи ва аломатҳои шартии хатҳои ронро муайян карда, аз ҷусса онро ёфтан осонтар аст.
  4. Муайян кардани ҳолати буришҳо ва нуқтаҳои нақша дар маснуот. Аввал дар маснуоти тайёр ва баъд аз ҷусса нишон додан мумкин аст.
  5. Муайян кардани бузургиҳои ченкунӣ, ки аз он дигаргунии нақша дидан мумкин аст.

Агар хонанда нақшаро нағз хонада тавонад ва ба хатҳои асосиро фарқ карда тавонад барои андозаи худ аз ченаки гирифтанаш қолаб сохта метавонаш.

Сохтани қолаби рўймоли сарбанд ва пешдоман

buridanБарои бурида дӯхтани маснуот албатта бояд қолаб бошад. Қолаб- ин нақшаи ҷузъӣ ки ба андозаи аслӣ баробар аст. Як маснуот аз якчанд ҷузъҳо иборат мебошад.

Қолабро бе назардошти ҳаққи чок асосан ба ними маснуот тайёр мекунанд. Ба қолаб номи ҷузъҳоро мегузоранд ва тарафҳои равиши риштаҳоро асосан муайян мекунанд, ҷои қат ва миёнаҷои мато ва шумораи қолабҳоро муайян месозанд.

Қолабҳоро аз қоғази ғафс, борик (калька, калёнка. салафанҳои ғафс) месозанд.

Қолабҳои асосиро аз рӯи нақшаҳои асосӣ, ки дуруст ченак гирифта шудаанд тайёр мекунанд. Намудҳои фасонҳои гуногуни мураккабро аз рӯи қолаби асосӣ бо ҷадвали секунҷа, (лекало), қалам, хаткӯркун ва ғайра тағир додан мумкин аст.

Тартиб додани фасонҳои гуногуни соддатар аз рӯи қолаби асосӣ ҷаҳонбинӣ ва тафаккури хонандаро васеъ намуда, бодиққатӣ, фаҳмиши чуқур оид ба фасонҳои зебопарастӣ, майлу рағбат, маҳорату малака оид ба дӯхтани маснуотро пайдо мекунанд ва дар навбати худ дар баробари ин интихоби фасонҳои гунонгунро дар интихоби матоъ меомӯзанд.

Пеш аз он ки қолабро ба андозаи худ тайёр кунанд, бояд ба дафтар бо ҷадвали миқёси М1:4 якчанд бор машқ карда, кашида буридан лозим, то ки малака нисбати буридани қолаб пайдо шавад.

Ҷадвали миқёси мувофиқи стандарт якчанд хел мешавад. Мисол, дар вақти кам кардан ва хурд кардани андоза М1:2, 1:5, 1:10, яъне ду маротиба панҷ ва даҳ маротиба хурд.

Дар вақти калонкуни маштаби 2:1, 5:1, 10:1 яъне ду маротиба, панҷ ва даҳ маротиба калон мешавад.

Ба ғайр аз ин боз миқёсҳои 1:2,5 (2,5:1), 1:4 (4:1) Барои дӯхтани либос ва сохтани қолаб, хонандагон асосан бо миқёси 1:4-ро истифода баранд беҳтар аст. Агар худи ҷадвал набошад, хонандагон метавонанд аз варақаи катаки дафтари оддӣ истифода баранд. Барои мустаҳками варақа ба қафои ҷадвали 30 см, картон ё фанери часпондан мумкин аст.

Дар нақша хатҳои асосиро бо хатҳои яклухти ғафс чудо карда, якчанд бор чен карда ва боварӣ ҳосил карда, баъд онро буридан лозим аст. Қабл аз буридани қолаб хонандагон аввал ба муаллим онро нишон диҳад ва хатогиҳои содиршударо ислоҳ намоянд.

Баъд аз буридани қолаб боз як бор онро бояд санҷид, ки дар андоза тағироти калон нашуда бошад.

Барои қолаб шаблонҳо бо ёрии ҷадвалҳои секунҷа кунҷак ва ғайра тайёр карда мешаванд. Қолаби тайёрро ба асоси нақша мувофиқат мекунанд, ки он якхела аст ё не, яъне аз гирифтани ченаки дурусти қолаб саҳеҳтар тайёр мешавад.

Дар вақти буридани қолаб ба қайчи задани даст аҳамият диҳед, ки хатҳои буридашудаи қолаб рост ҳамвор бошад ва нуқсон надошта бошад, яъне тарафҳои паҳлуии қолаб арра-арра набошад. Қоидаҳои буридан ва кор бо қайчиро донистан лозим аст.

Баъд аз машқ кардан бо маштаби 1:4 баъд бо ҷадвали метрӣ андозаи асосиро тайёр мекунем.

Оё шумо медонед

Қолаб, ки барои буридани матоъ лозим буд ҳанўз дар асри Ҷ матоъ истифода бурда мешуд. Қолабро чеварҳо эҳтиёткорна нигоҳ медоштанд, ки аз рўи қолаб нусхабардорӣ накунанд. Аз соли 1860 баровардани қолабро дар истеҳсолот ташкил кардан. Асосан фирмаи Е, Бавттерика дар солҳои 1826- 1903 қолабҳоро мебаровард.

Савол ва супориш

1.Барои сохтани қолаб чиҳоро ба назар мегиранд?

2.Дар вақти кашидани қолаб кадом ҷадвалро истифода мебаранд?

3. Қолаби пешдоман варўймоли сарбандро ба андозаи худ тайёр намоед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …