Главная / Гуногун / Тавсияе барои беморон

Тавсияе барои беморон

  1. Сураи «Фотиҳа»-ро 21-маротиба бихонед ва бар худатон бидамед.
  2. Сураи «Фотиҳа»-ро 21-маротиба бихонед ва бар обе суф намуда, он обро бинушед.
  3. «Ё Салом»-ро 143-маротиба бихонед ва бар худ дам андозед.
  4. Садақа бидиҳед.
  5. Асали холисро истеъмол намоед.
  6. Агар шахси дигаре монанди шумо бемор аст, дар ҳаққи вай дуои хайру саломатӣ бинамоед.
  7. Ҳар дӯст ва ё ошное, ки барои аёдат ва аҳволпурсӣ ба назди шумо ояд, ӯро бар ин ки бар дин амалкунанда бошад, ташвиқ бинамоед.
  8. Оби Замзамро ба нияти шифову тандурустӣ бинушед.
  9. Бо хешовандон силаи раҳм намоед. Дар ривояте омадааст, ки: «Дар силаи раҳм шифо аст».
  10. Дар ривояте мазкур аст, ки: «Дар Қуръон шифо аст». Агар худи шумо (бемор) Куръон хондан метавонед, Қуръонро бихонед вагарна ба Қуръон хондани фарзандонатон гуш фаро диҳед.
  11. Агар касе набошад, ки Қуръонро бихонад, дар ин сурат фақат ба сӯйи Қуръон нигоҳ кунед.
  12. Аз сиёҳдона истифода намоед.
  13. Дар ҳадисе ворид шудааст, ки: «Худованд дуои шахси беморро мавриди иҷобат қарор медиҳад». Бинобар ин дуои худи шумо ба нисбати дуои мо дар ҳаққи шумо беҳтар пазируфта мешавад.
  14. Дар ҳадисе ворид шудааст, ки: «Ба сафар биравед, зеро ки тандурустӣ ҳосил мекунед».

Орзуи ин ҳақир бар ин аст, ки Худованд шуморо шифои комил иноят фармояд. Омин, ё Рабба-л-оламин.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …