Главная / Ҷуғрофия / ТАЪСИРИ МУТАҚОБИЛЛИ ТАБИАТ ВА ҶАМЪИЯТ

ТАЪСИРИ МУТАҚОБИЛЛИ ТАБИАТ ВА ҶАМЪИЯТ

Муҳити географӣ. Маҷмӯи табии рӯи Заминро муҳити географй меноманд. Ван қисми зиёди табақаи географиро дар бар мегирад. Дар ҳудуди он организмҳои зинда ва ҷамъияти инсонӣ ҳаёт ба cap мебаранд. Аз ин рӯ, муҳити географй барои инсоният муҳити зист буда, ҳаёт ва фаъолияги хоҷагидории вай ба он вобаста мебошад. Инсон аз муҳити географӣ (ё табиӣ) тамоми воситаҳои барои ҳаётгузаронӣ заруриро истеҳсол менамояд: хӯрокворй, сарулибос, энергия, сӯзишворй, металл, масолеҳи сохтмон ва ғайра. Баробари афзудани талаботи инсон ба ин сарватҳо ҳудудҳои нав ба нав ба кор андохта мешаванд. Аз ҳисоби ин доираи муҳити географӣ васеъ мегардад.

seb

Дар оянда муҳити географӣ тамоми табақаи географиро фаро гирифтанаш мумкин аст. Инсон аз муҳити географӣ бо мақсадҳои гуногун торафт бештар унсурҳои гуногуни табииро азхуд менаояд. Онҳоро сарватҳои табии (замин, об, наботот, ҳайвонот, минералҳо, ҷинсҳои кӯҳӣ ва ғайра) меноманд.

Сарватҳои табий аз ҷиҳати хусусият, пайдоиш ва тарзи истифода ба сарватҳои заминӣ, обй, минералӣ (маъданҳо), биологй ва иқлимӣ ҷудо мешаванд. Истифодабарии онҳо меъёри муайянро талаб менамояд. Бинобар ин сарватҳои табииро ба сарватҳои тамомшававда (канданиҳои фонданок) ва тамомнашаванда (об ва ҷангал) тақсим мекунанд. Инқилоби илмӣ-техникй ва торафт афзудани аҳолии ҷаҳон талаб менамояд, ки сарватҳои табииро оқилона, сарфакорона исгифода барем. Сарватҳои барқароршавандаро мунтазам барқарор ва ҳифз намоем. Агар чунин рафтор накунем, ҷамъияти инсонӣ аз кам шудани сарватҳои табий ва ифлос гардидани муҳити географӣ (муҳити атроф) ба бӯҳрони экологӣ дучор мешавад, ки ҳаёти инсониятро зери хатар мегузорад.

Мувозинати қисмҳон таркибни табиат. Мувозанати табий ин ҳолати ибтидоии қисмхои таркибии табиат, ба ҳам алоқамандӣ ва ба ҳам таъсиррасонии онҳо мебошад, ки дар тӯли миллионҳо сол дар сайёраи мо ба вуҷуд омадааст. Маҳз дар натиҷаи мувозанати табӣӣ дар сатҳи Замин мувозанати гармӣ, таркиби атмосфера, гардиши об (бухоршавӣ – боришот ва ба уқёнус бозғаштани об), гардиши модда (пайдошавии ҷинсҳои кӯҳӣ – бодхӯрдашавӣ – таҳшиншавй дар қаъри уқёнус – ҳосилшавии ҷинсҳои кӯҳй), гардиши биологй сабзиш, нобудшавӣ, пӯсиш, ғизошавй) мунтазам ва ба ҳам пайваста амал мекунанд.

Дар ҳолати тағйир ёфтани мувозанати табиии яке аз ии унсурхои табиати Замин мувозанатик гармӣ тағйир меёбад. Мисол, дар рӯи Замин мувозанати гармй тағйир ёбад (аз ҳад зиёд гарм ва ё аз ҳад зиёд сард шавад) мувозанати унсурҳои боқимондаи табий ҳам тағйир меёбад. Дар натиҷа хаёти организмҳои зинда, аз ҷумла хаёти инсон имконнопазир мешавад. Ин ҳолат ҳангоми тағйир ёфтани мувозанати газҳои таркиби атмосфера низ ба амал меояд. Агар дар таркиби атмосфера миқдори гази карбонат аз хад зиёд шавад, нафасгирӣ душвор мегардад. Ин боиси нобуд гардидани организмҳои зинда мешавад. Ҳамин тавр, доимӣ будани мувозанати табиии унсурҳои табиат шарти асосии инкищофи ҳаёт дар рӯи Замин ва масъалаи муҳими алоқаи мутақобилаи табиат ва ҷамъият мебошад.

Таъсири фаъолняти инсон ба комплекси табиӣ. Комплексҳои табиӣ манбаи сарватҳои табиӣ мебошанд. Ҳангомӣ ба истеҳсолот ҷалб кардани онҳо инсон ба қисмҳои таркибии он (релеф, ҳаво, об, хок, наботот ва ҳайвонот) таъсир мерасоиад. Аз) ин чо таърихи ҷамъиятӣ ин таърихи ба ҳам таъсиррасонии табиат ва инсоният мебошад. Дар ибтидои он аз сабаби содда будани восита (олот)-ҳои меҳнат (омоч, табар, зоғнул, бел, каланд ва ғайра) таъсири инсонн ба комплексҳои табий он қадар ба назар намоён набуд. Баробари инкишофи илму техника воситахои мехнат такмил ёфтанд ва мошину механизмҳои ниҳоят пуриқгидор ба вуҷуд омаданд. Ба воситаи онҳо инсон аз дохили кӯҳ ва қаъри Замин маъдан, ангишт, нефт, газ истеҳсол менамояд,. заминро кишт, роҳ, наҳр ва шаҳрҳоро бино мекунад. Бар асари ҳамаи ин қисмҳои таркибии комплексҳои табиӣ, пеш аз ҳама релеф, ки асоси ҳама гуна фаъолияти истеҳсолии инсон мебошад, тағйир ёфтааст. Хусусан, истеҳсоли сарватхои табий (маъданҳо, ангишт, нефт, газ), кишоварзй ба дигаргуншавии релеф таъсири калон расонданд. Дар натиҷаи истеҳсоли сарватхои табиӣ дар бисёр мавзеъҳо қабати Замин фурӯ рафтааст.

Ба таври кушоду истеҳсол кардани онҳо  бошад, боиси пайдоиши ҳавзаҳои чуқур гардидааст. Ин амал ба он оварда расонд, ки дар майдонҳои васеъ на фақат қабати хок, инчунин наботот ва ҳайвонот нест шуданд низоми обҳои зеризаминӣ тағйир ёфт. Обёрӣ ва кишт кардани замииҳои теппанок ва нишебии доманакӯҳҳо боиси шусташавии, хок ва ба вуҷуд омадани ҷариҳо гардид. Сохтани шаҳрҳои калон, инкишоф ёфгани саноат ва нақлиёте, ки бо сӯзишворӣ кор мекунанд, таъсири инсонро ба иқлим, обу ҳавои маҳал бештар намуд. Чангу ғубор ва масолеҳе, ки дар натиҷаи кори корхонаҳо» саноатӣ ва нақлиёт ба атмосфера дохил мешаванд, ҳаворо ифлос мекунанд. Ифлосии ҳаво нурпошии Офтобро кам мекунад. Дар атмосфера зиёд шудани гази карбонат боиси гарм шудани иқлими кураи Замин мегардад. Баъзан унсурҳои заҳрноки ба атмосфера дохилшуда ҳамчун боронҳои кислотагӣ ба сатҳи Замин баргашта, ба наботот ва ҳайвонот зарар мерасонанд. Партови корхонаҳой саноатӣ ва моддаҳои заҳрноке, ки дар кишоварзӣ истифода мешаванд, хок, обҳои равон ва зеризаминиро ифлос менамоянд. Дар натиҷа дар бисёр ноҳияҳои кураи Замин норасогии оби нӯшокӣ ҳис карда мешавад.

Таъсири инсон ба наботот ва ҳайвонот торафт бештар мегардад. Инсон бавосита ва бевосита сабабгори нест шудани бисёр намудҳои ҳайвонот ва наботот гардидааст. Баъзе намудҳои наботот ва ҳайвонот дар ҳолати нобудшавй мебошанд. Номи онҳо дар Китоби Сурх сабт гардидааст. Ҳамин тавр, нодуруст ва ғайриоқилона истифода бурдани сарватҳои табиии комплексхои табий, ба охир расидан (сарватҳои зеризаминӣ) ва камшавии (намуди наботот ва ҳайвонот) онҳо  масъалаи оқилона истифодабарй, барқароркунӣ ва ҳифзи наботот. ҳайвонот ва замин, табиату сарватҳои табииро ба мисн гузошт.

Муҳофизати муҳити зист. Муҳити зист як қисми Миқёсан хурди мухити географӣ мебошад, ки дар ҳудуди он миқдори муайяни аҳолй фаъолият ва зиндагӣ мекунад. Масоҳати он ба масоҳати ноҳияи табиӣ ва маҳал мувофиқат менамояд. Намуди зоҳирии табиии он (ландшафт) дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории инсон ниҳоят тағйир ёфтааст. Инсон дар ҳудуди он канал, роҳ, обанбор, сарбанд, стансияи электрикии обӣ, деҳаю нахрҳо, киштзор, боғу токзорхо бунёд кардааст, ки он симои табиии (ландшафти) муҳитй зистро тағйир додааст. Онро олимон ландшафти антропогенӣ (симои наве, ки бо дахолати Зевоситаи инсон ба вуҷуд омадааст) меноманд. Қатъи назар аз он тагйиротҳое, ки инсон ба ландшафт дохил намудааст, асоси табии он (алоқамандӣ ва ба ҳам таъсиррасонии қисмҳои аркибни он релео, иқлим, об, хок, наботот ва ҳайвонот) дар қонуниятҳои табиӣ амал мекунанд.

Аз сабаби он ки муҳити нест манбаи мавҷудияти инсон мебошад, вай бояд ҳангоми истифодаи сарватҳои табиии он бар хилофи қонуниятхои табиат амал накунад. Қувва ва қонуниятҳои табиатро барои қонеъ гардондани талаботи худ истифода барад ва мунтазам ба он такя кунад. Аммо инсон на ҳама вақт чунин рафтор мекунад. Ӯ барои ба даст овардани манфиати муваққатӣ аз табиат барзиёд меситонад ва онро лурра ва сарфаю саришгакорона истифода намебарад. Корхонаҳое, ки он сарватҳоро аз нав кор мекунанд, бо партови худ ҳаво, хок ва обро ифлос менамоянд. Аз меъёр зиёд об додани замини кишт боиси баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ гардид. Дар натиҷа як қисми заминҳо ба ботлоқ ва шӯрзамин табдил ёфтанд. Буридани дарахтон ва сӯзондани буттаҳо (барои заминкушоӣ) масоҳат ва миқдори алаф, буттаҳо ва дарахтони сабзро кам намуд. Дар кишоварзӣ беназорат истифода бурдани моддаҳои заҳрноки зидди ҳашарот замин, обҳои зеризаминиро ифлос намуд. Дар қатори ҳашароти зараррасон дигар намудҳои ҳайвонот ва наботот нобуд гардиданд.

Ҳамаи ин фаъолиятҳои номатлуби инсон табиатро хароб намуда, муҳити атрофро барои зисту зиндагонӣ душвор гардонд. Ин боиси ташвишу изтироби аҳолии тамоми чахон гардид. Масъалаи мухофизати мухити зист ба яке аз масъалахои мухи.мтарин ва заруртарини рӯз табдил сфт. Ҳоло дар ҷахон барои хифзи мухити атроф садҳо ташкилотҳои миллӣ ва байналхалқӣ амал мекунанд. Дар ҷумҳурии мо ҳам дар тамоми ноҳияҳо ва вилоятҳо чунин ташкилотҳо барои ҳифзи табиат ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист кор мебаранд. Зарурати ин масъаларо Созмони Милали Муттаҳид ба инобат гирифта, 5 июнро рӯзи муҳофизати муҳити атроф эълон кардааст. Онро ҳар сол дар тамоми ҷаҳон қайд мекунанд.

Савол ва сунориш

  1. Муҳити географӣ чист?
  2. Инсон муҳити географиро чй тавр тағйир медиҳад?
  3. Мувозанати табиӣ чист ва онро чй тавр мефаҳмед?
  4. Инсон ба комплексҳои табиӣ чй гуна таъсир расондааст?
  5. Муҳити зист чист ва онро барои чӣ муҳофизат мекунанд?
  6. Дар хона он чорабиниҳоеро, ки барои муҳофизати муҳити зисти шумо гузаронда шудаанд ва ба ҷо оварда мешаванд, навишта ба муаллим супоред.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zamin

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексҳои табий дар натиҷаи робита ва таъсири мутақобилаи ҷинсҳои кӯҳй, ҳаво, об, …