Главная / Маданият ва санъат / Тарҷеҳ додани Ҳазрати Алӣ (раз) охиратро бар дунё ва фаро гирифтани панҷ калимаро аз Расулуллоҳ (с)

Тарҷеҳ додани Ҳазрати Алӣ (раз) охиратро бар дунё ва фаро гирифтани панҷ калимаро аз Расулуллоҳ (с)

Ҳазрати Алӣ (раз) мефармояд: Расулуллоҳ (с) ба ман гуфт:

  • Ба ту панҷ ҳазор гӯсфанд бидиҳам ва ё ин ки ончунон панҷ калимае ёд бидиҳам, ки дину дунёи ту хуб бишавад?

Арз намудам:

  • Е Расулаллоҳ, (с), панҷ ҳазор гӯсфанд бисёр зиёд аст аммо ба ман ҳамон панҷ калимаро биёмӯзон.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Инҳоро бигӯ:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-ғфир ли занбӣ. Ва вассиъ лӣ хулқӣ. Ва тайиб ли касабӣ. Ва қанниънӣ бимо разақтанӣ. Ва ло тазҳаб қалбӣ ило шайъин сарафтаҳу аннӣ.

Тарҷума: Эй бор Илоҳо, гуноҳонамро мағфират фармо ва ахлоқамро васеъ бифармо ва даромадамро ҳалол бифармо ва ҳар он ризқе, ки ба ман иноят фармудаӣ, маро бар он қаноат ато бифармо ва ҳар он чизеро, ки аз ман гирифтаӣ, талабашро дар вуҷудам боқӣ нагузор.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …