Главная / Маданият ва санъат / Тавба ва надомат бар гуноҳ

Тавба ва надомат бар гуноҳ

Тавба ва надомат бар гуноҳ

Акнун, бародар ва хоҳари азиз, бидон, ки ахлоқи наку ва корҳои савоб низ бисёр аст, ки дар иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳл кардан зарур аст. Мо аз ҷумлаи онҳо даҳ номгӯяшро иншоаллоҳ, ба тариқи мухтасар баён мекунем:

Якум тавба ва надомат аст бар гуноҳ. Дувум сабр бар бало. Сеюм ризо ба қазо. Чаҳорум шукр бар неъматҳо. Панҷум эътидоли хавф ва риҷо. Шашум таваккал ба дил дар сахтӣ ва осонӣ. Ҳафтум силаи раҳм ва дӯстӣ бо ақрабо. Ҳаштум ихлос дар аъмол. Нуҳум ҳусаи хулқ бо халқ, яъне хислати нек. Даҳум хушӯъ бо Аллоҳ таъоло ва муҳаббати Худованди таъоло.

Бидон, ки тарки ҳама гуноҳон бар бандаи болиғ фариза аст. Агар бандаи мӯъмин ба ғалабаи нафсу ҳаво ба гуноҳ дарафтад, фарз бошад бар вай, ки дарҳол тавба кунад ва ба Худованд боз гардад. Ҳак таъоло дар каломи маҷиди худ ҳамаро ба тавба фармуд. Ва тавба аз ҳамаи гуноҳон мақбул аст ва тавбае бояд кард, ки ба дилу забону тан бошад. Зеро ки ибодати банда аз ин се хазина мебошад.

Тавбаи дил пушаймонӣ аст бар гуноҳи гузашта. Тавбаи забон узр хостану исхиғфору омурзиш талабидан аст. Тавбаи тан аз гуноҳ бозистодан аст.

Агар бандаи мӯьмин чунин тавба кунад, ҳамчунон аз гуноҳ пок шавад, ки гӯё гуноҳ накардааст.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки пушаймонӣ аз гуноҳ тавба аст ва тавбакунанда аз гуноҳ ҳамчун касе аст, ки ӯро гуноҳе набошад. Тавбаи насуҳ он acт, ки тавбакунанда ба сӯи гуноҳ нагардад. Ҳамчунон ки боз нагардад шир ба пистон.

Куфри садсола ва ҳазорсоларо Худованди бузург ба як калимаи тавҳид ва безор шудан аз дини ботил меомурзад.

Гуноҳи мӯъмин аз куфри кофир бадтар нест, агар ба як пушаймонӣ гуноҳи ҳамаи умри ӯро биёмурзад, аз карами Худои таъоло аҷибу ғариб набошад. Кӯшиш кун, то тавбаи ту насуҳ бошад.

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки дӯстдоштатарини ҳамаи бандагон дар ҳар қарн, яъне дар ҳамаи вақт ба наздики Худованди таъоло ҷавонони тавбакунандаанд.

Ҳикоят. Нақл аст, ки марде назди амири мӯъминин Умар разияллоху анху омаду гуфт: – Ё амир, гуноҳи бузург дорам, маро тавба бошад?

Умар (р) дурра бардошт ва дурраро меҷунбонид.

Он мард гуфт: ё амир, ман тавба мехоҳам, на дурра.

Умар гуфт: агар пеши ман иқрор шавӣ, дурра бояд бизанам, ё қамчин бизанам ва агар гуноҳат даступо буридан бошад, дасту поят бибурам, қасос карданӣ бошад, қасос кунам.

Он мард гуфт: ман ҳаргиз иқрор накунам, ки ту бо ман ин азобҳоро накунӣ. Бо Худои худ гӯям, ин чанд муддат аст, ки ман ин гуноҳонро кардаам ва ӯ маро шарманда накардаву сарзаниш накардааст.

Умар (р) ин сухан бишунид, дурраро партофт ва остин бар рӯй карду бисёр бигрист ва ин оят бихонд. Маънии оят ин аст: “Худои таъоло мағфираткунандаи гуноҳон аст аз барои шахсе, ки гӯяд, нест худое ғайри Аллоҳ таъоло ва қабулкунандаи тавбааст аз барои шахсе, ки пушаймон шавад аз гуноҳаш”. .

Ҳикоят. Шайх Абӯтуроби Наҳшабӣ Раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: рӯзе дар кӯчае мегузаштам. Ногоҳ овози ғулғула ба гӯшам расиду дидам, ки гурӯҳе мардон ҷамъ омадаанду бо пиразане ҷанҷол доранд. Ба худ гуфтам: он ҷо биравам, шояд мазлуме бошад ӯро ёрӣ расонам.

Чун рафтам, заифае наздам омаду гуфт: – эй шайх, писаре дорам фосиқ ва умри худ дар бераҳагӣ гузаронидааст. Дирӯз мехост маҷлис орояду арақхӯранд. Дар аввали шаб Ҳак таьоло ӯро беморӣ фиристоду акнун бар бистари беморӣ афтодааст.

Хонаи мо дар ҳамсоягии масҷид аст. Ҷамоатиён овоз шунида омадаанд, ки ӯро аз маҳалла берун кунанд. Ман ба онҳо фаҳмонда истодаам, ки ин замон ӯ бемор аст, амонаш гузоранд. Шояд аз беморӣ бимираду ҳама аз вай халос шавем ва ё тавба кунаду ба салоҳ ояд. Агар намирад ё тавба накунад, он гоҳ ӯро аз шаҳр берун кунанд.

Шайх мегӯяд: дар мобайн даромадаму аз онҳо хохиш кардам, то аз он ҷанҷол бозистоданд. Он гоҳ ба хотирам расид, ки ҷавонро бояд бинаму ба тавба фармоям, шояд тавба кунад. Чун қадам дар хона ниҳодам, ҷавон маро бидид фарёду зорӣ аз ӯ баромад.

Гуфт: шукри Худованди Карим, ки дуои мани гунаҳгорро чунин зуд қабул кард.

Гуфтам: – эй ҷавон, чи дуо кардаӣ?

Гуфт: – эй шайх, ин саҳар ду дуо кардам. Яке он ки гуфтам: – Илоҳо, бомдод маро ба дидори Абӯтуроб рӯзӣ гардон.

Дуюм, он ки гуфтам: – Илоҳо, маро тавбаи насуҳ каромат фармоӣ.

Як дуоям қабул шуд. Умед дорам, ки они дигар низ қабул гардад. Эй шайх, гуноҳи бисёр дорам, маро тавба бошад?

Гуфтам: – эй ҷавон, навмед мабош, ки дарёҳои раҳмати Ҳақ таъоло мавҷ мезананд. Ҳақ таъоло қабулкунандаи тавба ва омӯрзандаи гуноҳи бандагон аст. Тавба аз ҳама гуноҳон мақбул аст.

Ҷавон дар назди ман тавба ва гиряи бисёр кард. Чун шайх бозгашт, ҷавон модари худро гуфт: – эй модар, ба ту як васият дорам ба ҷой ор.

Гуфт: – ҷони модар, чи васият дорӣ?

Гуфт: – он ки маро аз рӯи бистари нарм бар хок ба хори андозӣ, то дар назди Абӯтуроб тавба кардам, ин замон бо Худои таъоло тавба кунам, ки бемориям сахт шудааст. Ҳис мекунам, ки бемориям бемории марг аст.

Модар васияти ӯро ба ҷой оварду ӯро аз рӯи бистари хоб ба рӯи хок андохт. Ҷавон рӯй дар хок мемолиду аз ҷони пурдард менолиду мегуфт: – бор, Худоё, аз кардаҳои худ пушаймон шудаму тавба кардам. Ба ҷуз даргоҳи ту дари дигар надорам, дастгири дардмандон ва паноҳи ниёзмандон туй.. Бар мани хоксори гунаҳгор раҳмат фармой.

Ҳамчунон тазаррӯъ ва зорӣ мекард, ки ӯро аз рӯи хок ба рӯи бистар бурданд. Чун шаб даромад, ҷавон вафот кард.

Абӯтуроб мегӯяд: он шаб Расули Худо (с)-ро ба хоб дидам, ки меомад ду пир ҳамроҳи ӯ буданд ва халоиқи бисёр баробари онҳо меомаданд. Яке маро гуфт: – он ҳазрати Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва он пире, ки бар дасти роста ӯст, Иброҳими Халилуллоҳ аст. Ва оне, ки бар дасти чапи ӯст, Мусо алайҳи-с-салом аст ва он халоиқи бисёр ҳама пайғамбарон салавотуллоҳи алайҳим аҷмаинанд.

Ман пеш давидаму салом кардам. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоби саломи ман дод. Ман гуфтам: – ё Расулаллоҳ, Шумо ба шаҳри Нахшаб омадед?

Гуфтанд: – эй Абӯтуроб, он ҷавоне, ки вай рӯз бар дасти ту тавба карда буд, имшаб вафот ёфт. Ҳақ таъоло ӯро ба дараҷаи дӯстони худ расониду ӯро мақоми авлиё каромат кард. Ман ва ҷамъи пайғамбаронро ба зиёрати вай фиристод. Эй Абӯтуроб, ҷавонро ба чашми иззат нигаред ва бар ҷанозаи вай ҳозир шавед.

Шайх мегӯяд: – бедор шудам, аз он ҳол маро тааҷҷуб омад, ки аҷаб парвардигори меҳрубоне? Фосиқе, ки аз бадии фисқаш ӯро аз маҳалла берун мекарданд, ба як нолаву зорӣ ва як тавбаву пушаймонӣ ӯро бо ин қурбат расонид. Аз лутфи ӯ ҳеҷ банда навмед нашавад.

Абӯтуроб мегӯяд: – дар ин завқу ҳолат будам, ки аз хонаи дигар овози духтараки хурдсоли худро шунидам, ки мегирисг.

Гуфтам: – эй фарзанд, барон чи гиря мекунӣ?

Гуфт: – эй падар, маро дар хоб намуданд, ки дар фалон маҳалла ҷавони тавбакоре вафот кардааст, ҳар киро назар бар ҷанозаи вай афтад, ҳар ҳоҷате, ки аз Ҳақ таъоло бихоҳад, раво гардонад. Эй падар, ҳаргиз иҷозати берун рафтан нахоста будам, акнун мехоҳам иҷозат диҳӣ, то биравам ва ҷанозаи ҷавонро бубинаму аз Худованд омурзиши гуноҳи худ ва бандагони ӯро бихоҳам.

Ӯро иҷозат додам ва яқини ман зиёдат шуд. Аз хона берун омадам, то мардумонро аз ҷавон хабар диҳам. Заифаи солиҳае буд, ки муддати ҳафтод сол ба ибодати Ҳақ машғул буд. Дидам, ки меомад. Чун назари вай бар ман афтод, гуфт: – Эй Абӯтуроб, дидӣ, ки раҳмати Ҳақ таъоло чӣ корҳо кард? Ҷавони фосиқе, ки ӯро аз маҳалла берун мекарданд, имшаб вафот ёфт. Ва ӯро дар қатори авлиёҳо даровардаанду маро дар хоб намуданд, ки ҳар кас ба ҷанозаи вай ҳозир шавад, гуноҳони ӯ омурзида мегарданд.

Яке аз муттақиёни дигарро низ мисли ин дар хоб намуданду ӯ маро хабардор кард. Мардумонро аз он ҳол огоҳ кардам. Аҳли шаҳр ба якборагӣ берун омаданд ва бар ҷанозаи ҷавон намоз хондем. Ӯро бо эъзозу икроми тамом дафн кардем, то бидонӣ, ки ба як нолаи саҳару ба як оҳи пушаймонӣ Худованд гуноҳи ҳамаи умрро омурзад.

Бар ин даргоҳ касеро ҷои навмедӣ нест. Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар дардеро давоест. Давои дарди гуноҳ тавба кардан аст. Ҳар ки рӯзе ду мартаба тавба накунад, пас ба таҳқиқ бар нафси худ зулм кардааст.

 

Ҳикоят. Овардаанд, ки дар Бани Исроил зане буд фоҳиша. Дар ҳусну ҷамол ҳамто надошт. Бисёр мардумон ба он зан ошиқ буданд. Зан дарвозаи худро кушода бар болои сарир нишаста мардумро ба сӯи маъшуқӣ ва дилрабоӣ даъват мекард. Ҳар касе ҳаваси дидани ӯро менамуд, даҳ динор меовард, то иҷозати даромадан меёфт. Рӯзе обиде аз дарвозаи ӯ гузашту чашмаш ба он зан афтод. Беихтиёр ошиқи ӯ гардид. Ҳарчанд ҷахд кард, ки худро аз он ҳолат берун кашад, ишқ тоқати ӯро аз дасти ӯ бурд. Ноилоҷ ҳар чизе дар бисоти худ дошт, фурӯхта, даҳ динор ҷамъ овард ва ба вакили зан супорид. Вакил вақтеро таъйин кард. Обид вақти ваъда омада ҳамроҳи он зан дар болои бистар нишаст. Ин вақт аз баракати ибодат Аллоҳ таъоло ба он шайх тавба ато карду хавфе дар дили ӯ пайдо шуд.

Ба худ гуфт: – Аллоҳ таъоло ин ҳолатро мебинаду ибодати чандин солаат ҳабата мешавад ва ранги рӯяш мутағайир гардид.

Зан гуфт: – аз чи сабаб ба ҳоли ту тағйирот пайдо шуд?

Обид гуфт: – аз Аллоҳ таъоло тарсидам. Иҷозат деҳ, ки аз хонаи ту берун шавам.

Зан гуфт: – орзӯи маро карда даҳ динор додӣ, акнун, ки ба мақсад расид, муфт аз даст медиҳӣ?

Обид гуфт: – ҳар чизе, ки ба ту додам, бахшидам. Зуд иҷозат кун биравам.

Зан гуфт: – ҳоҷате, ки аз ман тамаъ доштӣ, ба ҷо op, баъд аз он бирав.

Обид гуфт: тарси ман аз ҳамин кор аст.

Зан ному макони ӯро пурсида, ҷавобаш дод.

Обид аз он ҷо гирякунон берун шуда ба макони худ рафт ва ҳамеша дар пушаймонӣ буд.

Гӯянд, ки баъд аз рафтани обид, тавфиқи илоҳӣ ёвари он зан гардиду ба худ гуфт: – Ин марди обид бо вуҷуди кори хилофи шаръӣ нокарданаш аз Аллоҳ таъоло тарсида, пушаймонӣ намуда, басӯзу гудоз гиря карда, берун рафт. Май чандин сол аст, ки бо ин кори номашрӯъ машғуламу ҳеҷ тарсе аз Худои таъоло надорам. Аз офаридгор шарм бояд кард.

Пас аз сидқи дил тавба карда, дарвозаи худро аз мардумон баста, либосҳои фохираро бароварду либоси фақирӣ пушид ва ба ибодати Аллоҳ таъоло машғул гардид. Зан ният кард, ки обидро ёфта, ба никоҳи мусалмонии ӯ дарояд ва амри дину мусалмониро аз ӯ таълим гирад. То ин ки ӯро Аллоҳ таъоло биомурзад.

Бо ин ният молу амволи худро ҷамъ карда, ҳамроҳи хизматгорону канизони худ ба роҳ баромад ва макони он обидро пурсида, обидро ёфт.

Обид чун аз ибодатгоҳи худ баромада занро дид, наъра зада ҷон ба ҳақ таслим намуд.

Зан аз дидани ин ҳол бисёр андӯҳгин гардида гуфт: – Аз барои дидори обид омадам, ки маро дар кори дин ёрӣ кунад. Акнун аз хешовандони ӯ касе бошад, ки ба никоҳи ӯ даромада ибодати Аллоҳ таъолоро кунам?

Мардумони он ҷо гуфтанд: – Обид бародаре дорад, ки солиҳу зоҳид аст, аммо аз моли дунё чизе надорад.

Зан гуфт: – Ман аз бойҳои ин замонам, маро мол лозим нест.

Пас зан ба никоҳи бародари обид даромада, ба ибодат машғул шуда, аз бародари обид ҳафт писар таваллуд кард, ки ҳамаи онҳо ба баракати тавбаи модар аз солиҳон гардиданд.

Гар тавбаи ту нусуҳ бошад,

3-ин тавба туро футӯҳ бошад.

* * *

Илоҳо, ҳамаи бандагони мӯъминро тавбаи насух каромат фармоӣ ва аз шарри шайтони бадкирдору аз васвасаи нафси ғаддор дар паноҳи исмати худ нигаҳ дорӣ. Ба ҳурмати ҳазрати Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам, омин.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Фируза точка Шон мс

Фируза ва Шон МС: Суруди Точка 2019

Суруди – мусиқии аз тарафи сароянда/ҳофизаи номӣ Фируза Ҳафизова ва Шон МС хондашуда соли 2019-ум …