Главная / Гуногун / ТАШНОБ РАФТАН ВА ТАҲОРАТИ ХУРД

ТАШНОБ РАФТАН ВА ТАҲОРАТИ ХУРД

Пеш аз даромадан ба ташноб қисмати поёнии шалворро барзадан зарур аст. Рост истода қазои ҳоҷат кардан мумкин нест.

Дар ташноб хурдан, нушидан ва сухан гуфтан мумкин нест. Ба ташноб бо пои чап медароянду бо пои рост мебароянд. Тартиби худро пок кардан (истинҷо) баъди қазои ҳоҷат: узвҳо таносул бо дасти чап шуста мешавад. Об аз обдаст (ҷуммаки об) бо дасти рост дода мешавад. Ҳангоми набудани об коғаз ва чизҳои дигарро истифода бурдан мумкин аст.

Иҷро намудани ин қоидаҳо хусусан барои мусулмононе, ки намоз гузарониданӣ хаанд, муҳим аст.

ТАҲОРАТИ ХУРД (ШУСТУШУ) – ВУЗУ

Вузу аз шустани руй, дастҳо то оринҷ, пойхо то шитолан масҳ, кашидани чаҳоряк қисмати сар бо об иборат аст.

Тартиби вузу гирифтан:

Ҳар имконият бошад руй ба суи Каъба оварад.

Бо худ гуфтан: «Ният кардам таҳорат (вузу) созам, аъузу би-л-Лоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим, бисми-л-Лоҳи-р-Раҳ- мони-р-Раҳим>>. (Дар матн минбаъд Таъвиз-Басмала).

Сипас хар ду дасташро то банди даст се бор бишуяд. Дар байни аншонаш набояд ҷое хушк боқӣ бимонад. Ҳар дар даст ангуштарӣ бошад, онро чархонида пасу пеш кунад.

Се бор бо дасти рост ба дахон об гирифта, се бор ғарғара кунад ва берун андозад. Дандонхоро бо мисвок, ё бо чутка, ё бо ангуштони калону ишоратӣ тоза намояд.

Се бор бо дасти рост ба бини об кашида бо дасти чап онро афшонад.

Як бор оби тоза ба дасти рост гирифта чахоряк ҳиссаи сарро масҳ, кашад.

Як бор бо лелаи ангуштони хурд қисми дарунии гушро тоза кунад ва бо ангуштони калон пушти ҳар ду гушро молиш диҳад.

Як бор бо пушти ангуштони ҳар ду даст гарданро масҳ кашад.

Аз ангушти хурд сар карда се бор пои рост ва баъди он пои чапро то шитоланг бишуяд.

Ба дасти рост обро гирифтан ва онро рост истода нушидан суннат аст.

Баъди вузу «калимаи шаходат» гуфтан ва се маротиба сураи <<ал-Қадр»-ро хондан мукофоти чандинкарата дорад.

Фарзҳои таҳорати хурд – вузу:

  • – Як бор шустани руй.
  • – Як бор шустани дастҳо то оринҷ.
  • – Чаҳоряки ҳиссаи сарро бо оби тоза масҳ кашидан.
  • – Як бор шустани пойҳо то шитоланг.

Суннатҳои таҳорати хурд – вузу:

  • – Нияти анҷом додани вузу.
  • – Аз талаффуз кардани «Аъузу би-л-Лоҳи минашшайто- ни-р-раҷим. бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» оғоз кардан.
  • – Нахуст панҷаи дастонро шустан.
  • – Дандонхоро бо мисвок ё бо чутка тоза намудан, ё онҳоро бо ангуштони калону ишоратӣ молиш додан.
  • – Ончунон шустан, ки ҷое хушк боқӣ намонад.
  • – Кафи дастонро молида шустан.
  • – Се бор ба даҳон об гирифта, ғарғара кардан ва берун андохтан.
  • – Дар ҳолати рузадор набудан дахонро пур аз об кардан.
  • – Се бор бо дасти рост ба бинӣ об кашидан ва бо дасти чап афшонидан; дар ҳолати рузадор набудан обро бештар кашидан.
  • – Тартиби паиҳам шустани узвҳои баданро риоя намудан.
  • – Ҳар узви баданро се бор шустан.
  • – Шустани панҷаи дастон ва пойҳоро аз нуги ангуштон оғоз намудан.
  • – Фосилаи байни ангуштонро шустан.
  • – Бо ангуштони тар ришро хилол кардан.
  • –  Бо панҷаҳои тар молидани гушҳо.
  • – Агар дар даст ангуштарӣ бошад, онро чархонидан.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …