Главная / Гуногун / Ташкил намудани иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ

Ташкил намудани иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ

Кӯшиши аввалини забти ҷумҳуриятҳои бурҳо ва Трансваал дар соли 1877 ба вуқӯъ пайваста аст. Баъди ҷанги Англия ва Зулусҳо соли 1879 бурҳо шуриш бардошта, муқовимати гарнизонҳои начандон калони англисҳоро зуд шикаста, соли 1880 аз нав барқарор кардани истиқлолияти давлати худро эълон карданд. Мувофиқи созишномаҳои солҳои 1881 ва 1884 Англия истиқлолияти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубиро дар амал эътироф кард, лекин баъди ин ҳам мисли пештара фаъолияти хориҷии мамлакатҳои бурҳо зери назорати англисҳо мондан гирифт.

Магнатҳои молиявии англисҳо дар ҶАҶ истеҳсоли тиллоро инҳисорӣ карданд ва беш аз пеш ба дастгирии сиёсии ҳукумати Британия ноил мешуданд.

izdevatelstvo-anglichan-plemya-batu

Имперализми Германия робитаи худро бо бурҳо торафт мустаҳкамтар мекард. Ин ҳолат империалистони англисро ба ташвиш овард. Барои ҳамин охири моҳи декабри соли 1895 Иборат аз 800 нафар дастаи мусаллаҳи зархаридони ширкати англиси сарҳади Трансваалро гузашта, ба даруни мамлакат даромаданд. Англисҳо умед доштанд, ки шаҳри Иоҳаннесбург ва шаҳрҳои дигари ҶАҶ-ро забт мекунанд. Мебоист ба онҳо дар ин кор муҳоҷирони англис уитлендерҳо ёрӣ мерасоннданд. Вале уитлендерҳо барои ба англисҳо ёрӣ расонидаи ҷуръат накарданд. Бурҳо дастаи англисҳои ба ёрӣ омадаро зуд торумор карданд.

Императори Германия Вилгелми I аз вазъи қулайи баамаломада истифода бурда, ба президент ҶАҶ Крюгер барқияи табрикӣ фиристода, ишора кард, ки Германия бурҳоро дар муборизаашон бар зидди Англия дастгирӣ хоҳад кард. Вале ин ваъдаи императори Германия дурӯғ баромад. Империалистони англис бошанд, ҳамоно барои барҳам додани истиқлолияти бурҳо мубориза мебурданд.

Соли 1899 Англия бо Фаронса оиди доираи нуфуз дар Африка ва бо Германия дар бораи мусолиматомез тақсим кардани мустамликаҳои Португалия созишнома ба имзо расонд. Англия баъди ин ба наздикии сарҳади бурҳо неруҳои Ҳарбии иловагӣ фиристод. Ба ин кирдори Англия президенти ҶАҶ Крюгер эътироз баён кард, вале он фоида набахшид, чунки ба Англия ҷанги зидди бурҳо лозим буд. Инро бурҳо дарк карда, худашон бар зидди нерӯҳои дар назди сарҳадбудаи англисҳо аввалин шуда ба ҷанг даромаданд. Моҳи октябри соли 1899 бурҳо ба қаламрави мулкҳои Англия ҳуҷум карда, дар Натал, Бечуаналенд ва Кап ғалаба ба даст оварданд. Баъди тайёрии ҷиддӣ англисҳо ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, то тобистони соли 1900 марказҳои асосии мамлакати бурҳоро истило карданд. Сарфи назар аз ин ҷанг боз қариб ду соли дигар давом кард. Бурҳо оқибат шикаст хӯрда, маҷбур шуданд, ки муқобилиятро бар зидди Англия бас кунанд.

Солҳои 1906-1907 Англия ба ду мустамликаи худ Норинҷӣ ва Трансваал ҳуқуқи худидоракунӣ дод. Соли 1910 ҳамаи мустамликаҳои англисии Ҷануби Африка дар Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ муттаҳид карда шуданд. Британияи Кабир ба ИАҶ ҳуқуқи доминионро дод.

Дар Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ англисҳо ва бурҳо ҳуқуқи шаҳрвандӣ гирифтанд. Африкавиҳо, ки аз чор се ҳиссаи аҳолии муқимии онро ташкил мекарданд, аз хуқукҳои шаҳрвандӣ маҳрум буданд ва аз тарафи англисҳою бурҳо бераҳмона истисмор карда мешуданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …