Главная / Биология / Таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон ба олами растаниҳо

Таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон ба олами растаниҳо

Дар давоми садҳо миллион сол ба олами наботот танҳо таъсири омилҳои табиӣ: рӯшноӣ, ҳарорат, намӣ, таъсири тарафайни (мутақобилаи) набототу ҳайвонот вуҷуд дошту бас. Бо пайдо шудани инсони боақл ва фаъолияти гуногунҷабҳаи он таъсиррасонии ӯ ба табиати атроф қувват гирифт.

Аз замонҳои қадим инҷониб инсон ҳамеша барои қонеъ гардондани талаботу эҳтиёҷи шароити зисташ набототи худрӯю ҳайвонотро истифода мебурд. Қариб 10 ҳазор сол муқаддам одамон ба хонагӣ (ром) кардани ҳайвоноти ёбоӣ ва дастпарвар кунондани растаниҳои фоидаовари худрӯй шурӯъ карданд.

erozia-pochvi_resultҲамин тавр, инсон аз фаъолияти шикорчигию ҷамъоварандагӣ ба кори фаъол — зироатчигию чорводорӣ гузашт. Инсон бо фаъолияти мақсадноки худ тавонист навъҳои гуногуни растаниҳои серҳосили кишоварзӣ, боғҳои мевадиҳанда, ҷангалҳои сунъӣ ва ғайраҳоро ба вуҷуд оварда, маҷмӯи табиии табиатро бо хости манфиатҳои хеш тағйир диҳад. Дар миқёси ниҳоят калон барои сабзиши бисёр намудҳои растаниҳо шароитҳои хуби ҳаётӣ ба вуҷуд оварда шуд. Навъҳои нави растаниҳои бавуҷудовардашуда қобилияти хуби ба шароиҳои номусоид мутобиқшавӣ дошта, нисбат ба таъсири организмҳои касалиангез устуворанд.

Таъсиррасонии инсон ба табиат на ҳамеша хусусияти мусбӣ, балки тарафҳои манфӣ хам дошт, ки ин тамоюл дар айёми мо ҳам давом дорад.

Фаъолияти босуръат ва гуногунҷабҳаи инсон, аз қабили шудгор намудани замини дашту марғзорҳо, решакан кардан ва оташ задани ҷангалҳо (барои кушодани заминҳои нав), поймол кардани чарогоҳҳо ва аз меъёр зиёд чаронидани чорво дар дашту марғзорҳо, буридани дарахтону буттаҳо боиси кам шудани хелҳои гуногуни растанию ҳайвонот, камобшавии чашмаву дарёҳо, нест шудани баъзе намудҳои моҳиён ва камҳосил гардидани замин ва ғайраҳо гардиданд. Дар натиҷаи селу шусташавии хокҳо ҷариҳои гуногуншакл пайдо шуданд. Авҷи гармселу бодҳои сахт, тӯфони “сиёҳ” бештар шуд.

Партовҳои номатлуби саноати коркарди нафт, металлгудозӣ, химия, истеҳсоли коғазу селлюлоза ва инчунин партовҳои нодар- кори рӯзгору хоҷагиҳои шаҳру деҳот боиси ифлос гардидани обҳои ширини (нӯшокии) дарё, кӯлхо, обанборҳо ва ғайраҳо гардиданд. Ин партовҳо ба ҷуз он ки обҳои нӯшокиро корношоям кард, ин- чунин мавҷудоти зиндаи дар он зиндагикунандаро (растанӣ ва ҳай- вонотҳои обиро) заҳролуд карда, баъзеи онҳоро ба дараҷаи нестӣ овард.

Ҳамин тавр, ифлосшавии об, ҳаво ва замин боиси номураттабӣ ва ҳатто баъзан нест гардидани ҷамоаи нобототу ҳайвонот ва мик- роорганизмҳои фоиданоки дар хок зиндагикунанда гардиданд.

Чунин тағйирёбии табиат дар ҳамаи мамлакатҳои дунё мушоҳида карда мешуд. Дар муддати ҳазорсолаи гузашта дар кураи Замин тақрибан аз се ду ҳиссаи тамоми ҷангалзорро буридаанд ё сӯзондаанд, бештар аз 500 миллион гектар замини ҳосилхез ба биёбон табдил ёфтааст. Аллакай дар сайёраамон бисёр хелҳои набототу ҳайвонот бебозгашт аз байн рафтаанд. Бисёр хелҳои онҳо аз ҷиҳати миқдор камшумор гардидаанд. Инсон ҳарчи қадар қонунҳои табиатро амиқтар дарк кунад, ҳамон қадар хавфи тағйироти номатлуби минбаъдаи онро равшантар эхсос менамояд.

Дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон, дар ҳар гуна давру замонҳо (ҳатто замонҳои қадим низ) барои аз нобудшавӣ нигоҳ доштани сарватҳои табиии барои ҳаёти инсон ниҳоят зарур (об, наботот, олами ҳайвонот, замин ва ғайраҳо) қоидаву қонунхои махсусе бароварда мешуданд, ки онҳо истифодаи ин сарватҳоро ба тартибу низом медароварданд. Масалан, дар замони подшоҳии Пётри I ба- рои ҳифзи бешазор ва обанборҳо фармонҳои махсус бароварда
шуда буданд. Шахсонеро ки аз ин фармонҳо саркашӣ мекарданд ба ҷазои сахт ва ҳатто ба бадарғашавӣ маҳкум мекарданд.

Дар айни замон ба ин масъалаҳо дар тамоми дунё диққати ҷиддӣ дода мешавад. Барои ҳалли масъалаҳои экологӣ маблағҳои зиёд масраф шуда, дар миқёси байналхалқӣ қонуну қарорҳои дахлдор кабул карда мешаванд.

Дар ҷумҳуриамон низ оиди дахолати инсон ба табиати атроф диққати махсус дода мешавад. Доир ба ин масъалаҳо қонуну қарорҳои махсус қабул карда шудаанд ва барои амалӣ гардидани онҳо вазорати ҳифзи табиат ва дигар муассисаҳои ҳукуматӣ назорати қатъӣ мебаранд. Дар пажӯҳишгоҳҳои самтҳояшон гуногун ин масъала хаматарафа омӯхта шуда, натиҷаҳои мушаххаси бадастомада дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба чоп мерасанд. Масалан, дар натиҷаи яке аз чунин тадқиқотҳо “Китоби Сурхи Тоҷикистон” тартиб дода шуда, дастраси аҳли умум гашт.

  1. Инсон ба табиат чӣ гуна таъсир мерасонад?
  2. Фаъолияти мусбии инсон ба табиат дар чӣ зоҳир мешавад?
  3. Оқибатҳои носозгори фаъолияти инсонро нисбати табиат маънидод кунед.
  4. Барои ҳифзи табиат чӣ гуна чорабиниҳо гузаронида мешаванд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …