Главная / Маданият ва санъат / Тасвир барои китобҳо

Тасвир барои китобҳо

Китоб яке аз воситаҳои зарурии дарк кардан аст, чунки дар онҳо тамоми таърихи инсоният, аз пайдоиши инсон сар карда, тавсиф ёфтааст. Бидуни китоб мо дар ҷамъияти инкишофнаёфта бо сатҳи пасти шуур боқӣ мемондем.

Ҳамаи он чизе, ки инсоният ба он тавассути илм, санъат ва фарҳанг комёб шудааст, бо китоб алоқаманд аст. Айни замон шумо инчунин бо ёрии китоб маҳорати санъати тасвириро меомӯзед.

Ҳоло мо, ба мақсади мустаҳкам кардани маводи омӯхташуда, супоришҳои тестиро ба ҷо меорем.

  1. Муаллифи расми «Духтари Қирғизистони шӯравӣ» кист?

а)   Г. Айтиев;

б)   С. Чокморов;

в)   Т. Герсен;

г)   С. Чуйков.

  1. Портрет чист?

а)   расми пешакӣ;

б)   тасвири инсон;

в)   тасвири табиат;

г)   тасвири ҳайвонот.

  1. Кадом рассом дар тасвири қаҳрамонҳои афсонавӣ муттасил фаъолият намуд?

а)   В. Е. Маковский;

б)   К. А. Савитский;

в)   В. М. Васнетсов;

г)   А. К. Саврасов.

Дар гузашта китобҳо дастнавис буданд, аз ин лиҳоз нодир ва гаронбаҳо буданд. Танҳо одамони бойтарин соҳиби китоб буданд. Чопи матбаавии китобҳо тадриҷан рушд ёфт, имконияти нашри китобҳо бо нусхаҳои зиёд пайдо гардид.

Тасвирҳое, ки шумо мебинед ба кадом афсонаҳо тааллуқ доранд?
Тасвирҳое, ки шумо мебинед ба кадом афсонаҳо тааллуқ доранд?

Ҳамин тавр, бо ёрии китобҳо одамон донишу маҳорати худро нигоҳ дошта, аз авлод ба авлод боқӣ мемонданд. Китоб – меҳнати дастаҷамъонаи нависан- да, шоир, олим, рассом ва ороишгар. Онҳо китобҳоро тавре омода месозанд, то ки барои истифода зебо, хушсифат ва қулай бошанд. Дар байни онҳо меҳнати махсуси рассом низ ҳаст. Ӯ муқоваро оро медиҳад, ба матн тасвир меофарад, ҳамаи ин асари санъати тасвирӣ маҳсуб меёбад, яъне китоби минбаъдаро оро медиҳад

101

Дар графикаи дастгоҳӣ рассом хаёлоти худро дар рӯйи коғаз тасвир менамояд, дар графикаи китобӣ бошад, тавассути ороиш додан рассом, ҳамчун муаллиф, ба воситаи расмҳои худ образи бадеӣ ва мазмуни асосии муаллифи асарҳоро ошкор менамояд.

Ба матни китобҳо расмҳо, аксҳо ва маводҳои дигари графикӣ илова карда мешаванд. Ин маводҳоро мо тасвир меномем.

– Ба хотир оред, кадом рассомон тасвирҳо кашидаанд ва ба ка­дом асар?

– Дар кадом китобҳои нависандагони қирғиз ба шумо тасвирҳо писанд омаданд?

Муайян созед, ки ба кадом асар тасвирҳои зерин тааллуқ дорад.

102

Тавассути асарҳои графикаи дастгоҳӣ ҳуҷраҳо, долонҳо, деворҳои хонаҳоро ороиш медиҳанд.

«Китоб – манбаи дониш», бинобар ин эҳтиёткорона истифода бурдани он зарур аст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …