Главная / Гуногун / Тартиби пешниҳоди электронии ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирӣ

Тартиби пешниҳоди электронии ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирӣ

Тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо “Оид ба иҷрои дасту- ру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон” аз 28 октябри соли 2017 модули нави хизматрасонии электронӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ таҳия гардида, дар барномаи нави Системаи иттилоотии андоз “Идоракунии бақайдгирии давлатӣ” ҷойгир карда шудааст ва аз 1 январи соли 2018 мавриди истифода қарор дорад.

Аандозсупо- рандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Сатторзода гуфт, тибқи модули нави зикргардида, ан- дозсупорандагон аз 1 январи соли 2018 сар карда имконият пайдо намуданд, ки ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва филиалу намояндагиҳои шах- сони ҳуқуқии хориҷӣ бо тар- тиби электронӣ ба шуъба ва бахшҳои бақайдгирии давлатии маҳалли фаъолияти худ бемонеа пешниҳод намоянд.
Мавсуф зикр намуд, ки ба- рои истифода кардани тартиби мазкур андозсупорандагонро зарур аст, ки худро дар портали электронии Кумитаи андоз ба сифати истифодабарандаи бар- номаи мазкур ба қайд гиранд. Бо ин мақсад, онҳо ба сомонаи расмии Кумитаи андоз бо суроғаи электронии www@andoz.tj ворид гардида, қисмати “Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ”-ро интихоб менамоянд. Дар равзанаи кушодашуда нуқтаи ишорашударо интихоб намуда, ворид мешаванд ва маълумо- ти шиносномавии худро дохил карда, баъдан, бо илова кардани нусхаи шиноснома ва акси худ ирсол менамоянд.
Дар сурати дуруст будани маълумоти тариқи электронӣ пешниҳодшуда, маълумот аз та- рафи Кумитаи андоз тасдиқ ва бо тариқи СМС-хабар ба телефони мобилии андозсупоранда рамзи махфӣ равон карда мешавад ва андозсупоранда дар портали электронии Кумитаи андоз ба таври доимӣ ба қайд гирифта ме- шавад. Рамзи махфии додашуда доимӣ буда, барои ворид гарди- дан ба портали электронии Ку- митаи андоз истифода мегардад.
Бо мақсади пешгирӣ наму- дани ҳолатҳои истифодаи рамзи махфии зикршуда аз ҷониби шахсони дигар дар барномаи мазкур, инчунин, истифодаи рамзи муваққатӣ пешбинӣ гар- дидааст, ки чунин рамз низ бо тартиби СМС – паёмак, барои ҳар як маротибаи истифода кардани барнома ва ворид гардидан ба утоқи шахсии андозсупоранда аз ҷониби Кумитаи андоз ба теле- фони мобилии истифодабаранда ирсол мешавад.
Андозсупорандагон бо ис- тифода аз рамзҳои мазкур ва во- рид намудани Рақами мушаххаси андозсупоранда ба утоқи шахсии худ ворид гардида, дар қисмати “Бақайдгирии давлатӣ” гузарони- дани амали бақайдгирии бароя- шон заруриро интихоб мекунанд. Яъне, агар тибқи патент фаъолият карданӣ бошанд, патентро, агар тибқи шаҳодатнома ба фаъоли- ят машғул гардиданӣ бошанд, шаҳодатномаро ва ё агар шахси ҳуқуқӣ таъсис доданӣ бошанд, шахси ҳуқуқиро интихоб мена- моянд.
Баъди интихоб намудани яке аз шаклҳои бақайдгирии давлатӣ ба андозсупорандагон шакли аризаи тасдиқшуда дар равзана кушода мешавад. Ан- дозсупорандагонро зарур аст, ки ҳамаи қисматҳои аризаро пур на- муда, дар қисми забонхат ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандаро нусхабардорӣ (сканер) ва нус- хаи онҳоро ба барнома ворид намоянд ва маҳалли фаъолия- ти соҳибкории худро интихоб карда, ҳуҷҷатҳо ва аризаро ба Бахши бақайдгирии давлатии маҳалли фаъолияти худ ирсол намоянд. Бояд қайд намуд, ки номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба- рои гузаронидани ҳар як ама- ли бақайдгирии давлатӣ дар алоҳидагӣ дар барнома нишон дода шудааст. Баъд аз равон намудани ҳуҷҷатҳо, аз барнома ба андозсупорандагон ба тав- ри автоматикӣ оид ба номгӯйи ҳуҷҷатҳои ирсолнамудаашон дар шакли хаттӣ забонхат дода мешавад, ки метавонанд онро нашр (чоп) карда гиранд.
Ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ан- дозсупорандагон дар шакли электронӣ ҳамарӯза аз ҷониби Бахши бақайдгирии давла- тии маҳалли фаъолияти онҳо, маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ баррасӣ мешавад. Дар сурати дуруст ва пурра пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо, аз тарафи Бахши бақайдгирии давлатӣ ба телефони мобилии андозсупо- рандагон СМС-паёмак ирсол гардида, хабар дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи онҳо дуруст мебошад ва ба- рои бақайдгирии давлатӣ субъ- екти хоҷагидор қабул шуда, муроҷиаткунанда метавонад пас аз 2 рӯзи корӣ барои гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъо- лияти соҳибкории худ ба Бахши бақайдгирии давлатии дахлдор ҳозир шавад.
Барои гирифтани ҳуҷҷати соҳибкории худ аризадиҳандаро зарур аст, ки шиноснома ва нус- хаи аслии ҳуҷҷатҳои ба таври электронӣ ирсолнамудаи худро ба бахши бақайдгирии маҳалли фаъолияти худ пешниҳод на- муда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ба си- фати соҳибкори инфиродӣ (шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкорӣ)-ро дастрас намоянд.
Бояд қайд намуд, ки номгӯйи маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурии барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шах- сони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” муқарраргардида, дар сомонаи расмии Кумитаи андоз www@andoz.tj дар қисмати бақайдгирии давлатӣ ҷойгир кар- да шудааст.
А.Сатторзода қайд намуд, ки бо мақсади истифодаи тартиби мазкур ва ба андозсупоранда- гону шаҳрвандон фаҳмонидани мазмуну моҳияти тартиби мазкур аз ҷониби Раёсати бақайдгирии андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ин давра аз тартиби нави ҷоригардида, 15635 ҳазор шаҳрванд ва андозсупоранда истифодаи намуда, бо тартиби электронӣ (онлайн) ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон ва андозсупорандагон хоҳиш кар- да мешавад, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ дар шакли электронӣ аҳамият диҳанд ва ҳуҷҷатҳоро дар шакли дуруст омода ва пешниҳод намоянд.
А. Сатторзода илова намуд, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар партави роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гириф- тааст, ки барои ба таври васеъ истифода гардидани тартиби нави ҷоришуда, онро боз ҳам такмил диҳад.
Аз андозсупорандагон ва шаҳрвандон даъват ба амал овар- да мешавад, ки тартиби электро- нии пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии давлатӣ хуб риоя намоянд, зеро он бевосита ба- рои сарфаи вақт ва маблағҳои онҳо таҳия ва ҷорӣ гардидааст. Истифодаи дурусти тартиби маз- кур ба шаҳрвандон ва сокинони ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкории худ ва ё таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ҳамагӣ як маротиба, он ҳам барои гириф- тани шаҳодатномаи аслии фаъо- лияти соҳибкорӣ, ҳозир шаванд.
Дар ҳолатҳои пайдо шудани саволҳо ё таклифу пешниҳодҳо оид ба тарзи истифода карда- ни тартиби мазкур ва боз ҳам такмил додани он шаҳрвандон метавонанд ба Бахши иттилоотии Кумитаи андоз бо рақами сода- кардашудаи телефонии “151” ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
М. ҶУМЪА

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …