Главная / Варзиш / ТАЪСИРИ МАШҚҲОИ ҶИСМОНӢ БА СИСТЕМАИ НАФАСКАШӢ

ТАЪСИРИ МАШҚҲОИ ҶИСМОНӢ БА СИСТЕМАИ НАФАСКАШӢ

Шумо аллакай медонед, ки нафаскашӣ вазифаи муҳими организм буда ва узвҳои нафаскашӣ қисмати димоғӣ, ком, гортан, шуш маҳсуб мешаванд. Дар роҳҳои болоии нафас ҳаво аз микробҳо тоза гардида, ҳиссачаҳои бегона гарму сернам мешаванд. Дар ҳолати мутаасиршавии пардаи луобии димоғ ва ком бо чанг рефлексҳои ҳимоятӣ ба амал меояд – атса ва сулфазаданҳо.

Happy sporty children

Покшавӣ ва гармшавии ҳаво вақте ба амал меояд, ки инсон бо воситаи бинӣ нафас мегирад. Дар синни кўдакӣ нафаскашӣ бо воситаи даҳон метавонад ба қафомонии инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонии кўдак оварда расонад.

Нафаскашӣ иборат аст аз табдили ҳаво байни муҳити атроф ва ҳубобчаҳои шуш. Аз ҳисоби ҳаракати мавзуни нафаскашии қафаси сина афзоиш ё камшавии ҳаҷми шушҳо – нафас ба дарун ва нафас ба берун ба амал меояд.

Дар вақти нафас кашидан мушакҳои нафасгирӣ хурд, ихчам мешаванд, ки онҳо қабурғаҳоро боло намуда, диафрагмаро поён месозад, ҳаҷми қафаси синаро зиёд мекунад ё меафзояд. Шушҳо дар ин ҳол васеъ мегарданд ва ҳаво гўё дар он фурў бурда мешавад. Нафаскашӣ сурат мегирад (расми 10, аз чап).

Агар шумо пас аз танаффуси калон ё муддати тўлонӣ ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шудан, ки нафаскашии фаъолро талаб мекунад, рўзи дигари пас аз машқкунӣ дардро дар мушакҳои сина эҳсос менамоед. Ин гўяндаи он аст, ки мушакҳои нафаскашӣ сарбории муайян гирифтаанд.

Пас аз нафаскашӣ мушакҳои байниқабурғавӣ суст гашта, қабурғаҳо поён шуда, диафрагма ба ҳолати пештарааш бармегардад. Дар натиҷаи он фишор дар қафаси сина зиёд гардида, шушҳо фишурда мешаванд ва ҳаво ба берун тела дода мешавад.

Нафас баровардан ин тарз сурат меёбад (расми 10, аз рост). Тавре, ки мебинем он бе иштироки фаъоли мушакҳо ба анҷом мерасад.

Теъдоди нафаскашӣ дар як дақиқа реҷаи нафасиро ташкил медиҳад. Яъне дар одамоне, ки ба машқҳои ҷисмонӣ машғул нестанд, реҷаи нафасгирӣ аз 10-12 нафасгирӣ дар як дақиқа иборат аст. Вале дар одамони машқкунанда, ки ба машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш пайваста машғуланд, он ду маротиба кам 5-6 нафасгирӣ дар як дақиқа аст.

Машқҳои ҷисмонӣ имкониятҳои функсионалии системаҳои нафаскаширо бақувват менамояд; васеъ менмояд; ҳаҷми софкунии шуш, қувваи мушакҳои нафасӣ зиёд мешавад ва ғайра.

Тағйирот дар шароити фаъолияти инсон ба протсессҳои туршшавӣ дар организм таъсир мерасонад. Яъне ҳангоми машғулиятҳо бо машқҳои ҷисмонӣ ё корҳои ҷисмонии вазнин организм ба оксигени бештар эҳтиёҷ дорад.

Афзоиши суръати ҳаракатҳои нафасӣ ё камшавии он ба таври автоматӣ ба амал меояд. Ин аксуламали нафас ба тағйирёбии реҷаи кории системаи нафаскашӣ ба қонеъгардонии талаботи зарурии организм ба оксиген равон гардидааст.

Барои инкишофи сатҳи фаъолиятнокии инсон шароит роли муҳим мебозад, ки дар он машғулиятҳои машқҳои ҷисмонӣ мегузаранд. Яке аз чунин шароитҳо гузаронидани машғулиятҳо дар кўҳҳо мебошад.

Фишори пасти ҳаво, кам будани оксиген дар ҳаво ба камшавии оксиген дар таркиби хуни машқкунандагон оварда мерасонад.

Маҳз барои ҳамин машғулият дар шароити кўҳсор ба мутобиқшавии бисёр узвҳо ба кор ё фаъолият дар ҳолати кам будани оксиген дар хун мусоидат менамояд, дар натиҷа имкониятҳои функсионалӣ

ва фаъолиятнокии организми инсон баланд мегардад. Асосан дар ин ҷараён – фаъолияти сарфакоронаи узвҳо ва системаи организм, азхудкунии беҳтару бештари оксиген, мутобиқгардонии системаи мушакӣ фаъолияткунӣ дар ҳолати камбуди оксиген ба амал меояд.

Бо мурури солҳо ҳаҷм ва сатҳи болои нафаскашии шушҳо меафзоянд. Воситаи муҳимтарини  машғулиятгузаронӣ ва такмили системаи нафаскашӣ фаъолиятнокии мушакӣ мебошад.

Машғулиятҳои пайвастаи машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш сарҳадҳои имкониятҳои функсионалии системаҳои нафаскаширо меафзояд.

ОИЛА ИДИ ВАРЗИШ

Варзишгарон – рафиқони содиқ Мо бо офтобу об дўстем Ҳам тобистон ва зимистон Аз оғози он баромадан хушем Бигзор шавад ҳар оила Иди варзишии худро Оилаи варзишӣ (спортӣ) Мо ба хотири ҷашни Олимпиада мегузаронем.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

Варзиш

ВАРЗИШГАР КИСТ

Агар хоҳӣ, ки баскетбол бозӣ кунӣ, бояд на фақат қоидаҳои техника онро омўзӣ. Баскетболчии хуб бояд …