Главная / Маданият ва санъат / Таваккал бо худо кардан

Таваккал бо худо кардан

Таваккал бо худо кардан

 

Бидон, ки таваккал аз ҷумлаи мақомоти муқаррабон аст ва дараҷаи вай бузург аст. Худованди таъоло ҳамаро ба таваккал фармуда, онро шарти имон гардонид.

 

Худованди таъоло мутаваккилонро дӯст медорад ва ҳар касе, ки таваккал бар Худо кунад, Худованд ӯро басанда аст.

 

Вақте ки Иброҳим алайҳи-с-саломро ба оташ андохтанд, гуфт: “Ҳасбияллоҳу ва ниъмал вакил“, яъне басандааст маро Аллоҳ таъоло ва нигаҳбони ҳақиқӣ ӯст.

 

,Дар ҳаво Ҷабраил алайҳи-с-салом ба вай расиду гуфт: -Туро ҳеҷ ҳочате нест?

 

Гуфт: – Ба ту ҳоҷате надорам.

 

Гуфт: – Ба касе, ки ҳоҷат дорӣ, бигӯ, то бирасонам.

 

Гуфт: – Худои таъоло мебинаду медонад, ба гуфтани ту ҳоҷат нест.

 

Чун таваккали ҳазрати Иброҳим ба Худои таъоло мустаҳкам буд, фармон расид ба оташ, ки эй оташ, хунук шав ва Иброҳимро саломат нигоҳ дор.

 

Оташ хунук шуду Иброҳимро саломат нигоҳ дошт, балки ба қудрати Илоҳӣ дар байни оташ гулистон пайдо шуд. Шарҳи ин ҳикоятро хоҳед, ба китоби “Қасасуланбиё” нигаред.

 

Ҳикоят. Овардаанд, ки Робиа (р) дар таваккал ба дараҷае буданд, ки гуфтанд: – Агар осмон мисин шавад, замин оҳанин гардад ва аз осмон як қатра борон наёяд ва аз замин як гиёҳ нарӯяду аз Машриқ то ба Мағриб ҳама аҳлу фарзандони ман бошанд, ба иззату ҷалоли Худои таъоло, ки ба хотирам дарнаёяд, ки ман бо инҳо чи хӯронам ва чи пӯшонам? Зеро ки Худованди Карим кафолати ризқи ҳамаро бар ӯхдаи худ

гирифта, дар Каломи маҷиди худ фармудааст, ки “ризқи ҳамаи мавҷудот бар Худои таъоло аст”.

 

Илоҳо, ба ҳурмати мутаваккилони худ моро таваккалу яқини содиқ дар дин каромат фармоӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …