Главная / Ҷамъият / Таърихи Парчами Тоҷикистон

Таърихи Парчами Тоҷикистон

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эронзамин пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар шарқии қадимаи Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадиматрин ливо дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Парчами Тоҷикистон - байрак
Сурати парчам – байрақ

Дарвоқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷамъият, маслан ба қабила, қӯшун, равияҳои динӣ ва ғайра ифода мекард.

Ливо дар шаклҳои мухталиф зоҳир мешуданд: мағзи сари пешвои тавоно, ки дар чуби дароз насб шудааст, чӯбе, ки дар он пӯсти ҳайвони ваҳшӣ насб шудааст, хода бо шахаҳои гуногуне, ки дар он ашёи гуногун овеза шудааст, тӯмор, тасвири «худо»-ҳо, рӯҳҳо ва ғайра.

Ҳанӯз дар гузашта рушди рамзҳои ливо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвиятёбии корҳои ҷангӣ мусоидат менамуданд. Ливо чун қоида, дар муборизаҳо маркази лашкар ва ё макони ҷойгиршавии пешвои ҷангро ифода мекард. Ба даст даровардани ливои душман одатан рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст медод, зеро аз даст рафтани ливо ифодагари он буд, ки пешво мурдааст ва ё ӯ асир гирифта шудааст. Ҳамчунин, ливо нақши даркнамоиро иҷро мекард: ҳангоми ҷанг аз рӯйи он ҷанговарон ё муттаҳид мешуданд ва ё ақибнишинӣ мекарданд. Ба даст овардани ливо чун одат маънои ғалаба бар болои рақибро дошт. Ҷиҳати мазкур, яъне тақдирсоз будани ливо бо мурури замон онро ба як унсури муқаддасе табдил дод, ки эҳтиром ва эҳтиёташ хислати ҳатмӣ дорад.

Бо мурури замон ливо тағйир ёфта, шакли ягона ва муқарраршударо ба худ гирифт. Ба он акнун тасма ва ё пораи латтаро насб мекарданд. Илова шудани матоъ ба ин рамзи қадима ҷиҳати дигареро хусусияти ҳатмӣ бахшид: акнун он бояд ҳатман дар ҳаво алвонҷ мехӯрд ва ин хусусиятро танҳо матоъ метавонист дошта бошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аввалин ливои матоӣ (то ин вақт пӯстӣ, пашминадор, филизӣ ва ғайра истифода мешуданд) дар Чин ба вуҷуд омаданд. Ба эҳтимоли ғолиб ин ба он вобаста буд, ки Чин маркази истеҳсоли масолеҳи абрешимие ба шумор мерафт, ки ба тамоми ҷаҳон содирот мешуд. Ҳамин тавр, дастрасии давлатҳо ба ин ашёи хом ва фарҳанги бойи хитойӣ идеяи ташаккули ливоро ба қуллаи ниҳоӣ оварда расонид.

Ливо акнун матоеро ташкил медод, ки ба чӯб насб шуда, бо рамзҳо ва аломатҳои гуногун ороиш меёфт. Матоъро ё аз тасмаҳои рангаи мухталиф омода мекарданд ва ё онро ранг мекарданд. Ҳар як ливо ба рамзе табдил меёфт, ки назири худро надошт ва дар худ иттилоъи муайянро ифода мекард.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ дар ҷое ливо дар шакли чарминаи муқаррарӣ (Дирафши Ковиён) ва дар ҷои дигар дар шакли чарминае, ки дар он сурати говазн акс ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), зикр мешавад. Мутаасифона оид ба он ки дирафш чӣ гуна ранг, таркиб ва андоза дошт, дар «Шоҳнома» маълумот дода нашудааст.

Дар Аврупо чунин ливоҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд намудҳо ҷудо шуданд: давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ ва ғайра.

Ливои давлатӣ барои ҳама умумӣ маҳсуб ёфта, аз рамзи ҳокимияти давлатӣ иборат буд. Баъзан дар он маълумот оид ба роҳбари давлат низ дарҷ карда мешуд.

Ливои ҳарбӣ бошад, хос барои ҳар як воҳиди ҳарбӣ буда, дар он рамз ва номи ҷузъу том инъикос меёфт. Зарурат ба чунин ливо дар ҳолате ба вуҷуд меомаданд, ки сарҳади давлатӣ ва ё майдонии ҳарб васеъ мешуд. Муфид будани истифодаи ливо низ ба он вобаста буд, ки ҳангоми муҳориба сарлашкар метавонист дар куҷо қарор доштан ва ба кадом самт ҳаракат кардани ҷузъу томро назора намояд. Аз тарафи дигар, васеъшавии сарҳади давлатӣ талаботро барои ташкили қушуни сершумор ва доимӣ ба вуҷуд оварда буд, ки ҳимояи сарҳадӣ давлатӣ бе он имконнопазир мегардид. Аз ин рӯ, барои муносибии идораи қушуни бешумор дар баробари гузоштани номи махсус, зарурат барои додани рамзи муайн низ ба миён омад, ки яке аз он рамзҳо ливо маҳсуб меёфт.

Ливои динӣ дар маросимҳо ва ҳам дар корҳои ҳарбӣ истифода мешуд. Мисоли ин дар юришҳои салибӣ зоҳир мешавад. Ритсарҳо баҳри забти Байтулмуқаддас таҳти ливои калисои католикӣ ва ливои давлатҳо ва князигариҳо ҳамла оварданд.

Бояд зикр намуд, ки амалиёти ҳарбӣ байни давлатҳо на танҳо дар хушкӣ, балки дар баҳрҳо низ рушд карданд ва воситаи асосии ҳаракати қӯшунҳои баҳрӣ қаиқҳои бодбондор ба ҳисоб мерафтанд. Истифодабарии ливо, ки он барои дар даст гирифтан пешбинӣ мешуд, акнун дар дохили ин қаиқҳо номувофиқ ба шумор мерафт. Илова бар ин, дар натиҷаи ҷунбиш ва ё ҳаркати зиёди дастони сарбозон ливо дар тӯли ду – се ҳафта корношоям шуда, зарурати сохтани ливои нав ба вуҷуд меомад. Ҳолати мазкур кӯшиши истифодаи ливоро дар тарзи нисбатан мувофиқ ба миён овард. Ин кӯшишҳо бошанд, аввалин маротиба дар таърих фаҳми парчамро ба вуҷуд оварданд.

Парчам асосан аз ҷониби флотҳои баҳрӣ барои аз масофи дур дидани киштиҳо сохта шуда, дар нуктаи аз ҳама баланди сутуни киштӣ насб мешуд ва андозаи хеле калон дошт. Метавон гуфт, ки парчам фарзанд ва ё тавлидшудаи ливо аст.

Парчам вобаста ба он ки чӣ «хизмат»-ро адо мекунад, метавонист андозаи куллан гуногун дошта бошад. Яъне он акнун андозаи васеъ дошта, дар нуктаи баланд насб карда мешуд. Бар замми ин, ҷуз вазифаи даркнамоӣ ва ҷудокунӣ, парчам акун барои ифодаи мавқеи сиёсӣ, варзишӣ ва шахсӣ истифода мешуд.

Дар парчам метавонад ҳадафҳои инқилобӣ (соли 1789 дар Фаронса), созандагӣ ва рушд (досу болға дар парчами давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сохторию идеологӣ (калимаи шаҳодат дар парчамҳои давлатҳои исломӣ) истифода шавад. Ба ҷуз ҳамчун рамзи давлатӣ, динӣ ва ҳарбӣ истифода шуданаш, истифодаи парчам ба сифати рамзи миллӣ, тиҷоратӣ (фирмавӣ), чун рамзи ифодакунандаи муносибат ба ин ё он ташкилот: маҳалгароӣ, гурӯҳи варзишӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва инчунин ба сифати рамзи муборизаи халқҳо барои истиқлолияти миллӣ маъмул гардид.

Парчам дар ҳаёти имрӯза

Дар замони мо нишон ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилотҳо табдил ёфтааст. Ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотӣ бе истифодаи ин унсури дастрас, ибтидоӣ ва дар айни замон маълумотдиҳанда сурат намегирад.

Беш аз ҳама, парчамҳо ба сифати ҷузъи зебоӣ истифода шуда, кучаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо бо рангҳои парчам оро дода мешаванд. Ҳамчун ифодаи қурбонии роҳи ватан сарбозони фавтида бо парчам дафн карда мешаванд.

Парчамҳо дар шаклҳо ва навъҳои гуногун зоҳир мешаванд:

Вобаста ба махсусиятҳои вазифавиашон онҳо ба парчамҳои кучагӣ (хиёбонӣ), парчами ҳуҷравӣ, парчами рӯйимизӣ, парчамҳои ороишӣ (парчамҳое, ки барои ороиш истифода мешаванд), парчамҳои дастӣ (барои чорабиниҳои оммавӣ) Вобаста ба мансубияти сохториашон бошанд, парчамҳо ба чунин навъҳо : парчами давлатӣ (умумӣ), парчами вазоратҳо ва муассисаҳо, парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ, парчами ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ, парчами фирмавӣ (парчам бо логотипи ширкат) ҷудо карда мешаванд.

Парчами Тоҷикистон

14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо қарори Президиуми кумитаи марказии иҷроияи он аз 23 феврали соли 1924 парчами давлатӣ қабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи он нишони давлатӣ бо навиштаҷоти «Пролетариатҳои ҳамаи давлатҳо як шавед» акс ёфта буд.

16 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИҶШС шомил карда шуда. Моҳи апрели ҳамон сол парчам дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули парчам аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он ҳафт маротиба таҳрир ворид карда шуд аз соли 1953 бе таҳрир то соли 1991 арзи вуҷуд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2 марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекситон дар бинои созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Тоҷикистон бардошта шуд.

То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт . Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмуни беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх – озодӣ, сафед – оромӣ, сабз – ободии давлат ва миллатро бозгӯ мекард.

Ҳамин тавр, комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н ва Сайдалиев М пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар Иҷлосия “Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаи 169 ва170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Ба ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ, бори аввал парчами ин кишвар ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «ИСТИҚЛОЛИЯТ» дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқкунадагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигар Иттифоқ дар фарқият қарор медод. Парчами нав бошад, акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё дар тафовут мебахшид.

Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омад. Мутаасифона ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дурурдароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онҳо ба ояндаи созанда дучанд эҳё шуд.

Моҳи сентябри соли 2011 бо муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландатарин парчам дар ҷаҳон (165 м) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳии давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тӯли таърих ба даст овардаанд.

Дар таърихи тоҷикон «Дирафши Ковиён» мақоми махсус дорад. Дирафши Ковиён» дар рафти шӯриши ирониён, ки бар зидди Заҳҳок нигаронида шуда буд, тавлид шудааст. Шӯришро Коваи Оҳангар сардорӣ намуда, таҳти дирафше, ки онро аз миёнбанди чарминаи худ сохта буд, идора менамуд. Таҳти ин парчам Фаридун ҳамчун меросбари қонунии шоҳони Пешдодӣ ба тахт оварда шуд, то зулмро барканор ва адолатро пойдор кунад. Зери ин мақсад Кова тавонист Фаридунро барои соҳиб шудан ба тахт раҳнамоӣ созад. Фаридун чун ба тахт нишаст, «Дирафши Ковиён»-ро муқаддас шуморид ва онро бо тилло оро дод. Илова бар ин, дар чор кунҷи он акси ситораро гузошт. Чор ситораи дурахшон ливои мазкурро номи дигар бахшид ва он «Ахтари Кавиён» номгузорӣ шуд. «Дирафши Ковиён» чун анъана ва рамзи асосии давлатдорӣ ба наслҳои минбаъадаи шоҳони эронӣ интиқол ёфта, то замони Сосониён (224 – 651 ) аҳамияти худро ҳифз намуд.

Бояд зикр намуд, ки «Дирафши Кавиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, ки рамзи абадӣ, бардавомии таърихии давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ – арҷгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузуштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кӯшишҳои ҳар як фарди ҷомеа тавъам мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …