Главная / Без рубрики / ТАСДИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА

ТАСДИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тасдиқ карда шавад. (замима мегардад).

pillaparvari

2) Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли зотҳои нав ва серҳосили тухми кирмак, бо таври саноати парвариш намудани он ва беҳтар намудани заминаи моддию техникии соҳаи кирмакпарварӣ ҷиҳати ҷалб намудани сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешад.

3) Ба Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки масъалаи ба Корхонаи воҳиди давлатии “Пилла”-и Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани қарзҳои дарозмуддати имтиёзнокро, ки дар барномаи мазкур пешбинӣ карда шудаанд, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ намуда, ёрии амалӣ расонанд.

4) Вазоратҳои энергетика ва саноат, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академиям илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки барои бунёди майдонҳои тутзор қитъаҳои замин ҷудо намуда, масъаларо таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 августи соли 2011 № 409

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …